ҲАФТАНОМАИ "НИГОҲ" ПАНҶСОЛА ШУД
14.12.2011 13:33
1497
14-уми декабр нашрияи «Нигоҳ», аз ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон, панҷсола шуд. Дар ин робита имрӯз бо ширкати аҳли заҳмати рӯзнома, журналистон ва хонандагон ҳамоише барпо мегардад.
ГИРОМИДОШТИ 150 СОЛАГИИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ДАР КӮЛОБ
13.12.2011 21:05
1601
Имрӯзҳо арҷгузорӣ аз 150 солагии шоири шаҳири Кӯлобӣ, ки бо амри тақдир маркази илм ва фарҳанги тоҷикон Бухороро ҷойи иқомат қарор дода буд, идома дорад. Рӯзи душанбе ҷамъомади бошукӯҳ бо мушорикати раиси ҳукумати шаҳр ва дигар ашхоси расмӣ ...
ТАШХИС МАНСУБИЯТИ ҶАСАДРО БА МУҲОҶИРИ ТОҶИК НИШОН ДОД
13.12.2011 14:38
1125
Ташхиси генетикии ҷасади сарбурида ва сӯхтае, маълум кардааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Қаблан низ тахмин мерафт, ин ҷасад, ки моҳи гузашта дар канори як рустои вилояти Ленингради Русия кашф шуд, ба шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Б. Расулов тааллуқ дорад.
«МУАЛЛИМИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН» МУАЙЯН ШУД
12.12.2011 22:57
1426
Вероника Коробкина, омўзгори фанни забони англисии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Душанбе барандаи озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» гардид.
ПУТИН: НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНИИ РУСИЯ БОТИЛ НАМЕШАВАД
12.12.2011 15:29
1325
Дар пайи дастури Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия барои расидагӣ ба шикоятҳои марбут ба тахаллуф дар интихоботи ахири порлумонии ин кишвар, сухангӯйи Владимир Путин, нахуствазир, гуфтааст, ки мизони тахаллуфоти воқеъӣ бисёр ночиз будааст ва ин интихобот ботил нахоҳад шуд.
ЭШОНИ НУРИДДИН: "МО ШИАГАРО НЕСТЕМ, ШИАҲОРО БАРОДАР МЕДОНЕМ"
11.12.2011 18:54
1883
Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба эшони Нуриддин, ба баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо баёнияе посух дода ва аз ҳаводорону бародаронаш хостааст, ки ба дасиса дода нашаванд. Вай гуфтааст, баёнияи Шӯрои уламо, ки хонаводаи ...
РУЪЯТИ ГИРИФТАГИИ МОҲ ДАР ДУШАНБЕ
11.12.2011 11:55
1467
Шаби шанбеи 10 декабр иддаи зиёде аз сокинони Душанбе манзараи гирифти моҳро, ки дар осмони ин шаҳр қобили руъят буд, диданд. Гирифти моҳ, ки дар илми нуҷум дар порсӣ ба он хусуф мегӯянд, дар ҳаволии соъати 19 ба вақти Душанбе рух дод. Он аз самти шимоли шарқии фазои Душанбе қобили ....
ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ПАРВАРИШИ ШУТУРМУРҒРО БА РОҲ МЕМОНАНД
10.12.2011 17:06
1117
Субҳи имрӯз дар Вазорати кишоварзӣ вохӯрии Сафири фақулодда ва мухтори Ҷумхурии Исломии Эрон Алӣ Асғари Шеърдӯст бо вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов баргузор гардид, ки зимни он вазир оид ба ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни кишоварзии байни ду кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла қай кард, ки байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ....
МАКОНИ БАРГУЗОРИИ ГИРДИҲАМОӢ МУШАХХАС ШУД
09.12.2011 09:42
1094
Гирдиҳамоӣ зери шиори «Барои интихоботи одилона» рӯзи 10 декабр дар Маскав дар майдони Болотная баргузор мешавад. Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат Борис Немтсов ва Владимир Рижков ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора ахиран бо шаҳрдории Маскав созиш ҳосил шуд.
МЕДВЕДЕВ: ДУМАИ ДАВЛАТӢ БОЯД БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КУНАД
09.12.2011 09:41
1065
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, мутмаин аст, ки бо вуҷуди эътирозҳо ва шикваҳо аз тақаллуб дар интихобот ҳайати нави Думаи давлатӣ бояд ба фаъолият шурӯъ кунад.
ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ТИРАНДОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ВИРҶИНИЯ
09.12.2011 09:40
1034
Бар асари тирандозӣ дар донишгоҳи техникии Вирҷиния, воқеъ дар шарқи Амрико, ду нафар, аз ҷумла, як корманди полис ба ҳалокат расиданд. Фарди ношинос дар истгоҳи мошинҳои донишгоҳ тирандозӣ кард. Ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад. Маъмурияти донишгоҳ аз донишҷӯён хостааст, ки биноро тарк накунанд.
ОБАМА: МАН БО ДУШМАНОН МУСОЛИҲА НАКАРДААМ
09.12.2011 09:39
1012
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, иттиҳоми сиёсатмадорони Ҳизби ҷумҳурихоҳро дар бораи он ки ӯ гӯё аз сиёсати cозишу мусолиҳа бо душманон кор гирифтааст, рад кард.
БОЗДОШТИ ЯК ТЕРРОРИСТИ ЭҲТИМОЛӢ ДАР ОЛМОН
09.12.2011 09:39
1095
Додситонии федеролии Олмон гуфт, ниҳоди алайҳи терроризми полиси кишвар фардеро боздошт кард, ки дар таҳияи ҳамла бо супориши “Ал-Қоида” гумонбар мешавад.
“МАҲБУСОНИ ЗИНДОНИ ҚУРҒОНТЕППА ГУРУСНАНИШИНӢ НАКАРДААНД”
08.12.2011 11:34
882
Бархе аз расонаҳои хабарӣ аз эътисоби ғазои иддае аз маҳбусони танҳо зиндони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъе пахш кардаанд. Расонаҳо бо истинод ба бархе аз маҳбусони ин зиндон навиштаанд, ки сабаби аслии ин эътироз эъмоли шиканҷа алайҳи маҳбусон ва мавориди фасод дар ин зиндон будааст.
РОҲАНДОЗИИ САФОРАТИ МАҶОЗИИ ИМА БАРОИ ЭРОН
07.12.2011 15:15
996
Рӯзи сешанбе вазорати умури хориҷии Амрико сафоратхонаи маҷозӣ барои Эронро роҳандозӣ кард. Ин вебсайт бо забонҳои форсӣ ва англисӣ аст ва барои анҷоми корҳои эрониён роҳандозӣ шудааст.