“Вазъи худкушӣ ва сӯиқасд ба он”
Прокуратураи вилояти Хатлон вазъи содиршавӣ, риояи қонунгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, баррасии хабару иттилоот оид ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он даст задани шаҳрвандонро дар давраи нимсолаи аввали соли 2025 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.
Таҳлил нишон дод, ки дар ин давра дар ҳудуди вилоят 66 (нимсолаи аввали соли 2024-71) ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5 адад кам мебошад.
Ҳодисаҳои мазкур асосан ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар 4, Левакант 3, Кӯшониён 3, Вахш 4, Ҷ.Балхӣ 9, Дӯстӣ 1, Ҷайҳун 4, Панҷ 1 , Қубодиён 7, Шаҳритус 5, Н.Хусрав 1, А.Ҷомӣ 2, Хуросон 3, Ёвон 1, Кӯлоб 4, Восеъ 3, Фархор 4, М.С.А. Ҳамадонӣ 2, Данғара 2, Темурмалик 1, Мӯъминобод 1 ва Ш.Шоҳин 1 ададӣ рост меоянд.
Аз ин шумора дар 35 ҳолат занҳо ва дар 31 ҳолат мардон даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задаанд, ки аз инҳо 19 нафарашон ноболиғон мебошанд. Дар натиҷа 47 нафар фавтида, 19 нафар зинда мондаанд.
Таҳлили ин ҳодисаҳо нишон дод, ки онҳо сабабҳои объективӣ, субъективӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, криминалӣ ва психологиро доранд.
Аз ҷумла, 2 нафар дар натиҷаи муомилаи бераҳмона, 2 нафар дар қайди беморхонаи рӯҳӣ, 20 нафар гирифтори бемориҳои асабу рӯҳӣ буда, аммо дар қайди беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ намеистанд, 1 нафар бинобар солҳои зиёд ба бемории табобатнашаванда гирифтор будан, 1 нафар бинобар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан, 1 нафар бо сабаби бефарзандӣ, боқимонда 39 нафар бинобар душвориҳои рӯзгор, аз ҳиссиёти рашк, баъди насиҳати волидайн, дар ҳолати мастӣ, қарздорӣ, бинобар муноқишаҳои ночизи оилавӣ, огаҳӣ пайдо намудани атрофиён аз муносибатҳои ошиқонашон ва бо сабабҳои дигар даст ба худкушӣ задаанд.
Дар ин давра дар натиҷаи муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии ҷабрдида, ки шаҳрвандон даст ба худкушӣ задаанд, 3 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Восеъ, Кӯшониён ва А.Ҷомӣ ) оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Чунончӣ, Алимардонов Диловар Туйдиқулович, санаи таваллудаш 27 апрели соли 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр, деҳаи Заркорон соли 2019 бо шаҳрванд Ятимова Фарзона Раҷабовна, санаи таваллудаш 1 январи соли 1999 оиладор гашта, соҳиби 3 нафар фарзанд гардидаанд. Ӯ дар давраи зиндагонии якҷоя бо Ятимова Ф.Р. дидаю дониста, ки охирон дар тобеъи ӯ мебошад, мунтазам нисбаташ муомилаи бераҳмона анҷом дода, бо роҳи таҳдид шаъну эътиборашро паст зада, бо алфози қабеҳ таҳқир мекардааст.
Ҳамзамон, Алимардонов Д.Т. рӯзи 15.04.2025 сол боз нисбати ҳамсараш Ятимова Ф.Р. муомилаи бераҳмонаро анҷом дода, бо таҳдиди зӯроварӣ ва алфози қабеҳ шаъну шарафашро паст зада, бо даст ва пойҳояш ба узвҳои бадани номбурда якчанд маротиба зарба задааст, ки аз таъсири он охирон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Пас аз ин, Ятимова Ф.Р. аз муносибати бераҳмонаи Алимардонов Д.Т. дилсард гашта, худи ҳамон рӯз бо мақсади даст ба худкушӣ задан аз ошхонаи манзили истиқоматиашон маҳлули сиркорро гирифта, истеъмол карда, вазъи саломатиаш бад шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бистарӣ карда шудааст.
Оид ба ин ҳолат, аз тарафи прокуратураи ноҳияи А.Ҷомӣ 14.05.2025 сол нисбати Алимардонов Д.Т. бо моддаи 109 қисми 2 - и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи А.Ҷомӣ фиристонида шудааст.
Тарзу усулҳое, ки шаҳрвандон даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задаанд гуногун буда, бо роҳи худовезӣ 51 нафар, худзаҳролудкунӣ 4 нафар, ба худ ҷароҳат расонидан 8 нафар, худро аз баландӣ партофтан 2 нафар ва худро оташ задан 1 нафар рост меоянд.
Аз рӯи синну сол шахсони даст ба худкушӣ зада ноболиғон 19- нафар, шахсони аз 18 то 25 сола-11 нафар, аз 25 то 40 сола-22 нафар, аз 40 то 60 сола-12 нафар ва аз 60 сола боло-2 нафарро ташкил медиҳанд.
Таҳлил нишон дод, ки 17 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, 5 нафар донишҷӯ, 3 нафар коргар, 2 нафар нафақахӯр ва 39 нафар бекорон (хусусан занҳои хонашин) даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задаанд.
Ноболиғони дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун-3, Фархор-3, Қубодиён-2, Ҷ.Балхӣ-1, Шаҳритус-1, Вахш-1, Дӯстӣ-1, Панҷ-1, А.Ҷомӣ-1, Хуросон-1, Кӯлоб-1 ва Темурмалик-1 таҳсилкунанда даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задаанд, ки дар умум 17 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар давраи таҳлилӣ дар шаҳрҳу ноҳияҳои ҳудуди вилоят, ки дар он ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июли соли 2004, таҳти №304-8 “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ” тасдиқ гардидааст, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб гурӯҳҳои махсус таъсис дода шуда, аз рӯи усули “Хона ба хона” фаъолият намуда, корҳои фаҳмондадиҳии инфиродӣ ба роҳ монда шуд.
Сари масъалаи пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба он тамоми қишрҳои ҷомеъа бояд тавъаманд фаъолона корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд, то пеши роҳи ин омили номатлуби ҷомеъа гирифта шавад.
Чи тавре, ки нависандаи забардасти рус Николай Островский дар романи маъруфи худ “Пӯлод чи тавр обу тоб меёбад” қайд намудааст: “Чизи аз ҳама муҳим барои инсон ин ҳаёт аст!”.
Аз ин рӯ тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеъа вазифадор ҳастанд, ки барои пешгирии чунин омилҳои зишт пайваста чора андешида корҳои фаҳмондадиҳоро равнақи тоза бахшанд.
Хусусан ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки яке аз омилҳои асосии пайдо шудани андешаи худкушӣ дар оилаҳо мебошад бояд диққати бештар дода шавад, то дар якҷоягӣ ин амалҳои нохушро тавонем аз байн барем.
Нӯъмонзода З.М., Сардори назорати тафтишотипешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи дуввум