12:36:09 01-уми Июни 2025 сол

Шикваи Ҳошим Гадоев аз сардиву намии манзили зисташ расонаӣ шуд

Ҳунарманди  саршиноси тоҷик Ҳошим Гадоев аз шаҳрдории пойтахт хостааст, то дар таъмири хонааш кӯмак расонад. Ҳошим Гадоев бо ирсоли нома гуфтааст, ки манзили зисташ дар ин сардиҳои зимистон аз оддитарин шароит бархӯрдор нест, деворҳояш нам кашидаву сарданд. Вай гуфтааст, ки дар ин синну сол неруе надорад аз пайи таъмири манзилаш бошад. Ин нома охири ҳафтаи гузашта аз тариқи Фейсбук расонаӣ шуд.

hoshimgado-4545666Аз номаи ҳунарманди маъруф хабаргузориҳи ин ҷумларо иқтибос овардаанд: "10-уми майи соли 2014 рӯзи таваллуди ман аст ва агар умр вафо кунад ман ба синни 77 мерасам ва хизматҳое, ки барои халқу ватанам дар риштаи ҳунар кардаам, наход арзиши инро надошта бошам, ки барои таъмири манзили ман кӯмак расонида шавад". 

Ҳошим Гадоев ба Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сарнавишти ҳунарманди шинохтаи рус Олег Басилашвилӣ навиштааст, ки бино ба гуфтаи ӯ "Басилашвилии бар асари сармозадагӣ 4 моҳ дар беморхона бистарӣ шуд". Ҳунарманди шинохта метарсад, ки сарнавишти Басилашвилӣ барои ӯ такрор нашавад. Духтари Олег Басилашвилӣ қиссаи талхи падарашро дар саҳифаи Фейсбуки худ навишта буд ва ин хабарро ба Путин расонданд ва рӯзе баъд аз хадамоти комуналӣ омаданд ва даст ба таъмири хонаи ҳунарманд заданд. 

Ҳошим Гадоев аз машҳуртарин ҳунармандони кишвар аст, ки ҳанӯз дар замони пойдории Иттиҳоди Шӯравӣ овозадор шудаву ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ ва унвони Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ноил шуда буд. Вай аз ҷумлаи ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик аст ва мактаби ҳунарии театрии ӯ даҳҳо ҷавононро соҳиблаёқат кардааст.

Ҳошим Гадоев тӯли умр дар даҳҳо филмҳои ватаниву хориҷӣ нақшҳои хотирнишин офаридааст. Вале нақши ӯ дар рушди санъати театрии тоҷик қиёснашаванда аст.

Ҳошим Гадоев ҳунармндест, ки шоҳасарҳои Шексирро дар саҳнаи театри Лоҳутӣ рӯи саҳна оварда, дар офариниши образҳои Эдип ва Ҳамлет соҳибовоза шудааст.

Ба номаи ҳунарманди мардумӣ шаҳрдорӣ ҳоло вокуниш нишон надодааст, вале коршиносон ҳадс мезананд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳатман ба қазия таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854