10:40:49 31-уми Июли 2025 сол

РАИСИ ИРНА БА ЯК СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Алӣ Акбар Ҷавонфикр, раиси хабаргузории расмии ИРНА ва мушовири раисиҷумҳури Эрон оид ба равобит бо матбуот ба як соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар нашри маводи мухолиф бо меъёрҳои исломӣ айбдор кард.

/images/stories/2011/11/21_ali-akbar-javonfikr_2111201.jpgҶавонфикр дар як матлаб навишт, ки чодарпӯшии занон хоси мусалмонҳои Эрон нест ва аз хориҷ ворид шудааст. Ба Алӣ Акбар Ҷавонфикр ҳамчунин тайи се сол ба хабарнигорӣ машғул шуданро манъ кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон, мурофиаи додгоҳии раиси ИРНА як бахши муборизаи сиёсӣ миёни раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва мухолифони бештар муҳофизакори ӯст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ