САЙИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА: ЯКМАЗҲАБӢ ОМИЛИ АСОСИИ МУТТАҲИДДИИ МАРДУМАСТ
-Маълумоте ҳаст, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва вилояти Суғд пайравони ақидаи салафия озодона фаъолият мебаранд. Гӯиё аз ин Кумитаи дин ва Шӯрои Уламо хабар доранд, аммо изҳори ташвиш накардаанд. Инро метавонед шарҳ бидиҳед?
-Бисмиллоҳ, алҳамду лиллоҳ вас салоту вас салому ъало расулиллоҳ. Дар ҳақиқат вақте мо огоҳ шудем, ки имоми масҷиде дар ноҳия Фархор фаъолияти ғайриҳанафӣ дорад, албатта ҳам аз тарафи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба дин пешгирӣ карданд. Он имоме, ки гумонбар мешуд ва гуфтанд, ки бо тарзи ибодаташ аз ҳанафимазҳабон фарқ мекард ӯ аз вазифа озод карда шуд.
Ин ҷо кори дигаре аст. Баъзе аз шахсоне, ки дар дигар равияҳо ҳастанд, сабаби низоъу нифоқ дар масҷид намешаванд, оромона дар пинҳонӣ ибодати худро мекунанд, яъне дар ҷомеа ва дар намози ҷамоат халале ворид намекунанд, ҳич кас аз кирдору рафтори онҳо огоҳ нест, мо наметавонем дар дохили хона дахолат кунем.
Ҳар имоме, ки мухолифи мазҳаби ҳанафӣ дар масҷид рафторе кунад ё ибодате кунад он ҳатмӣ пеши роҳаш гирифта мешавад. Ба хотире, ки тамоми масҷидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи оинномаашон тамоми намуди амалу ибодат мувофиқи мазҳаби имоми Аъзам аст. Ман медонам, ки дар масҷиде дар ноҳияи Фархор имоме хилофи мазҳаб амал мекард, вай аз вазифааш сабукдӯш шуд ва ҳоло он масҷид орому тибқи мазҳаби имоми Аъзам амал дорад, ҳеч дигар халал ё ташвише онҷо вуҷуд надорад.
Шумо ҳамчун як шаҳрванди кишвар, ҳамчун як хайрхоҳи ватан, чун медонед, ки ҷое дар ҳақиқат далелҳои қонуншиканӣ вуҷуд доранд, масъулонро огоҳ кунед, Маркази исломии Тоҷикистон пеши роҳи онҳоро мегирад.
- Мегӯянд, ки Сардори шӯъбаи фатвои Маркази Исломии Тоҷикистон китобе бо номи “99 саволу ҷавоб” бо усули ақоиди салафия навиштааст, баъди ошкор шудани сабки ақидатии он китобро аз рафҳои китобфурӯшӣ бардоштанд. Метавонед шарҳ бидиҳед, ки чаро на Шӯрои уламо ва на Кумитаи дин ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор надоданд? Ва ё ин, ки агар ҳам дар ин маврид садое баланд карда бошанд ҳам, баёнияи расмӣ ва ё вокуниши такондиҳанда набудааст?
- Албатта ин масъала баррасӣ шуд, тамоми китобҳои паҳншуда, дар савдо буда ғундошта шуд. Ман ҳам он замон огоҳ набудам. Дар Шӯрои илмии донишкадаи исломӣ он китобро баррасӣ намуданд ва барои чоп пешниҳод карданд. Ман огоҳ набудам, ки чунин китобе чоп мешавад. Боре ба ман ҳам муроҷиат карданд, гуфтам ман ҳоло фурсате надорам, сафарҳои хориҷӣ будам, ман гуфтам сабр кунед, ман биоям аз аввал то ба охир мутолиа мекунам. Агар мухолифи мазҳаб, мухолифи ақидаи имоми Аъзам набошад, мо барои ташхис ба Кумитаи оид ба корҳои дин пешниҳод менамоем.
Мутаассифона дар набудани ман, дақиқан вақти дар Туркия будани ман, муддати даҳ рӯз тақрибан, ин китоб аз Шӯрои илмии Донишкадаи исломӣ иҷозат гирифтанд ва ба Кумитаи оид ба корҳои дин пешниҳод намуданд ва он ҷо барои чоп иҷозат доданд. Муаллиф ҷазои худро гирифт ва мақомоти ваколатдор ба ӯ шадидан огоҳӣ ва ҷазо дод. Ӯ бе ҷазо намондааст, мо аз ин огоҳ ҳастем. Муаллиф аз худи Маркази исломӣ ҳам барои баъзе масъалаҳое, ки хилофи мазҳабанд, масъалаи ихтилофӣ аст, барои ҷой карданаш дар китобаш узр хост.
- Дар саҳифаҳои рӯзномаи “ИмрӯзNews” китоби раиси Кумитаи дин низ мавриди нақд қарор гирифт. Дар ин китоб коршиносҳо ҷойҳои хилоф ба ақидаи ҳанафиро дарҷ карданд. Шӯрои уламо омодааст дар ин маврид низ шарҳи худро бидиҳад?
-Ман бисёр мехостам, ки ба худи муаллиф, яъне раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мешуд. Агар дар сурате, дар ҳақиқат ин китоб мухолиф ба мазҳаби имоми Аъзам бошад, Маркази исломӣ фикру андешаҳои худро оид ба ин китоб албатта дар рӯзҳои наздик пешниҳод менамояд ва ҳар амале ё кирдоре агар мухолиф ба мазҳаб бошад, фикру ақидаҳои худро пешниҳод менамояд.
-Чаро иштибоҳоти фаровони ин китоб, ки боиси ихтилофҳо дар оянда мегардад, Шӯрои уламоро ба ташвиш наовард, дар радди он баёнияшро нашр накард, аммо бо сӯҳбате дар мавриди Ошӯро фаврӣ тасмиме гирифт, ки авзоъро дар ҷомеа ноором кард?
- Такрор мекунам, ки ман чизе аз он китоб мутолиа нанамудаам, ки боиси ихтилоф ва низоъ дар ҷомеа шавад. Он китоб дар бораи ақида ҳам нест, ки кадом ихтилофе дар ҷомеа шавад. Ва китоб дар бораи фиқҳи исломӣ нест, ки дар байни мардум низоъу тафриқаангезӣ шавад. Аммо Ошӯро, Ошӯро ин ошкору равшан бо микрофони баланд аз масҷиде, ки низомномааш тибқи равиши мазҳаби имоми Аъзам бояд бошад, яъне хиёнаткор ба Муовия, ки Муовия котиби ваҳй, саҳобаи Паёмбар(с) ва ҳамнишин ва ҳамсабақи Паёмбар(с), ки инро ҳамаи олами ислом эътироф мекунад ва котиби Қуръон, яъне ки нависандаи Қуръон ҳаст, ки ҳама онро эътироф мекунад. Яъне ҳамчун хиёнаткор ва ҳамчун боз намедонам якчанд калимаи дигар, бо микрофони масҷиде, ки дар он тибқи низомномааш, бояд тибқи мазҳаби имоми Аъзам амал шавад, садо дод.
Агар чунин садоҳо, чунин савту садоҳо ва чунин лаънатгӯйиҳо ба Язиду ба дигару дигар бошад, мо аз лаънат гуфтани ба Язид ранҷе намебарем, ҳеч зараре намебинем, аммо хуб андеша кунем, хуб фикр кунем, чӣ манфиате меорад барои Тоҷикистони мо, ҷойи лаънатгӯӣ аз таърихи гузашта, мо бояд коре кунем, ки мардумро муттаҳид бисозем. Мо бояд коре кунем, ки мардум дар як мазҳаб муттаҳид бошанд ва гузашта аз ин зиёда аз 5000 масҷиди дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад, дар ҳич куҷое чунин ҷашнҳо гирифта намешавад, магар дар як масҷид.
Хуб, Маркази исломии Тоҷикистон мехост, ки тамоми мардуми Тоҷикистон дар як мазҳаб, як ваҳдати мазҳабӣ бошад, ваҳдати миллӣ бошад, ки ваҳдати миллии мо аз ваҳдати мазҳабии мо сарчашма мегирад. Ваҳдати мазҳабии мо аз ваҳдати милливу оромии мо сарчашма мегирад. Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ҳаминро мехоҳад. Ба ҳеч шахсияте ғаразе надорад ва мехоҳад ақидаи мардум орому осудаву беолоиш бошад ва мардум беозору беолоиш бошанд ва мардум муттаҳиду бародару ухуввату дӯстӣ бошад, на бо монанди бисёри кишварҳое, ки мушоҳида кардем.
Хусусан дар ҳамин Ошӯрое, ки ҷашн гирифта шуд, дар он масҷид, дар дигар давлатҳои гирду атрофи наздику дури мо зиёда аз 250 нафар кушта ва таркишҳо шуд. Аз барои Худо чаро бихоҳем, ки дар мо чунин нооромиҳо, ё ангезаҳо, чунин бадбахтиҳо ва чунин тафриқаангезиҳо шавад? Асрҳо боз мардуми мо пайрави як мазҳаб буд. Ин якмазҳабӣ омили асосии муттаҳидди мардуми мо шуд. Ва албатта тамоми мардуми Тоҷикистон, тамоми аҳли илми Тоҷикистон ва тамоми шахсони хайрхоҳи Тоҷикистон мехоҳанд, ки ҳама дар ваҳдати мазҳабӣ, ваҳдати миллӣ ва дар оромии Тоҷикистон шарик бошанд ва саҳме дошта бошанд ва зиндагии осудаи диниву дунёии хубе дошта бошанд.
- Миёни мардум чунин андешае низ матраҳ аст, ки дар Донишкадаи исломӣ, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ дар Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он нафароне ҳастанд, ки пешбари ақидаи салафӣ мебошанд. Рӯзҳои наздик чанд коршинос низ ҳамин чизро таъкид карданд, ва аз ҷумла гуфтанд, ки худи муфтӣ-раиси Маркази исломии Тоҷикистон низ хатмкардаи мактаби салафист?
- Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз он, ки ба он мактаб биравад, ба Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод биравад, дар назди қиблагоҳи худ (махдуми Абдуқодири Абдураҳим) ва қабл аз рафтан Қуръонро ҳифз намуд ва қабл аз ҳифз намудани Қуръон китобҳои фиқҳии мазҳабӣ, Мухтасарулвиқоя, Шарҳулвиқоя, Ҳидоя мутолеа дошт ва ақидааш хуб мустаҳкам буд.
Ва шумо хуб медонед, аксарияти аҳли уламои Тоҷикистон хуб медонанд, ки падари мо яке аз рӯҳониён ва олими барҷастае буд, ки дар ҳамон низоъҳои солҳои 87 шурӯъ шудагӣ то 90-у 91 яке аз муборизон ва мудофиони мазҳаб буд. Ва ҳатто ман дар ёд дорам, ки соли 90, он замоне, ки Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода қозии мусалмонон шуд, ба идораи қозии мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд ва барои баъзе корҳо ва хизматҳояш миннатдорӣ намуд ва ҳамзамон ҳамон лаҳза тақрибан 22 сол қабл падари ман дар он ҷо шадидан танқид карда буд, ки хизматҳои шуморо мо ҳама ба назар мегирем, бисёр аҳсан мегӯем, аммо шумо шамшерро ба дасти мухолифони мазҳаб додаед.
Ин сухане ҳаст, ки ман шоҳид дорам ва агар падарам гузаштааст, Худо раҳматаш кунад, аммо он шоҳидони зинда ҳастанд, ки ин калимаро ва ин ҷумларо шоҳидӣ медиҳанд то ба ҳол. Ва ман назди қиблагоҳам таълим гирифта будам, аз мазҳаб огоҳ будам ва инсоне, ки огоҳ аст, дуруст баъзе нафароне ҳаст, ки бо каллаи холӣ рафта пур карда меоянд ақидаи дигаронро. Аммо алҳамду Лиллоҳ, ман ҳофизи Қуръон будам ва дар таровиҳ хатм мегузаштам. Қуръонро ҳифз ва аз фиқҳи ҳанафиву ақидаи ҳанафӣ огоҳу ба пуррагӣ маълумоти пурра доштам. Пас ба ҳамин хотир, дуруст баъзеҳое ҳастанд, ки таъсирашон гузошт, аммо алҳамду Лиллоҳ мо рафтему баргаштем, аммо ҳеч тағйироте ба мо наёмад.
-Атрофи озод кардани домулло Маъруф Раҳимов аз мақоми сархатиби масҷиди марказӣ овозаҳои ҳархела ҳаст. Аз ҷумла мегӯянд, ки барканории ӯ аз ин вазифа пойфишорӣ бар мавқеъи ҳанафии ӯ будааст? Метавонед сабабҳои аслии барканории вайро аз ин мақом баён кунед?
-Ин ба маслиҳати худи домулло Маъруф шуд, домулло Маъруф хостанд, ки масҷиди алоҳида, минбари алоҳида дошта бошанд ва инро ошкору равшан ҳам гуфт, ки бояд, ки раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон як минбари хосе ба худаш дошта бошад, ҳар рӯзи ҷумъа ҳар ҷо наравад ва дар як ҷо хутба кунад.
-Дар бораи дӯконҳои китобфурӯшӣ низ шикояте шунида мешавад, ки гӯиё Шӯрои уламо бо истифодаи номи Президент аз ҳар соҳибдӯкон 1200-1500 сомонӣ гирифта барои ҳама як чек медиҳад. Яъне воқеан ҳам чунин аст ё хайр?
-Дар мавриди дӯконҳои китобфурӯшӣ, ки беш аз даҳ дӯконро дар назди Маркази исломӣ ташкил медиҳанд, бояд гуфт, ки тамоми афроде, ки дар он дӯконҳо кор мекунанд, тибқи шартнома бо Маркази исломӣ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд ва Маркази исломӣ низ қисман маоши кормандони худро аз ҳисоби иҷорапулии ҳамон дӯконҳо пардохт мекунад.
Дар бораи он, ки гӯё касе аз номи президент ё кадом вазиру раиси дигар баромад мекунад, хабари беасос аст...
- Оё медонед, ки дар баъзе деҳоти Тоҷикистон, аз ҷумла баъзе қишлоқҳои ноҳияи Панҷакент ёдкарди Ошӯро бо шакли дигар аз қадим то ҳол вуҷуд дорад?
- Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он ба урфу одоти мардум, ки дар доираи хона сурат мегиранд, коре надорад. Маркази исломӣ бо масҷидҳое, ки тибқи мазҳаби ҳанафӣ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, сару кор дорад...
- Оё тамоми масоҷиди кишвар тобеи Маркази исломӣ мебошанд?
- Маркази исломии Тоҷикистон фаъолияти тамоми масҷидҳое, ки тибқи низомнома ва оинномаашон масҷиди ҳанафӣ сабти ном шудаанд, назорат мебарад
- Фикр намекунед, ки чунин бархурд, яъне пахши баёния алайҳи Тӯраҷонзодаҳо метавонад исмоилиҳоро, ки шохаи дигари шиъа ҳастанд, норозӣ ва нигарон кунад?
-Мо бо исмоилиҳо ҳеч бархурде надорем. Маркази исмоилия дар паҳлӯи мо фаъолият мекунад ва исмоилиҳо тарзу усули ибодоти худро доранд, вале ҳеч гоҳ мо бо онҳо кор нагирифтаем ва таъкид мекунам, агар бародарон Тураҷонзодаҳо масҷидашон бар тибқи мазҳаби ҳанафӣ не, балки ба кадом мазҳаби дигар чи шиаҳои исмоилӣ бошанд ва ё чӣ шиаҳои дувоздаҳимомӣ ва ё зайдия агар сабти ном кунанд, Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он ҳеч коре ба онҳо намегиранд...
Бознашр аз рӯзномаи "ИмрӯзNews"-
22.03.2026 15:27
344
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
472
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
288
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:45
1133
«Абумуслими Хуросонӣ бузургтарин қаҳрамонии миллии тоҷикон!”
-
26.09.2025 12:42
923
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1234
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
15.03.2026 21:05
156
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
868
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
886
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
601
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1269
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2210
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
29.03.2026 14:35
346
Маълумотнома оиди парвандаҳои ҷиноятии дар суд баррасӣ ва қарори ниҳоӣ қабулгашта
-
15.03.2026 21:06
172
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
180
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
19.03.2026 23:09
438
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
19.03.2026 23:06
445
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
424
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 16:56
770
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1109
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1052
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2183
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2255
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3265
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
403
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1778
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1898
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
885
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1066
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1055
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
195
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1271
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1603
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4271
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4499
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4805
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?











































Шарҳҳо
RSS Обуна