19:50:20 13-уми Июли 2025 сол

“Замин моликияти истисноии давлат аст!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузории истифодаи заминро дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 таҳлилу ҷамъбаст намуд.

2 zamin khatlon 2124545Муайян гардид, ки дар ин давра кормандони прокуратураи вилоят якҷо бо шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои талаботи фармони зикршудаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва прокуратураи вилоят, дар асоси дастуру супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори вилоят ва нақшаҳои корӣ фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшида, назорати иҷрои қонунгузории заминро бозҳам пурзӯр ва чораҳои самараноки прокурорӣ андешида, корҳои муайянеро ба сомон расониданд.      

Дар ҳудуди вилоят дар давраи таҳлилӣ вобаста ба самти назорати иҷрои қонунгузории замин нишондиҳандаҳои фаъолият беҳтар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва барои рафъи онҳо чораҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, барои пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат карда шуд.

Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти назорати прокурорӣ оид ба назорати иҷрои қонунгузории истифодаи замин дар давраи нимсолаи якуми соли 2025 рӯ ба пешравӣ ниҳода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чунин мебошад:

Р/т

Номгӯи санадҳои эътиноии прокурорӣ

6-моҳаи якуми соли 2024

6-моҳаи якуми соли 2025

Фарқият

Эзоҳ

1.

Санҷишҳо

99

107

+8

 

2.

Қонунвайронкуниҳо

4030

4377

+347

 

3.

Амрҳо

665

771

+106

 

4.

Эътирозҳо

623

760

+137

 
 

Аз ин ба қарорҳои раиси шаҳру ноҳияҳои вилоят

242

293

+51

 

5.

Пешниҳодҳо

324

346

+22

 

6.

Интизомӣ

265

302

+37

 

7.

Моддӣ

450

490

+40

 

8.

Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

1362

1380

+18

 

9.

Маблағи зарари барқароршуда

1118731 сомонӣ

1283328 сомонӣ

+164597 сомонӣ

 

10.

         

Парвандаи ҷиноятии дар самти замин оғозгардида

306

312

         +6

 
 

Аз ин коррупсионӣ

51

58

+7

 
 

Иқтисодӣ-коррупсионӣ

27

28

+1

 

11.

Замин ба ҳолати аввала бозпас гардонида шуд.

32,78

34,14

+1,36

 
             

Дар ин самт, дар маҷмӯъ 312 (306) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз ин шумора 58 (51) парвандаҳои ҷиноятӣ коррупсионӣ ва 28 (27) тоаш иқтисодии хусусияти коррупсионидошта мебошанд.

Вобаста ба ошкор кардану оғози парвандаҳои ҷиноятии мансабӣ кори хуби прокуророни ноҳияҳои Н.Хусрав, Шаҳритус, Кӯшониён, Ёвон ва Фархор қобили қайд мебошад.

Дар ин давра ҳангоми санҷишҳо ҳолатҳои қабули қарорҳои беасос ва ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо намудану вобастакунии қитъаи замин, беасос қатъ намудан ва тағйир додани ҳуқуқи истифодаи онҳо, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ бо мақсадҳои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои гуногун ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Дар ин давра, ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани қитъаи замини муассисаи давлатӣ низ ошкору чораандешӣ карда шуд.

Масалан, мутахассиси шуъбаи заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Шаҳритус Миралиев М. бо истифода аз ваколати мансабӣ ба раиси Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус Туйчиева С., эксперти ҳуҷҷатҳои заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Шаҳритус Мусоев С., сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус ва дигарон маслиҳати пешакӣ намуда, ба аъмоли ғайриқонунӣ додани қитъаи замини муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус даст задаанд.

12 майи соли 2025 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Миралиев М., Ҷумаев А., Мусоев С. ва дигарон бо моддаҳои 3381 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар ин давра, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шумораи 293 (242) қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор ва бинобар хилофи талаботи қонунгузории замин будани онҳо эътироз оварда шуд.

Дар ин самт кори хуби прокуророни ноҳияҳои Шаҳритус 10 (4), Дӯстӣ 15 (6), Кӯшониён 30 (16), Ҷайҳун 9 (3), Ёвон 10 (6), Восеъ 11 (7) ва Ш.Шоҳин 6 (2) мавриди зикр мебошад.

Ба ғайр аз ин, ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ муайян гардид, ки ҳисоботҳо вобаста ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо ва намудҳо дар ҳудуди вилоят ба асли заминҳои мавҷуда мувофиқат накарда, масъулини идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи заминҳо оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо ва намудҳо вазифаҳои хизматиашонро ба таври дахлдор иҷро накарда, ба мақомоти болоии заминсозӣ ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардаанд.

Дар ҳудуди вилоят ҳолатҳое ҷой доранд, ки кормандони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо солҳои зиёд бе музди меҳнати моҳона кор карда, вале ягон шикоят намекунанд, ки ин ҳолат худ ба таври доимӣ ба амалҳои ғайриқонунӣ даст доштани кормандони ин мақомоти назоратиро дар соҳаи замин шаҳодат дорад.

Масалан, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш Тағоев И. бо фармоишҳои худ давоми солҳои 2023-2024 шаҳрвандон Одинаев Р., Давлатов У. ва Достиев Д.-ро ба ҳайси мутахассиси заминсозӣ ҳамчун шартномавӣ ба кор қабул карда, вале таъмини парохти музди меҳнати кормандонро ба иҷро намерасонад, ки дар натиҷа бархилофи талаботи қисми 2 моддаи 19 ва моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати мутахассисон зиёда аз як сол пардохт карда нашудааст.

Ин ҳолатро прокуратураи вилоят ошкор карда, бо натиҷаи санҷиш нисбати раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш Тағоев И. бо моддаи 153 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар давраи таҳлилӣ бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 34,14 (32,78) гектар қитъаҳои замини зери сохтмони худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввалааш бозпас гардонида шуд.

Прокуророни шаҳру ноҳияҳои Норак, Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиён фаъолиятро вобаста ба бозпас гардонидани қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон дуруст ба роҳ монда, корҳои назаррасро иҷро кардаанд, ки ҳамчун кори хуб қобили қайд мебошад.

Дар ин давра, аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ низ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба самараноку оқилона истифодабарии замин, бахусус оқибатҳои номатлуби ғасби замин, сохтмонҳои худсарона, хариду фурӯши замин ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон беҳтар гардида, бо ин мақсад дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин байни фаъолони деҳаю маҳаллаҳо ва бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва масъулони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои замин, меъморию шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои давлатии ҷангалу беҳдошти замин ва обёрӣ вохӯриҳо доир намуда, тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла тавассути радио баромадҳо пешкаши шунавандагон ва тариқи чопи мақолаҳо дар шабакаҳои интернетию маҷаллаҳо пешкаши хонандагон гардонида, дар умум 153 (147) маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, ба ин васила низ баҳри пешгирии минбаъдаи қонунвайронкуниҳо дар ин самт мусоидат карда шуд.

Кормандони прокуратураи вилоят минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сифат ва самаранокии фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ба мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат намоянд.

Замин аз дидгоҳи устуравию фалсафии миллати тоҷик ба гуфти устоди арҷманди мо Варқаи Зайниддин ҳама вақт муқаддас буд, ҳаст ва муқаддас хоҳад монд. Аз ин рӯ дар шароити гармшавии тоқатфарсою дигаргуншавии иқлими сайёра мо вазифадор ҳастем, ки ба замин, чун модари мушфиқ муносибат кунем ва пеши роҳи ҳар гуна амалҳои ғайриқонуниро гирифта, истифодаи дуруст, ҳифзи он ва фарҳанги заминдориро болотар бардорем. Зеро замин моро мехӯронад ва мепӯшонад.

Абдуғафурзода И., Сардори бахши назорати иҷрои қонунгузори замини прокуратураи вилояти Хатлон

Назари Шумо

Security code
навсозӣ