03:53:45 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷолибтарин нукоти эҷодкорони Тоҷикистон дар соли 2013

Баъди чанд рӯзи башумор соли милодии 2013-ум ҳам ба кӯлбори таърих меравад. Шумо, хонандагони азиз огоҳ ҳастед, ки "Рӯзгор" аз нахустин шуморааш то ба имрӯз бо шоиру нависандагон ва ҳунармандону коргардонҳои саршиноси тоҷик суҳбату баҳсҳои зиёдеро мунташир кард, ки атрофи онҳо сару садоҳо ҳам баланд шуданд. Инак дар фарҷоми сол мо мехоҳем ҷолибтарин нуктаҳои эҷодкорони Тоҷикистонро, ки дар соли сипаришуда ба "Рӯзгор" гуфтанд, манзури Шумо гардонем.

Хуршед: "Коргардон надорем"; М. Шодӣ: "Маблағҳо ночизанд"; Н. Мелик: "Муҳим идея!"

archai-solinavi 4578141221Дар силсиласуҳбатҳое, ки "Рӯзгор" бо аҳли ҳунари театрҳои Тоҷикистон дошт дар мавриди вазъи имрӯз ва роҳҳои боло бурдани сатҳи театри миллӣ нуктаҳои гуногун ва гоҳо хилофи ҳам таъкид шуданд.

Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди маъруф ва баркамоли тоҷик дар мусоҳибааш бо хабарнигори "Рӯзгор" аз вазъи театрҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки "Сол ба сол театри тоҷик аз миқёси ҷаҳонӣ поёнтар мераваду заифтар мешавад. Бингаред, ҳатто дар театри Лоҳутӣ ё дар Вазорати фарҳанг студияи драмнависҳо нест. Улуғзодаву Икромӣ нестанд." Ба андешаи устод Ҳабибулло бояд Вазорати фарҳанг, Ҳукумати Тоҷикистон бо нияти хуб пул ҷудо карда, курсҳои драмнависиву коргардонӣ ва актёрӣ ташкил кунанд.

Аммо Шералӣ Абдулқайс, яке дигар аз бозигарони театру синамои тоҷик ба ин андеша розӣ нашудаву дар мусоҳибааш суханони Абдураззоқовро инкор кард. Ба гуфтаи ӯ "Дар театрҳои мо талошҳо фаровонанд. Устод Ҳабибулло ҳунарманди бузург ҳастанд, аммо худашон барои комил гардонидан ва устувор кардани қадами мубораки шогирдон дар Донишкада курси алоҳида гирифта, танҳо ду се сол кор карда тавонистанду халос ва курсро партофта рафтанд. Баланд бардоштани ҳунари шогирд дигар масъала асту ба сари ӯ бо калтак кӯфтан роҳи дигар."

Дар ҳамин ҳол Хуршед Мустафоев, актёри ҷавону бомаҳорат аз театри русии ба номи Маяковский дар сатҳи лозима набудани намоишҳои театри тоҷикро ба адами коргардонҳои муваффақ нисбат дод. "Агар ҳақиқатро гӯем, мо дар Тоҷикистон коргардони хуб надорем. Ин сухани ман набояд ба иззати нафси касе расад. Коргардони олӣ як тараф истад, ҳатто коргардони хуб надорем. Ду-се нафаре, ки буданд ё аз дунё рафтанд ё аз Тоҷикистон. Аз зиндаҳо на Барзу Абдураззоқов мондааст, на Султон Усмонов. Ду нафаре, ки метавонистанд дар театри мо кори наве кунанд. Аммо ҳардуи онҳо ҳам нестанд"- таъкид дошт дар суҳбат бо "Рӯзгор" Хуршед Мустафоев.

Муҳаммадҷони Шодӣ, бозигари театру синамо сатҳи намоишҳои театтро ба маблағ рабт додаву гуфт, ки "Ҳозир маблағҳое, ки барои таҳияи намоишҳо ҷудо мешаванд, ночизанд. Бо ин маблағ дар саҳна чизи барои тамошобин диққатҷалбкунандаро сохтан ғайриимкон аст ва аз ин рӯкоргардонҳо маҷбур мешаванд, ки ба тарзи рамзӣ, бо матоҳои арзон саҳнаро ороянд. Ин албатта ҳусни намоишро мекоҳонаду барои тамошобин хандаовар аст."

Нозими Мелик дар инкори ин андешаи Муҳаммадҷони Шодӣ таъкид дошт, ки "идея агар хуб бошад, барои роҳандозии он маблағҳои бузургу сохтани декорҳои гароннарх муҳим нест, чун ту хоҳиш, мақсаду маром ва кӯшиш барои амалӣ кардани ғояи ҷолиби худ дошта бошӣ, метавонӣ идеяатро бо як дарза қамиш, бо як халта пахта ҳам рӯйи саҳна оварӣ. Асос дар ҷавҳар, дар идея аст ва вобастаи оне аст, ки ту чӣ тавр онро пешниҳод мекунӣ"

Шеърҳои шоирони ҷавон ҳамвазни беҳтарин навиштаҳои шоирони давраи Шӯравӣ???

Давоми сол "Рӯзгор" суҳбатҳои зиёде дошт бо аҳли қалам ва табиист, ки ҳар яке аз устодони адабиёт диддгоҳҳои мухталифи хешро баён намуданд.

Қодири Рустам, нависандаи тоҷик гуфт, ки "Имрӯз насри тоҷик ҳарчӣ бештар ба адабиёти ҷаҳон ворид мешавад ва ҳампо бо адабиёти ҷаҳон қадам мезанад, ба мактабҳои адабии ҷаҳонӣ, ба сабкҳое, ки имрӯз дар насри ҷаҳонӣ мутадовиланд (маъмул), наздик шудааст. Ин навоварӣ аслан аз эҷодиёти нависандагоне мисли Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ дар насри мо шуруъ шуда."

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар суҳбаташ бо мо таъкид дошт, ки дар замони имрӯз барои нависандаи хуб шудан инсон бояд ҳамроҳ бо истеъдод сармоя ҳам дошта бошад. Ба гуфтаи устод "Охир, навиштан кори осон нест. Агар як романи хуб офаридан мехоҳед, ҳеҷ набошад панҷ сол менависед. Дар ин панҷ сол зиндагӣ кардан даркор. Агар инсон зиндагии роҳат надошта бошад, истеъдодаш ҳам мемирад. Инсон худашро ҳақир ҳис мекунад. Дар ҳақирӣ эҷоди асаре, ки инсонҳои дигарро метавонад роҳи нав нишон диҳад, ғайриимкон аст."

Аммо устод Абдулҳамиди Самад, нависандаи саршиноси тоҷик ва муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагон гуфт, "ҳеҷ вақт ба хонаи адиб халта-халта тиллову баста-баста пул намеомад. На барои Фирдавсӣ омадааст ин на барои каси дигар. Ҳадафи адиб дар ин роҳ фидокорӣ ва баланд бардоштани сатҳи адабиёту маърифати адабиёт аст."

Муҳиддин Хоҷазод дар мавриди ҳикоя дар адабиёти тоҷик гуфт, ки "дар аксар ҳикояҳои мо якрангӣ дида мешавад. Инсон ҳамеша ба як роҳ равад, ҳамон роҳ ба табиататон менишинад. Раҳматӣ Толис мегуфтанд, ки баъди ҳар як асар камаш ним сол танаффус гирифтан даркор, то шасти чизи пешинаро дар чизи нават набинӣ. Ман як дафъа Матлуба Ёрмирзоеваро маломат кардам, ки тору пуди ҳама асарҳояш як чиз, номи қаҳрамонҳо дигар мешавад, вазъият бошад ҳамон як воқеа як фоҷеа, танҳо дар муҳити дигар. Ба ин дард ҳар адиб гирифтор шуданаш мумкин."

Дар мавриди вазъи назм Рустами Ваҳҳоб, шоир ва адабиётшиноси тоҷик таъкид дошт, ки "бисёре аз аз шеърҳои шоирони муваффақи даврони Шӯравӣ, ки дар даврони ҷавонияшон навиштаанд бо шеърҳои шоирони ҷавони имрӯзи мо қобили муқоиса нест. Шеърҳои шоирони ҷавони мо аз назари ҳунари шоирӣ, шинохти шеърияти сухан ва парвози андеша бо беҳтарин офаридаҳои шоирони даврони Шӯравии мо баробаранд."

Аммо Норӣ Раббимдухт, яке бонувони камшумори тарҷумони мо ба он бовар аст, ки "агар мо осори адабии худро дар арсаҳои байнамиллал муаррифӣ карда метавонистем, аллакай адабиёти мо дар арсаи ҷаҳон хонандаи зиёд пайдо мекард. Адабиёти имрӯзи мо ҳам осори арзандаи зиёд дорад, танҳо бояд онҳо ба арсаҳои байналмиллалӣ бароварда шаванд."

Дар мавриди хонандаи кам доштани адабиёти муосир ва роҳҳои ҷалби хонанда ба мутолиаи осори бадеӣ низ "Рӯзгор" қариб дар ҳар мусоҳиба бо адибон таваҷҷуҳ мекард ва дар ин бобат низ фикрҳои гуногун иброз гардиданд.

Нависандаи тоҷик Равшани Махсумзод ин иллатро ба сатҳи пасти иҷтимоӣ дар кишвар нисбат дода гуфт, ки "оё имрӯз ба ин маоше, ки ағлаби мардум мегиранд ва ё идрорпулии хандаовари донишҷӯён имкони харидани китоб, ки нархаш аз 15-20 сомонӣ болост, мавҷуд ҳаст. Боз як парадокси дигари замони мо: мардуми пулдору доро завқи китоб хондан надораду шавқмандон имконияти харидан"

Аммо Латофат Кенҷаева, адиби саршинос ва роҳбари Ташкилоти "Истиқбол" таъкид дошт, ки хонанда ҳаст. Ба гуфтаи ӯ "мардум китоб мехонанд, фақат китобро бурда, ба онҳо дастрас кардан лозим. Боз баъзеҳо мегӯянд, ки дигар мардум китоб намехонад. Шумо аввал китобро то ба дасти хонанда расонед, баъд хоҳед дид, ки шавқи мардум ба китоб дар кадом ҳад аст."

Аҳадов, Худойназаров, Қосимова ва Усмонов "Тоҷикфилм"-ро дунёгир мекунанд…

Ортиқи Қодир, ҳунарманди маъруфи театру синамои кишвар изҳори нигаронӣ кард, ки "сатҳи синамои мо хеле поён аст… Дастгоҳҳои муқтадири синамоӣ, ки дар кишвар буд, аксар хароб ва ё ба яғмо рафтанд. Имрӯз бо дастгоҳҳои телевизион видеофилмҳо мегиранд. Баъдан, ман ба чанд сенарияе, ки шинос шудам, рости гап бисёр хориам омад. Чун хеле омиёнаву дар сатҳи хеле паст буд. Ман барои бозӣ кардан дар ин гуна филмҳо розӣ нашудам ва чанд тан аз онҳое, ки имрӯз бо синамо сарукор доранд, аз ман ранҷиданд ва дигар ба ман муроҷиат ҳам намекунанд"

Ва Сафар Ҳақдодов, Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон поён будани сатҳи синамои миллиро ба омили молӣ бастагӣ дод. Ба гуфтаи ӯ "мо анъанаи дар кинтеатрҳо баргузор кардани намоиши филмҳоро аз даст додем. Ҳамин раванд ба фаъолияти мо ҳам асар гузошт, яъне дигар филмофарон натавонистанд бо ҷалби тамошобин аз филми сохтаи худ сармояе ба каф оранд. Дигар кишварҳо дубора кинотеатрҳои худро фаъол карданд, масалан дар Русия, Қирғизистон, Қазоқистон тамошобин ба синамо меравад ва аз харидани билет як маблағе ба хазинаи ташкилотҳои синамоӣ дохил мешавад. Мо то имрӯз ин анъанаро барқарор карда натавонистем ва ин яке аз мушкилиҳои умдаи мо аст"

Аммо Қурбони Собир бозигари боистеъдоди театру синамо аз рафтани коргардонҳои маъруф аз Тоҷикистон нигарони карду гуфт, ки "ҳунармандону коргардонҳояш ҳама парешон шуданд. Валерий Аҳадов дар Русия муваффақ аст, Ҷамшед Усмонов дар Фаронса муваффақ аст, Маргарита Қосимова ва Бахтиёр Худойназаров муваффақанд. Ҳамин чор нафар кифояанд, ки киностудияи "Тоҷикфилм" дунёгир бошад. Аммо инҳо нестанд ва ба ҷойи инҳо имрӯз ҳар одами чоруми кишвар филм гирифтан мехоҳад ва ҳар одами панҷум таъҷилан мехоҳад, ки Амитабх Баччан ё Ҷигархонян бошад.

P.S.: Ин як бахши ками нуктаҳои ҷолибе буданд, ки эҷодкорони кишвар дар мусоҳибаҳояшон бо ҳафтаномаи "Рӯзгор" ба забон оварданд. Дар соли нав ҳам "Рӯзгор" нашри силсиласуҳбатҳоро дар мавриди вазъи имрӯз ва чашмандози адабиёт, фарҳанг, театр, синамо ва дар маҷмуъ ҳунари имрӯзи тоҷик идома медиҳад. Саҳифаҳои моро бихонед!!! Соли нав муборак!!!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi