Хазина аз
Аксҳо аз чароғаки солинавии Симои Мустақили Тоҷикистон
Аксҳо
30.12.2013 17:20
1613
Шумо дар зер аксҳоеро аз ҷараёни сабти ин барнома тамошо карда метавонед.
Чароғаки солинавии Симои Мустақили Тоҷикистон
Хабар
30.12.2013 17:17
1033
Симои Мустақили Тоҷикистон ба анъанаи неки худ содиқ монд. Дирӯз ҳайати эҷодии он таҳти раҳбарии Зинатуллоҳ Исмоилов дар толори ҷаласаҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон барномаи солинавии хешро бахшида ба фарорасии соли 2014-уми мелодӣ бо ширкати шахсиятҳои маъруфи кишвар ...
"Соярушан": Саҳифаи муштараки Агентӣ ва "Рӯзгор"
Сиёсат
30.12.2013 16:19
1162
Дар остонаи Соли нави масеҳӣ ва дар охирин рӯзи соли куҳан аввалин саҳифаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи "Рӯзгор" интишор меёбад. Албатта, мехостем ин саҳифа пештар оғоз шавад, вале ҳарчӣ кӯшиш шуд, ба ҳамин рӯз рост омад.
Раҳмон Ӯлмасов: "Муҳоҷирати меҳнатӣ буд, ҳаст ва мемонад"
Муҳоҷират
30.12.2013 16:11
1535
Ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон рӯнамои китоби таълимии "Муҳоҷирати аҳолӣ: таърих, назария ва сиёсат" баргузор гардид. Китобро гуруҳи олимони Тоҷикистону Русия таҳти раҳбарии устоди ин Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ӯлмасов Р.Ӯ. навиштаанд.
Ҷолибтарин нукоти эҷодкорони Тоҷикистон дар соли 2013
Адабиёт ва фарҳанг
30.12.2013 16:04
1248
Баъди чанд рӯзи башумор соли милодии 2013-ум ҳам ба кӯлбори таърих меравад. Шумо, хонандагони азиз огоҳ ҳастед, ки "Рӯзгор" аз нахустин шуморааш то ба имрӯз бо шоиру нависандагон ва ҳунармандону коргардонҳои саршиноси тоҷик суҳбату баҳсҳои зиёдеро мунташир кард, ки атрофи онҳо сару садоҳо ҳам баланд шуданд.
"Рӯзгор" соли рафта: эродҳо, интиқодҳо ва пешниҳодҳо
Аз ҳар мавзуъ
30.12.2013 16:01
1971
ҳамаи мухлисону ҳаводорони ҳафтаномаи "Рӯзгор" саломи солинавӣ арз мекунем. Инак, дар поёни соли куҳан ва остонаи Соли нав қарор дорем. Соате, ки "Рӯзгор" ба дастатон мерасад, умедворем дар гирди дастурхони солинавӣ онро мутолиа мекунед. Шояд инро чун туҳфаи мо ба дастурхони пуреъмати худ бипазиред ва агар чунин аст, сарфарозем.
Соли асп бахосият аст
Иҷтимоъ
30.12.2013 15:57
2577
Асп - ин ҷонвари зеборо дар афсонаю ривоят, қиссаю ашъори шоирони классик ситоиш кардаанд. Он ҳамчун рамзи хаёл ифодакунандаи илҳоми адибон ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки дар баъзе аз тамғаҳои интишорот расми асп тасвир ёфтааст. Аз рӯйи ривоятҳо дар аввал аспҳо соҳиби пару бол будаанд.
Бисту шаш соли маҳрумият аз озодии Зайд Саидов
Хабар
30.12.2013 15:53
1042
Суди олии Тоҷикистон соҳибкори шинохта ва Раиси ҳизби ҳанӯз номнавинашудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидовро ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум намуд. Ҳамчуноне иттилоъ дода шуд, ин 26 солро вай бояд дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид пушти сар кунад, вале то ба марҳилаи иҷро расидани ....
Шикваи Ҳошим Гадоев аз сардиву намии манзили зисташ расонаӣ шуд
Хабар
30.12.2013 15:50
1038
Ҳунарманди саршиноси тоҷик Ҳошим Гадоев аз шаҳрдории пойтахт хостааст, то дар таъмири хонааш кӯмак расонад. Ҳошим Гадоев бо ирсоли нома гуфтааст, ки манзили зисташ дар ин сардиҳои зимистон аз оддитарин шароит бархӯрдор нест, деворҳояш нам кашидаву сарданд. Вай гуфтааст, ки дар ин синну сол неруе надорад аз пайи таъмири манзилаш ....
Хайри солинавии Президент
Хабар
30.12.2013 15:47
1154
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар арафаи Соли нав Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати рақами 1 шаҳри Душанбе ташриф овард ва ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Манбаъ мегӯяд ин сеюмин бор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ин мактаб-интернат дидан мекунад.