16:09:07 03-уми Июни 2025 сол

ТАРКИШ ДАР АМУЗАНГ. ОҒОЗИ МУҲОСИРАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН?

Мақомоти Узбакистон таркишро дар роҳи оҳани миёни Тирмиз ва Қӯрғонтеппа “амали террористӣ” унвон карданд. Бар асари инфиҷор касе кушта ё захмӣ нашуда, вале роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг тахриб ва ғайри қобили истифода шудааст.

/images/stories/2011/11/20_rohi-ohan_20112011.jpgБино ба хабари рӯзномаи давлатии "Правда Востока", ки 19-уми ноябр чоп шудааст, инфиҷор дар шаби 16 ба 17-уми ноябр ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин хабар гуфта мешавад: “Бо мақсади муайян кардани сабаб ва шароити ин ҷиноят кумиссюни давлатӣ таъсис ёфт. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.”

Дар ин байн дафтари матбуоти Хадамоти роҳи оҳани Русия рӯзи 17-уми ноябр эълон кард, ки фурӯши билетро ба қаторҳое самти қитъаи Ғалаба-Амузанги роҳи оҳани Узбакистон муваққатан қатъ мекунад. Таври маълум, танҳо қаторҳои Тоҷикистон ё қаторҳое, ки равонаи Тоҷикистонанд, аз ин қитъаи роҳи оҳани Узбакистон убур мекунанд.

Дар солҳои 2009-2010 Узбакистон барои роҳ надодани вагонҳои Тоҷикистон, ки масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро итиқол медоданд, эълон карда буд, ки қитъаи Ғалаба-Амузанги роҳи оҳанаш бар асари боронҳои сел тахриб шудаву ниёз ба тармим дорад. Бо ин баҳона ва моҳҳо тӯл кашидани “тармим” зиёда аз 3000 вагони Тоҷикистон наздик ба як сол дар қаламрави Узбакистон дармонда буданд. Мақомоти Тошканд дар ибтидо мегуфтанд, қатъи ҳаракати вагонҳо дар ин масири кӯтоҳ ҳадафи сиёсӣ надорад, аммо дертар ба Душанбе пешниҳод карданд, ки метавонад, танҳо вагонҳои ғайр аз моли марбут ба Роғунро аз тариқи он интиқол диҳад.

Эҳтимол меравад, таркиш дар роҳи оҳани Узбакистон дубора ба муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон сабаб гардад. Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳан дар ин рӯзҳои барояшон сангин дар Русия ба маротиб душвор ва ҳатто номумкин хоҳад шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854