15:51:24 03-уми Июни 2025 сол

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ АБӮАЛӢ СИНО ДАР СОЛИ 2011 ЭЪЛОН ШУДАНД

Дирӯз, 18-уми ноябри 2011, дар чамъомади тантанавие, ки ба муносибати 60-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гардид, барандагони ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Сино дар соли 2011 эълон гардиданд.

/images/stories/2011/11/19_akademiya_19112011.jpgЭмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ дар ҳамин ҷамъомад ҷоизаҳоро ба барандагони онҳо тақдим намуд. Ҳамин тариқ ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илмҳои физикаю математика, кимиё, геология ва техника ба доктори илмҳои геологиву минералогия Далер Почоҷонов барои силсилаи корҳои Геохимияи таҳшинҳои аридӣ тақдим гардид.

Дар бахши биология ин ҷоиза барои силсилаи корҳои «Асосҳои физиологии растанипарварии солонаи сареъ дар заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон» насиби доктори илми биология Хуршед Каримов ва дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ барои силсилаи таҳқиқот дар бораи таърихи фалсафаи тоҷик ба академик Мӯсо Диноршоев тақдим карда шуд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854