15:20:09 03-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН ВА ИМА: МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО ҚОЧОҚИ МАВОДИ ЯДРОӢ

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Нақшаи кории муштараки байни Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ»-ро имзо карданд.

/images/stories/2011/11/19_gross-zarifi_19112011_1.jpgИн созишнома паймони ду Ҳукуматро барои ҳамкорӣ ҷихати афзоиши имконияти Тоҷикистон дар пешгирӣ, вокуниш ва посухи самаранок ба қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ изҳор менамояд. Президент Обама ва бисёре аз роҳбарони чаҳонӣ бо он розианд, ки таҳдиди аз ҷониби террористон харидори шудани маводҳои ядроӣ ва радиоктивӣ фавритарин ва шадидтарин таҳдид ба амният аст, ки имрӯз ҷахон бо он рӯ ба рӯ омадааст.

Бо имзои созишномаи мазкур, Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории худро дар мубориза бо ин таҳдид тақвият мебахшанд.

Тоҷикистон он иқдомҳоеро, ки ба таври мустақил метавонад иҷро намояд ба амал мерасонад ва ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо дарёфти манбаҳои маблағгузорӣ аз дохили Ҳукумати Амрико ва ё худ ҷомеаи байналмилал барои иқдомхое, ки ба кӯмак ниёз доранд, кӯмак мекунад.   

Тоҷикистон ҳаштумин мамлакате мебошад, ки Барномаи Ҳукумати ИМА оид ба пешгирии қочоқи маводи ядроӣ бо он чунин созишнома имзо намудааст, омадааст дар гузориши матбуотии  сафорати ИМА барои хабарнигорон. 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854