19:52:43 13-уми Июли 2025 сол

«Андоз рукни муҳими инкишофи ҷомеъа!»

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 аз тарафи дастгоҳи марказии прокуратураи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо прокуророни шаҳру ноҳияҳо 92 (89) санҷишҳо гузаронида, бо натиҷаи он 2293 (2203) қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани онҳо, бахусус пардохти бақияпулиҳои қарзи андоз ба субъектони андозсупоранда 984 (948) адад амр дода шуда, тибқи амрҳо ба буҷет бо рамзи “64” маблағи 59,7 (55,5) млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 4,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

1 andoz khatlon 2124545Инчунин аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 133 (127) пешниҳод ирсол карда шуда, аз рӯи баррасии онҳо ва қарорҳои прокуророн нисбати 113 (127) нафар шахсони масъул муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 711 (673) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба 315 (313)-адад қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти ҳудудии андоз эътироз оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пурра қонеъ гардида, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шудаанд.

Инчунин, дар ин давра ҷиҳати ба тариқи судӣ рӯёнидани маблағҳои қарзи андоз 2 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят пешниҳод карда шудааст, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, қонеъ карда шудаанд. Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ин самт 21 (19) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди пешбурди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Вобаста ба супориши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 21/27-19 сод аз 3.02 соли 2022 оиди «Рӯзи ягонаи қабули соҳибкорон дар мақомоти прокуратура» эълон гардидан, аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он иттилоот дар бораи рӯзи қабули соҳибкорон тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин иттиҳодия ва ассотсиатсияҳои соҳибкорон ба самъи субъектони фаъолияти соҳибкорӣ расонида шуда, рафти иҷроиши он зери назоратӣ доимӣ қарор дорад.

Алалхусус, ҳангоми оғозу тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати соҳибкорон бо моддаҳои 209 ва 294 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шудаанд, ки пеш аз оғози ҳар як парвандаи ҷиноятӣ бо ин категорияи ҷиноятҳо оиди асоснокӣ ва зарурияти оғози парвандаи ҷиноятӣ ба прокуратураи вилоят маводҳоро барои омӯзиш пешниҳод ва мувофиқа намоянд, ки ин талабот зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.

Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ин давра аз тарафи прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 (5) парвандаи ҷиноятӣ нисбати соҳибкорон бо моддаҳои 209 ва 294 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудаанд.

Аз ин ҳисоб 4 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 209 қисмҳои 1-2 ва бо моддаи 294 қисмҳои 1 ва 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ошкор, оғоз ва тафтиши ин категорияи парвандаҳои ҷиноятӣ ба прокуратураи шаҳру ноҳияҳои Дустӣ 3 адад (м.м. 209 қисми 1, 32 қисми 3 - 294 қисми 2 - 2 адад), дастгоҳи прокуратураи вилоят - 1 адад (м.209 қисми 1), Қубодиён 1 адад (м.209 қисми 1) ва н. А.Ҷомӣ - 1 адад (м. 294 қисми 2) рост меоянд.

Бояд қайд кард, ки ҷиноятҳо ҳангоми азназаргузаронии фаъолияти соҳибкорӣ дар якҷоягӣ бо кормандони нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ошкор ва ба қайд гузошта шуда, баъди ҷамъоварии маводҳои лозима ва таъмини санҷиши пурра, пеш аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо прокуратураи вилоят мувофиқа карда шудаанд.

Аз ҷумлаи ин парвандаҳои ҷиноятӣ 4 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 4 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристонида шуда, 1 адад парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи тобеият ба ШВКД фиристонида шудааст, ки минбаъд бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд фиристонида шудааст.

Мақомоти прокуратура дар давраи ҷамъбасти 6-моҳаи аввали соли равон ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон низ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса аз 28-уми декабри соли 2024 диққати ҷидди дода, дар ин давра дар ташкилоту муассисаҳо, байни аҳолбештар аз - баромадро анҷом дода, ҳамчунин аз васоити ахбори омма (радио, телевизион ва матбуот) низ хуб истифода бурдаанд.

Риояи иҷрои қонунгузориҳои соҳаи андоз ва иҷрои андоз, сарчашмаи асосии ғанигардонии бӯҷаи ҳар як давлат буда, ба рушди босуботи кишвару солимии миллат сахт тавъаманд аст. Аз ин рӯ ба ин масъала мақомоти прокуратура пайваста диқкат хоҳад дод.

Муродализода С.Д., Ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи якум.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ