19:51:04 13-уми Июли 2025 сол

“Мубориза бо коррупсия вусъати тозае пайдо хоҳад кард!”

Прокуратураи вилояти Хатлон фаъолияти муқовимат ба коррупсияро дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.

4 korrupsia khatlon 2124545Таҳлилҳо нишон доданд, ки прокуратураи вилоят фаъолияти худро дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори вилоят ба роҳ монда, дар ин давра дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд.

Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 92 ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ворид ва дар муҳлат мавриди санҷиш қарор дода шуда, бо онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳолатҳои бо асосҳои сафедкунанда дар ин давра рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ҷой надорад.

Аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи таҳлилшаванда 291 (255) ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, бо 268 тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла бо моддаҳои 319-320 - 8 адад , 245-105 адад, 314-316- 28 адад, 247 -39 адад ва дигар ҷиноятҳо -88 адад оғоз карда шудааст.

Аз ин шумора, 133 парвандаи ҷиноятӣ пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардида, 53 парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ирсол гардида пешбурди 6 парвандаи ҷиноятӣ боздошта шуда, 54 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор доранд.

Дар давраи таҳлилӣ аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят 73, шаҳру ноҳияҳои ноҳияҳои Кӯшониён 13, Вахш, Хуросон 10, Дӯстӣ 6, Қубодиён 6, Ҷ.Балхӣ 11, Ҷайҳун 6, Ёвон 15, Норак 10, Панҷ 8, А.Ҷомӣ 6, Н.Хусрав 6, Данғара 8, Ҳамадонӣ 6, Мӯъминобод 6, Фархор 8, Темурмалик 11, Ховалинг 3 ва прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилоят 1 парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

Дар ин давом 8 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба додану гирифтани пора, аз ҷумла, аз ҷониби дастгоҳи прокуратураи вилоят 3 парвандаи ҷиноятӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Ёвон, Данғара ва А.Ҷомӣ 1-тогӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 бо парвандаҳои ҷиноятии оғознамудаи муфаттишони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарари ошкоргардида 11 731 355 сомониро ташкил дода, аз ин 4 876 679 сомонӣ ба давлат, 5 507 189 сомонӣ ба шаҳрвандон ва боқимонда ба дигар ташкилотҳо расонида шудааст.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ 6 607 735 сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст, ки аз ин 2 170 437 сомонӣ ба манфиати давлат ва 2 551 574 сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон мебошад.

Таҳлил нишон дод, ки маблағи барқароркунии зарари расонидашуда дар давраи таҳлилӣ назар ба соли гузашта ба миқдори 4 015 208 сомонӣ зиёд муқаррар шуда, бо натиҷаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 1 47 556 сомонӣ маблағи зарар зиёд барқарор карда шудааст.           

Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ин давра аз тарафи прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 ҳолати содир кардани ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо ошкор ва ба қайд гузошта шуда, баъди таъмини санҷиши пурра ва ҳамаҷониба бо онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин муайян гардид, ки аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар ин давра 19 ҷиноят аз тарафи 16 нафар кормандони соҳаи маориф, 4 ҷиноят аз тарафи 4 кормандони соҳаи тандурустӣ, 8 ҷиноят аз тарафи 1 нафар дар соҳаи хусусигардонии амволи давлатӣ, 1 ҷиноят аз тарафи 1 нафар дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 2 ҷиноят аз тарафи 2 нафар дар фаъолияти бонкӣ, 1 ҷиноят аз тарафи 1 нафар дар соҳаи нақлиёт ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои он дар самти истифодаи ғайриқонунии истифодаи қувваи барқ, маблағҳои зарари ошкоршуда ва барқароршуда корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар тарғибу ташвиқу қонунгузорӣ, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа ва бо ин васила ба самъи аҳолӣ расонидани тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, алалхусус тағйироту иловаҳои воридгашта вобаста ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани он пешбинӣ гашта, прокуратураи вилояти Хатлон чораҳои амалиро дар роҳи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин асос роҳандозӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 75 парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 52409304 сомонӣ қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ пардохт карда шуд.

Дар ин давра аз ҷониби прокурори вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 61(44) ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта бо маблағи 91500 сомонӣ ошкор карда шуда, бо онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва минтақаи Кӯлоб ирсол гардидаанд. Шахсони мансабдор ба маблағи 91 500 сомонӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи ҷаримаҳои татбиқшуда пурра пардохт гардидаанд.

Оид ба пешгирии коррупсия, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зиёда 170 маротиба дар ташкилоту муасссиса ва идораву корхонаҳои ҳудуди вилоят, дар байни аҳолӣ вохӯриҳо доир ва гузаронида шуда, аз васоити ахбори омма (радио, телевизион ва матбуот) низ мунтазам истифода бурда шуда, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ин ҷода то андозае баланд бардошта шуд.

Прокуратураи вилоят минбаъд низ назорати прокурориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пурзӯр намуда, баҳри ошкор ва пешгирӣ кардани онҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чораҳои муаассирро хоҳад андешид.

Шайдуллозода О., Ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи якум.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ