Соли асп бахосият аст
Асп - ин ҷонвари зеборо дар афсонаю ривоят, қиссаю ашъори шоирони классик ситоиш кардаанд. Он ҳамчун рамзи хаёл ифодакунандаи илҳоми адибон ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки дар баъзе аз тамғаҳои интишорот расми асп тасвир ёфтааст. Аз рӯйи ривоятҳо дар аввал аспҳо соҳиби пару бол будаанд. Бо сабаби аз ҳавзи шароб нӯшиданашон аз парҳояшон бенасиб мондаанд. Бинобар ҳамин ҳам, агар имрӯз одаме, ки шароб нӯшида бошаду ба асп савор шавад, ӯро аз болои худ меафтонад.
Адибони муосир низ дар васфи он асарҳои фаровон офаридаанд. "Савораи бесар" - и Майн Рид, "Асп" - и Лев Толстой, "Алвидоъ, Гулсарӣ" - и Чингиз Айтматов, "Аспи сафед" - и Роман Федичев, "Ҳасани аробакаш" - и Мирзо Турсунзода, "Аспи сафед" - и Муаззама Аҳмадова, "Аспи бобом" - и Абдулҳамид Самадов, "Аспе дар канори шаҳр" - и А. Рабизода аз ҷумла, исми як қатор маҷмӯаҳои ашъор ва шеърҳои ҷудогонаи М. Қаноат "Гули бодом", "Асп" - и Б. Собир ва ғайра низ ба асп иртибот доранд.
Ба таври маълум, асп дӯсти инсон буда, он аз қадимулайём рамзи садоқату вафодорӣ аст. Дар лаҳзаҳои хатарноктарин асп соҳибашро аз марг мераҳонад. Асп ҳайвонест бағоят ақлнок ва бораҳм. Ҳатто хурсандиву хафагии соҳибашро эҳсос менамояд Агар табъи инсон болида бошад, чорхез зада, шиҳа мекашад, хотирозурда бошад, ором меравад.
Агар ҳамаи хислатҳои неки аспро ба назар гирем, пас мебинем, ки соли асп бахосияту пурбаракат мешавад, зеро асп ҳайвони баризқ аст, баъди ҷав ё сабӯс хӯрдан соҳибашро дуо мекунад, ки Худо ба ӯ ризқ диҳад. Асп ба қадри некии инсон мерасад. Дар бисёр шаҳрҳои дунё ба асп ҳайкал мондаанд. Дар аксари осорхонаҳои олам расми аспи давидаистодаро ба намоиш гузоштаанд. Дар баъзе лаҳзаҳои дигар шоҳон савори ин ҳайвонанд. Дар шаҳри Санкт - Петербург муҷассамаи бузурги Пётри 1 - ро аспсавор офаридаанд. Вай Лиззета, ном асп дошт, ки хӯсаи онро то ҳанӯз нигоҳ медоранд.
Аспи Искандари Мақдунӣ - Бутсефалд ном дошт, ки ҷаҳонкушоӣ ва номдор шудани соҳибаш ба қудрати аспаш тавъам буд. Дӯсдории Искандар нисбат ба аспаш то дараҷае будааст, ки ӯ ҳангоми хӯрокхӯрӣ аспашро дар наздикии мизи ошхона оварда мебастааст. Вақте Бутсефалд мемирад, болои ҷасади аспаш зор - зор мегиряд. Ҷасадашро андаруни матоъ ба хок супориданд. Дар Шарқи Миёна ба хотираи ӯ шаҳри азиме бунёд мекунад. Дар "Шоҳнома" - и Фирдавсӣ низ Рахш хеле вафодор тасвир шудааст. Вақте Рустам ба хоби бофароғат меравад, душманонаш ба ӯ мубориза бурдан мехоҳанд, аммо Рахш бо пойкӯбии мусалсали худ ӯро бедор менамояд.
Дар эпоси "Гӯрӯғлӣ" ҳам аспи Аваз хеле ҷонвари хеле хайрхоҳу дӯсти инсон тасвир шудааст. Дар маркази чанд шаҳру ноҳияи ҷумҳуриамон низ муҷассамаи нахустин раҳбари Давлати Сомониён Исмоили Сомониро аспсавор тасвир намудаанд. Дар маркази ноҳияи Восеъ қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ болои асп инъикос гардидааст. Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ низ муҷассамаи шаш аспи "тиллоӣ" аз ҷасорати ин ҳайвони саворӣ шаҳодат медиҳад. Ҳини аз мавзеи Фахробод гузар кардан, қади роҳ боз муҷассамаи асп пеши назар меояд ва диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ҳатто қувваи кашиши тезтарини мошини сабукравро бо қувваи асп чен мекунанд. Хуллас, асп ба ҳаёти инсон хеле наздикӣ дошта, хосиятҳои хубу зиёде дорад.
Бино ба ақидаи олимони соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 зоти асп ҳаст. Вазни он то 1, 5 тонна буда, аз 3, - 3, 5 - солагӣ то 25 - солагӣ қудрати таваллуд кардан дорад. Давомияти умраш то сӣ сол буда, давраи ҳамлаш 11 моҳ аст. Аспи модина (байтал) аз 7 то 15 литр шир медиҳад. Хӯрокаш ҷав, силос, ҳар гуна алафҳои саҳроист. Асп дар боркашонӣ, соҳаи варзиш, аробакашӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойга, аспдавонӣ аз ин ҳайвони тездаву тезҳуш ба таври фаровон истифода мебаранд.
Асппараст ва аспшинос, нависандаи машҳури рус А. Н. Куприн навиштааст: "Асп нисбат ба инсон хеле пурсаховат буда, хосиятҳои аҷиб дорад. Аз гурба хубтар шунида, назар ба саг хубтар бӯй мегирад. Тағйир ёфтани обу ҳаво ва фаслҳои сол, заминҷунбиро ҳис менамояд".
Онҳое, ки дар соли асп таваллуд ёфтаанд, чӣ хислатҳо доранд? Бо ҳушёриву чолокӣ фарқ карда, зираку боақл мешаванд. Одамони дар ин сол таваллудшуда, оқилу доно, бофаросат, зираку нуктасанҷанд. Мисли асп меҳнатдӯст буда, дар зиндагӣ ранҷи фаровон мекашанд, чун асп бештар ғами оиларо мехӯранд, ҷойи серодам аз қабили театр, консерт, маҷлисро дӯст медоранд. Аспҳо метавонанд сиёсатмадори хуб бошанд, агар худро тез аз даст надиҳанд.
Чи тавре ки дар боло зикр шуд, асп хеле ҳақиқатҷӯ мебошад. Аммо метавонад барои ишқ аз ҳама чиз рӯй гардонад. Нобаробарии кори онҳо низ аз ҳамин ҷиҳат аст. Дар 60 сол як маротиба соли аспи оташин меояд. Агар соли 1906 (соли таваллуди Л. И. Брежнев) бошад, пас баъди шаст сол боз соли аспи оташин такрор (соли 1966) шудааст. Пас аз як мучал (баъди 12 сол, яъне соли 2026) соли аспи оташин такрор хоҳад шуд.
Ҳаминро ҳам бояд илова кард, ки дар соли асп намоёнтарин арбобони сиёсӣ, муаррихон, адибон, олимони шинохтаи олам, аз ҷумла, В. И. Ленин, Л. И. Брежнев, А. Г. Лукащенко, А. И. Соложенитсин, Т. Рузвелт, Ҷ. Сорос, Н. С. Хрущёв, У. Р. Чавес, Ҷеки Чан, К. Чуковский, Ҳафиз Асад, Ж. И. Олфёров, И. Бабел, Макс Борр, И. Бунин, Х. В. Гейгер, Л. Корнилов, Ф. Вилгелм, П. Копитса, Ҷ. Муродов, Н. Раҳматова ва ғайра ба дунё омадаанд.
Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди ШӯравӣҶӯрабек Муродов мегӯяд: - Соли асп бароям бисёр ҳам бахосият аст. Дар ин сол банда ба дунё омадаам. На танҳо дар соли асп, балки як умр барору муваффақият ҳамеша насиби банда будааст, ки аз ин раҳмати Парвардигор басо мамнунам. Тасодуфи таърихро боз бубинед, ки маҳз дар соли асп соҳиби унвони баландтарини санъат - Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ гардидам. Дар соли асп (с. 1966) ҳамроҳи гурӯҳи санъаткорони Филармонияи давлатӣ дар сафари ҳунарӣ, дар шаҳри Монреали Канада қарор доштем. Умуман, соли асп ҳамеша бахосият омадааст. Асп ба инсон рафиқи шафиқ ва дастёри беминнат аст.
Дар Шарқ ривояте ҳаст, ки Буддо дар зодрӯзаш ҳамаи ҳайвонотро даъват карда, қарор дод, ки ҳар якеро бо соли хоса шод гардонад. Асп хазидани мори бепойро дида, ӯро аз худ пеш гузаронд, то адолати иҷтимоӣ халал наёбад. Аз ин рӯ, мегӯянд, ки дар соли асп адолат ғолиб меояд. Асп меҳнатдӯст аст ва дар ин сол касони меҳнаткашу ҳалолкор соҳиби шаъну шараф ва дастмузди сазовор шуда метавонанд. Мегӯянд, ки агар кас дар хобаш асп, гурба ва харгӯшро бинад, Соли нав ба ӯ саодату иқболи баланд меорад.
Худо Хоҳад, соли асп соли фаровонию садоқат, баризқ гашта,ҷаҳон оромтар ва манзилҳоямон осуда мегардад. Дар соли асп шумораи аспҳо низ меафзояд. Муҳаббатамон ба ҳамдигар зиёд мегардад.
Соли асп муборак, дӯстони азиз!
СОЛИ НАВ ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМИ ОЛАМ
Аз рӯйи одат Соли нав аз 31 декабр сар шуда, то 31 - уми январ (старый Новый год) давом мекунад. Аз ин хотир чанд фолу анъанаҳои солинавиро пешкаши шумо менамоем. Бештари фолҳои солинавӣ ба пул вобастагӣ доранд. Мутаассифона, мавзӯҳои ишқ, эҷодиёт ва лаҳзаҳои илҳом дар зинаи дуввум меистанд. Ин анъана аз қадим омадаву то ба имрӯз боқӣ мондааст. Солҳои пешин дороён ба фолу ривоятҳо сахт эътиқод дошта, пеш аз ид тамоми хизматгорони худро ҷамъ намуда, онҳоро огоҳ мекарданд, ки чизеро аз хона набароранд, вагарна аз кор пеш карда мешаванд.
Дар Россия
Анъанаҳои табрикоти телевизионии солинавии шаҳрвандони Россияро Леонид Илич Брежнев оғоз карда буд. Пас аз пошхӯрии СССР (моҳи декабри соли 1991) Президенти аввалини Россия Борис Николаевич Елтсин табрик кардани халқро нахост. Ин вазифаро ба дӯши худ адиби ҳаҷвнавис Михаил Задорнов гирифт. Ин далел қаҳру ғазаби халқро овард. Бинобар ин, ҳукумат қарор дод, ки ба анъанаи писандидаи мардум баргардад. Баромадҳои солинавии худро Елтсин, чун қоида дар яке аз утоқҳои Кремл сабт менамуд. В. В. Путин бошад, бештар сокинони кишварашро аз майдони Саборнаяи Кремл табрик мекард.
Аммо агар ба таърих рӯ биёварем, маълум мегардад, ки дар Россия Соли нав дар асри 14, рӯзи якуми сентябр дар Майдони Сурх ҷашн гирифта мешуд. Соли 1700 баъди тақвими нав аз рӯйи Библия Соли навро 31 - уми декабр ҷашн гирифтанд ва ин сана ба ҳукми таърих даромад. Маросими супоридани тӯҳфаҳои солинавӣ то 13 - уми январ давом мекунад.
Дар Япония
Дар Япония субҳи якуми январ тамоми сокинони шаҳру маҳаллаҳо ба пешвози офтоб мебароянд. Бо нурҳои аввалини офтоб япониҳо якдигарро бо Соли нав табрик гуфта, туҳфаҳо тақдим менамоянд.
Дар Руминия
Мардуми Руминия анъанаи аҷибе доранд. Ба даруни кулчақандҳои солинавӣ пул, қолабчаҳои булурин, қаланфури тунд гузошта мепазанд. Агар аз даруни кулчақанд ангуштарин баромад, ин маънои онро дорад, ки Соли нав хушбахтиҳои зиёд меорад. Агар рафту қаланфур барояд, ҳама ба ҳоли ӯ механданд, зеро ки ӯро аз рӯйи пешгӯиҳо тамоми сол гиря кардан лозим меояду халос.
Дар Англия
Ҳар як шаҳрванди Англия дар шаби Соли нав ба шиносҳои худ туҳфаи зинда, яъне сагча тақдим мекунанд, аммо ин амали онҳо муҳофизони ҳайвонотро шод намегардонад. Онҳо бо маърӯзаи худ баромад карда, иброз намуданд, ки ҳайвоноти хонагиро ҳамчун ашёи моддӣ истифода бурдан мумкин аст.
Аксари одамон ба ситораҳо, аз ҷумла, ба Бритни Спирс ва футболбоз Уэйн Руни, ки ба дӯстдоштаи худ сагчаи чау - чау (нархаш 1, 5 ҳазор долларбударо туҳфа намуда буд), тақлид менамоянд. Муҳофизони ҳайвонот мегӯянд, ки муносибати бепарвоёна бо сагчаҳо боиси он мегардад, ки ҳамасола дар Англия беш аз сад ҳазор саги партофташуда, аз гуруснагӣ ва хунукӣ мемиранд.
Олимони бритонӣ бовар мекунонанд, ки симои ҳақиқии Санта Клаусро барқарор намуданд. Аниқтараш симои Николайи бузургро, ки мӯйсафеди нуроние дар либоси сурх буд, ба Санта Клаус табдил доданд. Боқимондаи ҷисми Николайи бузург, ки бо накӯномии худ машҳур гашта буду ба камбизоатон кӯмак мерасонд, дар масҷиди шаҳри итолиёвии Бари маҳфуз буд.
Бо ёрии компютер антрополог Каролайн Уилкинсон симои шахсро барқарор намуд. Марди сабзинаи қадаш миёна бо бинии шикаста, ки дар асри мо онро рассомони амрикоӣ Бобои барфӣ гӯён сохтаанд, аз симои ҳақиқии Санта Клаус фарсахҳо дур аст.
Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигор