ҶАҲОНИ ИСЛОМ МАДЮНИ ДУХТАРОНИ ПОКДОМАН ВА НАКӮКОР АСТ
Аллома Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, ки дорои садҳо китобу мақолаҳои илмӣ ва наздик ба ҳазор барномаҳои махсуси исломӣ, ки тариқи радио ва телевизионҳои кишварҳои арабӣ пахш шудаанд, мебошад, баъд аз суол ва пурсишҳои зиёди мардум ба хулосае омадааст, ки фатвоҳои худро ба шакли навишторӣ дар чанд ҷилде пешкаши ҳаводорон ва ташналабони маъорифи исломӣ кунад. Қарзовӣ ин дидгоҳҳои худро дар шакли китобе бо номи “Алфатаво-л-муъосира” чоп кардааст. Ин маҷмӯъа бо қалами дуктур Аҳмад Неъматӣ ба забони форсӣ бо номи “Дидгоҳҳои фиқҳии муъосир”тарҷима шудааст. Вобаста ба пурсишҳо ва талабот аҳли эҷоди сомона тасмим гирифтааст, ки ба гунаи гулчин баъзе аз пурсишу посухҳоеро, ки мардум ба он ниёз доранд, аз ин маҷмӯъа пешкаши муштариёни худ гардонад.
ВУҶУДИ ЗАН ШАРР АСТ?
Суол: дар Наҳҷулбалоға аз Амиралмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб (р) омадааст , ки: «Тамоми вуҷуди зан шарр аст ва бадтарин шарри омехта бо вуҷуди ӯ инаст, ки аз ӯ гурезе нест». Тафсири ҷаноби олӣ дар ин м авзӯъ чист? Оё чунин гуфторе мавзеъгирии исломро дар бораи зан нишон медиҳад? Лутфан дар ин бора назароти худро баён фармоед. Ҷавоб: ин ҷо ду ҳақиқат вуҷуд дорад, ки лозим аст шафоф ва равшан ба баёни он ду бипардозем.
Аввал ин ки фақат гуфтори Худованди мутаъол ва Паёмбар (с) аст, ки раъй ва назари исломро дар ин қазияи муҳим нишон медиҳад ва ҳар сухане сивои ин гоҳе мақбул ва гоҳе мардуд мебошад, ба ин маъно, ки фақат Қуръони карим ва Суннати Саҳеҳи Набавӣ ду манбаи маъсум ва орӣ аз хато ҳастанд, ва ҳар халал ва иштибоҳе аз бардошти нодуруст аз он ду манбаъ ё яке аз онҳо ношӣ мегардад.
Дуввум ин ки назди муҳаққиқон ва пажуҳишгарон машҳур аст, ки баъзе аз матолибе дар Наҳҷулбалоға, ки ба ҳазрати Алӣ(р) нисбат дода шудааст, саҳеҳ нест ва онон дар ин иртибот далоил ва бароҳинеро арза доштаанд. Шакке нест, ки дар Наҳҷулбалоға хутбаҳо ва гуфторҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо як ноқид, балки як хонандаи боҳӯш дармеёбад, ки он хутбаҳо ва гуфтаҳо намоёнгари замони имом ё афкори Имом ё услуб ва равиши Имом ба ҳеч ваҷҳ нестанд. Бинобарин, наметавон ба тамоми он чӣ дар «Наҳҷулбалоға» баён шудааст, истинод намуд ба эътибори ин ки сухан ва каломи Имом Алӣ (р) мебошад.
Ба илова, дар улуми исломӣ ин тавр муқаррар шудааст, ки нисбат додани гуфтаҳо ба гӯяндаи онҳо таҳаққуқ намеёбад магар бо санади муттасили саҳеҳ, ки холӣ аз шузуз ва иллат бошад. Кош медонистам, ки санади муттасили ба Имом Алӣ куҷост, ки бар асоси он битавонем ҳукм ба сиҳҳати он гуфтор намоем?! Ҳатто агар ин гуфтор бо санади муттасили саҳеҳ, ва аз ровиёни одил низ нақл шуда бошад пазируфта нахоҳад буд, ба далели ин ки мухолиф бо қавоиди куллии ислом ва нусуси собити он аст ва мухолифат бо қавоид ва нусуси собити ислом худ ба унвони як иллати қоде ҳ (як айб таъинкунанда) талаққӣ мешавад ва дар ин сурат рад кардан ва напазируфтани чунин қавл ва сухане ҳар чанд санадаш монанди рӯзи равшан тобон бошад, воҷиб ва зарурӣ аст.
Чигуна мумкин аст, ки Алӣ ибни Абитолиб ин суханро гуфта бошад, дар ҳоле ки эшон китоби Худоро мехонад, ки дар он бар мусовоти зану мард ва дар асли офариниш ва дар анҷоми таколиф ва воҷибот ва дар подош ва кайфар таъкид шудааст: «Эй мардум, аз Парвардгоратон, ки шуморо аз нафси воҳиде офарид ва ҷуфташро низ аз ӯ офарид ва аз он ду мардон ва занони бисёре пароканда кард, парво доред» (Нисо, ояи 1).
«Мардон ва занони мусалмон ва мардон ва занони боимон ва мардону занони ибодатпеша ва мардону занони ростгӯ ва мардону занони шикебо ва мардону занони фурӯтан ва мардону занони садақадиҳанда ва мардону занони рӯзадор ва мардону занони покдоман ва мардону заноне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд, Худо барои ҳамаи онон омурзиш ва подоши бузурге фароҳам сохтааст» (Аҳзоб, ояи 35).
«Пас Парвардгорашон дуъои ононро иҷобат кард (ва фармуд) ман амали ҳеҷ соҳибамале аз шуморо аз мард ё зан, ки ҳама аз якдигаред, табоҳ намекунам» (Оли Имрон, ояи 195).
«ОНОН БАРОИ ШУМО ЛИБОСАНД…»
Ҳамчунин Қуръон дар бораи занон мегӯяд: «Онон барои шумо либосанд ва шумо низ барои онон либос ҳастед» (Бақара, ояи 187).
Низ мефармояд: «Ва аз нишонаҳои ӯ ин ки аз навъи худатон ҳамсароне барои шумо офарид то бадонҳо ором гиред ва миёнатон дӯстӣ ва раҳмат ниҳод, оре дар ин неъмат барои мардуме, ки меандешанд, қатъан нишонаҳое аст» (Рум, ояи 21).
Низ Паёмбари Акрам (с) мефармояд: «Занон ҳамтои мардонанд» ва боз мефармояд: «Дунё коло аст ва беҳтарин матоъ зани накӯкор аст» ( Муслим ва Ибни Моҷа онро овардаанд).
Низ мефармояд: «Се чиз омили саодати бани одам аст: 1. Зани накӯкор 2. Хонаи васеъ ва накӯ 3. Ва маркаби муносиб» (Аҳмад бо санади саҳеҳ ривоят кардааст).
Ҳамчунин мефармояд: «Ҳар касе, ки Худованд ба ӯ зани накӯкоре ато фармояд, ӯро дар ниме аз динаш ёрӣ фармуда аст ва бояд ҷиҳати ҳифз дар нимаи дигар тақвои Худоро дошта бошад» (Ривоят аз Табаронӣ ва Ҳоким ва гуфтаанд, ки ҳадис саҳеҳулиснод аст).
Ва низ мефармояд: «Чаҳор чизе ҳастанд, ки ба ҳар касе дода шаванд хайри дунё ва охират насиби ӯ хоҳад шуд», ки яке аз он чаҳор чиз чунонки мефармояд: «Зани накӯкоре аст, ки ба ҷону моли шавҳараш хиёнат намекунад» (Табаронӣ дар китоби Алкабир ва Алавсат ин ҳадисро ривоят намуда, ки санади яке аз он ду дараҷаи (хуб)-ро дорад, ҳамон тавре, ки дар “Аррағиб” баён шудааст).
Ва боз Ҳазрат нисбат ба худ мегӯяд: «Ман дар дунёи шумо се чизро дӯст дорам: зан, бӯи хуш ва равшании чашми ман дар намоз қарор дода шудааст».
Ҳол, чигуна мумкин аст Алӣ (р) бо ин ҳама ойот ва аҳодис ва монанди инҳо мухолифат кунад ва ба таври мутлақ бигӯяд: «Тамомии вуҷуди зан шарр аст?!».
Мо метавонем аз Алӣ бипурсем (албатта агар ин гуфтаи эшон бошад), ки оё назари шумо дар бораи ҳамсаратон, модари ду набераи Паёмбар (с) Ҳасан ва Ҳусейн, сарварони ҷавон аҳли биҳишт, сарвар ва сайидаи занони ҷаҳон, яъне Фотимаи Заҳро чист? Оё имом Алӣ мепазирад ва ё мусалмонон аз ӯ мепазиранд, ки бигӯяд: «Тамомии вуҷуди зан шарр аст»?!
Фитрат ва сиришти зан, мухолиф бо фитрат ва сарнавишти мард нест, ҳар дуи онон истеъдоди пазириши хайру шарр, ҳидоят ва гумороҳиро ба таври яксон доро ҳастанд, ҳамон тавре, ки Худованди мутаъол мефармояд: «Сипас палидкорӣ ва парҳезкориашро ба он илҳом кард, кӣ ҳар касе онро пок гардонид қатъан растагор аст ва ҳар, ки олудааш сохт қатъан дар бохт» (Шамс, ояҳои 7-10).
Чӣ тавр метавон тасаввур кард, ки тамоми вуҷуди зан шарр бошад ва чораи гурезе ҳам аз он набошад? Чӣ гуна Худованди мутлақ шарро меофаринад, онгоҳ инсонро ба хотири ниёз ва зарурат ба сӯи он савқ медиҳад?!
Албатта инсони пажӯҳишгар ва андешаманд дар тамоми ин ҷаҳони ҳастӣ ҳама чизро хайр меёбад, ки ҳамон асл ва асос аст ва он шаре, ки дар анзори шумо мутаҷаллӣ мегардад, ҷузъӣ аст ва дар куллӣ ва умумӣ ва мутлақ пинҳон ва мастур аст ва дар воқеъ яке аз лавозими вуҷуди хайр мебошад. Дар муноҷоти Расули гиромӣ (с) ба даргоҳи Худованд мебинем, ки мефармояд: «Шарр аз ҷониби ту нест». Ва дар ояи Қуръон мехонем: «ҳамаи хубиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар чиз тавоноӣ» (Оли Имрон, ояи 26).
«БАРҲАЗАР АЗ ФИТНАИ ЗАНОН…»
Инҷо як нуқтаи мубҳам ва суолангез мемонад ва он ҳадисе аст, ки аз Паёмбар (с) дар иртибот бо барҳазар будан аз фитани занон ривоят шудааст. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Баъд аз ман ҳеч фитнае барои мардон зиёнбортар аз фитнаи занон нест» (ривоят аз Бухорӣ).
Дар ҷавоб мегӯем: «Парҳез аз фитна чизе бадин маъно нест, ки он чиз комилан ва тамоман шарр аст, балки чунин аст, ки он таъсири қаввӣ бар инсон мегузорад ва инсонро аз ёди Худо ва охират боз медорад. Дар ҳамин ростост, ки Худованди мутаъол дар ойоти мутаъаддиде инсонро аз фитнаи амвол ва авлод барҳазар медорад ва мефармояд: «Амволи шумо ва фарзандонатон сарфан василаи озмоише барои шумоянд ва подоши бузург фақат назди Худост» (Тағобун, ояи 15).
Ва боз мефармояд: «Ай касоне, ки имон овардаед, занҳо ва амволи шумо ва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо ғофил нагардонад ва ҳар касе чунин кунад онон худ зиёнкоронанд».
Дар айни ҳол, Худованди субҳон дар ойоти мутаадиде аз Қуръон, молро «хайр» ва фарзандонро неъмат ба шумор оварда аст ва бар бандагонаш миннат мегузорад, ба ин ки ҳамон тавре, ки ба онон рӯзии пок ва ҳалол ато фармуд, фарзандон низ бахшида аст: «Ва Худованд барои шумо аз худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо писарон ва наберагоне ниҳод ва аз чизҳои покиза ба шумо рӯзӣ бахшид...» (Наҳл, ояи 72).
Бинобарин парҳез аз фитнаи занон ҳаммонанди парҳез аз фитнаи мол ва дороию фарзандон аст ва ин бадон маъно нест, ки ин неъматҳо шарр ҳастанд, балки Худованди мутаъол инсонро аз шиддати дилбастагӣ ба онҳо то ҳадди фитнаангезӣ ва машғул сохтани онон аз ёди Ӯ бар ҳазар медорад. Ин ки бисёре аз мардон таҳти таъсири сеҳру ҷозиба ва фитнаи занон қарор мегиранд, ба вижа ҳангоме, ки рафтор ва ҳаракоти занон омехта бо таҳрик ва таҳйиҷ бошад, бар касе пӯшида нест. Зеро найранги занон ба маротиб бештар аз найранги мардон аст.
Аз ин рӯ ихтор (огоҳсозӣ) ва мутаваҷеҳ сохтани мардон ба ин қазияи хатарнок лозим ва зарурӣ аст то дар доми хоҳишҳои нафсонӣ ва ғароизи шайтонӣ ва ҷинсии худ наяфтанд. Дар асри кунунӣ мебинем, ки фитнаангезии занон нисбат ба гузашта ба маротиб бештар ва фаровонтар шудааст. Имрӯз онон ба унвони тешае дар дасти истеъморгарон (истилогарон) ва мухаррибони дин ва ҷомеа қарор гирифтаанд то дар зери ливои пешрафт ва тамаддун, фазоил ва арзишҳоеро, ки аз қадимулайём ба мо ба ирс расида, ба василаи онон аз мо бигиранд.
Бар занони мусалмон воҷиб аст, ки нисбат ба ин тавтиаҳои душманони ислом огоҳ ва бедор бошанд ва худро ҳамчун абзоре дар дасти душманони ислом қарор надиҳанд ва ба сӯи он рафтор ва кирдоре, ки зиннати занони садри ислом буд, бозгашт намоянд. Имрӯз ҷаҳони ислом мадюн (қарздор)-и духтарони покдоман ва занони накӯкор ва модарони гаронқадрест, ки дар партави он уммати исломӣ ба саодат ва хушбахтӣ ҳар ду саро ноил хоҳад омад.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4496-jahoni-islom-madyouni-dukhtaroni-pokdoman.html
-
22.03.2026 15:27
344
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
472
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
288
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:45
1133
«Абумуслими Хуросонӣ бузургтарин қаҳрамонии миллии тоҷикон!”
-
26.09.2025 12:42
923
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1234
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
15.03.2026 21:05
156
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
868
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
886
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
600
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1269
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2210
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
29.03.2026 14:35
346
Маълумотнома оиди парвандаҳои ҷиноятии дар суд баррасӣ ва қарори ниҳоӣ қабулгашта
-
15.03.2026 21:06
172
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
180
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
19.03.2026 23:09
438
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
19.03.2026 23:06
445
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
424
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 16:56
770
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1109
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1051
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2183
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2255
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3265
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
403
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1778
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1897
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
885
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1066
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1055
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
195
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1271
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1603
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4271
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4499
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4805
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?











































