11:18:18 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бисту шаш соли маҳрумият аз озодии Зайд Саидов

Суди олии Тоҷикистон соҳибкори шинохта ва Раиси ҳизби ҳанӯз номнавинашудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидовро ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум намуд. Ҳамчуноне иттилоъ дода шуд, ин 26 солро вай бояд дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид пушти сар кунад, вале  то ба марҳилаи иҷро расидани ҳукмаш дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ нигаҳдорӣ мешавад.

zayd-saidov 54178544Додгоҳ Зайд Саидовро аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ - 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор донистааст.  Тавре Исҳоқ Табаров, яке аз ҳимоятгарони вай иброз дошт, ба муҷарради ба даст овардани нусхаи қарори суд, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов аз пуровозатарин мурофиаҳои судии чанд соли охир дар кишвар буд. Аз нахустин рӯзи оғозаш то охирин лаҳазот дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат қарор дошт. Хабари боздошт ва оғози парвандаву шуруъи мурофиа Зайд Саидовро ба хабарсозтарин чеҳра табдил дод.

Шояд матбуоти Тоҷикистон ба ҳич шахсияте ин сон таваҷҷуҳ накарда буд, ҳатто пӯшиши хабарии интихобот барин маъракаи сарнавиштсоз бозори расонаҳоро ба ин ҳад гарм нигоҳ надошта буд. Дар охирин рӯзи мурофиа, вақте ҳукми суд бояд қироат мешуд, даҳҳо тан аз ҳаводоронаш назди боздоштгоҳ ҳозир шуданд. Кор ба ҷое расид, ки аз миёни анбуҳи одамон наворбардори "Озодагон" Абдураҳим Шукуров аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт ва баъди як шабонарӯз бо ҷарима озод карда шуд.

Тибқи иттилои хабаргузории давлатии "Ховар" Прокуратураи генералӣ аз тафтишотӣ иловагӣ ба парвандаи Зайд Саидов хабар дод. Дар он аз ҷумла омадааст, ки "бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3 ва 69 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида ба Саидов Зайд Шерович ҷазои ниҳоии 26 (бисту шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Мутобиқи моддаҳои 51 ва 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд.

Инчунин бо таъиноти суд як лаҳзаи айби ба Саидов З.Ш. эълоншуда бинобар исбот нашудани гуноҳаш қатъ карда шуда, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бо се лаҳзаи айби эълоншуда ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд".

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi