ЗАРИФӢ АВСТРИЯРО БА ТАРҲИ РОҒУН ДАЪВАТ КАРД
02.04.2011 14:34
2617
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар чаҳорчӯби боздидаш аз Вена аз Австрия даъват кард, ки дар пайи анҷоми ташхисоти Бонки ҷаҳонӣ дар озмуни иҷрои тарҳи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун ширкат кунад.
ИМРӮЗ ДАР ЭЪТИРОЗҲОИ ҚАНДАҲОР 5 ТАН КУШТА ШУДАНД
02.04.2011 14:31
2113
Рӯзи шанбе дар шаҳри Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи дар Амрико сӯзондани «Қуръон» 5 нафар кушта ва 46 тани дигар захмӣ шуданд.
ДАР ТАЗОҲУРОТИ ДАРЪОИ СУРИЯ 3 НАФАР КУШТА ШУДААСТ
01.04.2011 22:38
2044
Дар Сурия ҳазорон нафар аз аҳолии шаҳри Даръо ва атрофи он рӯзи ҷумъа дар ин шаҳр раҳпаймӣ анҷом доданд. Ин шаҳр ҳоло ба маркази тазоҳуроти эътирозӣ табдил ёфтааст.
ДАР МАЗОРИ ШАРИФИ АФҒОНИСТОН 7 ХОРИҶӢ КУШТА ШУДААНД
01.04.2011 22:36
2001
Мақомоти расмии Афғонистон ва сухангӯи СММ мегӯянд, дар ҳамлае ба намояндагии ин созмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон 7 корманди хориҷии СММ кушта шудаанд.
НИРУҲОИ ТУРКИЯ БО ШӮРИШИЁНИ КУРД ЗАДУХУРД КАРДАНД
01.04.2011 22:34
1815
Мақомоти Туркия мегӯянд, рӯзи ҷумъа нируҳои ин кишвар дар наздикии марз бо Сурия бо шӯришиёни курд вориди даргирӣ шудаанд.
САФАРИ САФИРОНИ ИМА ВА БРИТОНИЁ БА ВОДИИ РАШТ
01.04.2011 15:51
2143
Сафири ИМА Кен Гросс ва Сафири Бритониё Тревор Мур аз 28 то 30 март ба Ғарм ва водии Рашт ташриф оварданд то минтақаро беҳтар омӯзанд ва роҳҳои вусъат додани ҳамкориҳоро пайдо намоянд. Рӯзи якуми боздиди худ аз Рашт сафирон бо раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов ...
ЭЪЛОМИ АСОМИИ НОМЗАДҲОИ ИНТИХОБОТИ МИЁНДАВРАӢ
01.04.2011 14:54
1979
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон асомии панҷ номзад ба интихоботи миёндавраии порлумониро, ки моҳи май баргузор хоҳад шуд, эълом кард. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, се нафар аз ин афрод намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ду нафар номзадҳои инфиродӣ будаанд.
ШУРӮИ ДОДГОҲИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ
31.03.2011 11:36
2534
Ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи маҳбусони фирорӣ, ки дубора боздошт шудаанд, оғоз кард. Дар ин бора ба радиои "Озодӣ" як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод. Ба қавли ин манбаъ, ҳоло дар курсии ҷавобгарӣ 11 маҳбуси ...
СОНЕҲАҲО ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗӢ 13 КУШТА ДОД
31.03.2011 11:23
2510
Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон 24 садами утумубилӣ рух дод ва бар асари ин ҳаводис 13 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Бар асоси иттилоъи бахши пулиси роҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сонеҳаҳо, ки аз 18 то 23 уми моҳи март дар роҳҳои ин кишвар ....
ДАВЛАТИ СУРИЯ ИСТЕЪФО КАРД
30.03.2011 11:26
2250
Ба дунболи беш аз як ҳафтаи нооромӣ телевизиюни давлатии Сурия эълом карда, ки давлати ин кишвар истеъфо дода ва Башор Асад низ ин истеъфоро пазируфтааст.
КОҲИШИ МӮҲЛАТИ ҲАБСИ ФАРЗАНДОНИ МИРЗО ЗИЁЕВ
29.03.2011 15:26
2348
Додгоҳи таҷдиди назар мӯҳлати ҷазои Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммад Зиёевҳоро ба муддати 15-солӣ кам кард. Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" хабари мазкурро тасдиқ кард.
Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР ШӮРОИ ПОРЛАМОНИИ САҲА СУХАНРОНӢ МЕКУНАД
29.03.2011 15:24
2414
Қарор аст Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар Вена дар Шӯрои порламонии САҲА суханронӣ кунад.
ДАР ДУШАНБЕ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ БАРРАСӢ МЕШАВАД
29.03.2011 15:23
2515
Тибқи хабари “Ховар”, 29, 30-юми март дар шаҳри Душанбе коршиносон аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон тарҳеро зери номи “Таҳаққуқи стратегияи зидди террористии СММ дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ мекунанд.
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ
29.03.2011 13:30
2357
Бахши вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон афроди мустаъид ба кори ин вилоятро барои ширкат дар корҳои кишоварзӣ даъват кардааст.
НОМЗАДИИ АМИРҚУЛ АЗИМОВ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
28.03.2011 12:24
2330
Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Сино сабқат мекунад. Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи иттилооти ҲХДТ, гуфт, вакилони конфронси 27-уми ҲХДТ дар ноҳияи Сино аз номзадии ҷаноби Азимов пуштибонӣ намудаанд.
















