Хайри солинавии Президент
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар арафаи Соли нав Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати рақами 1 шаҳри Душанбе ташриф овард ва ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Манбаъ мегӯяд ин сеюмин бор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ин мактаб-интернат дидан мекунад.
Биноҳои ин муассисаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таъиноти гуногун, хобгоҳҳо, ки алоҳида барои духтарон ва писарон оростаанд ва дигар утоқу толорҳо ободу зебо ва бо ашёву олоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Мактаб-интернати мазкур, ҳамчунин дорои шабакаи алоҳида ва мустақили гармидиҳӣ гардидааст, ки дар фасли зимистон барои таҳсили босифат ва будубоши шабонарӯзии тарбиятгирандагони ин муассиса басо муҳим аст.
Ба гуфтаи манбаъ ҳоло дар ин мактаб-интернат 558 нафар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 355 нафари онҳо дар хобгоҳҳои ҳамин муассиса зиндагӣ мекунанд. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 24 нафар ятим, 215 кас нимятим ва 319 нафари дигар аз оилаҳои ниёзманд мебошанд. 127 нафари тарбиятгирандагон духтарон буда, мавриди ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтаанд.
Дар толори калони фарҳангии ин мактаб-интернат ба ҳамаи тарбиятгирандагони он аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим карда шуданд. Ва худи ҳамон рӯз барои 1265 тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе туҳфаҳои солинавии Сардори давлат расонида ва тақсим карда шуданд.
«Рӯзгор»