ЛИБИЯ МЕХОҲАД, САЙФ-УЛ-ИСЛОМ ДАР ДОХИЛ МУҲОКИМА ШАВАД
Шӯрои миллии гузори Либия мегӯяд, мехоҳад, Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофиро дар дохил муҳокима кунад, на дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага.
Муҳаммад ал-Алоқӣ, вазири адлияи Либия дар ин бора як рӯз баъд аз боздошти Сайф-ул-Ислом дар як гӯшаи биёбонии ин кишвар сухан гуфт. Ин писари Муаммар Қаззофиро, Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мекунад.
Луис Морено Окампо, додситони аршади додгоҳ гуфт, рӯзи душанбе ба Либия меравад, то бо мақомоти ин кишвар масъалаи муҳокимаи одилонаи Сайф –ул-Исломро баррасӣ кунад.