КАШФИ 90 КИЛОГРАММ МАВОДДИ МУХАДДИР ДАР ШӮРООБОД
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони ин ниҳод як сокини ноҳияи назди марзии Шӯроободро бо 90 килограмм маводди мухаддир боздошт кардаанд.
Бар асоси хабари дафтари матбуъотии ин вазорат, пулиси бахши Кӯлоб, Рамазон Назаров, сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлонро дар чарогоҳи деҳаи Зулмободи ноҳияи Шӯрообод боздошт кардаанд, ки бо худ 6 кисаи плостик доштааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, рӯзи душабеи 21 ноябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки дар киссаҳои плостик 90 килограмм ва 700 гром маводди мухаддири навъи бангдона будааст.
Оқои Асадуллоев гуфт: "Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст Рамазон Назаров ҳоло барои қочоқи маводди мухаддир муттаҳам шуда ва пулис машғули пайдо кардани ҳамдастони дигари вай ҳастанд."
Ба гуфаи сухангӯйи вазорати умури дохила, дар соли ҷорӣ, ниҳоди онҳо ҳудуди 2 тунн маводди мухаддирро аз қочоқчиён мусодира карда ва теъдоде аз қочоқчиёнро боздошт кардааст. Масъулони вазорат мегӯянд, ки ин миқдор 50 дарсади маводди мухаддири мусодирашуда дар Тоҷикистонро ташкил медодааст.
Дар ҳоле, ки бисёре аз коршиносон даст доштани иддае аз кормандони пулис дар қочоқи маводди мухаддирро баъид намедонанд, аммо масъулони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ кормандони ин ниҳод барои қочоқи маводди мухаддир боздошт нашудаанд.
Би-Би-Си