Никола Тесла: Марде, ки асри бистумро ихтироъ кард
Чеҳраҳои мондагор
Як марде, ки ҳеҷ гоҳ мактаби олиро хатм накард, тавонист бо ақли худ тамоми дунёи барқро дигаргун созад. Як марде, ки дар ҷанг бо Томас Эдисон пирӯз шуд ва ба инсоният нишон дод, ки ҷараёни мутановиб роҳи оянда аст. Ин мард Никола Тесла (Nikola Tesla) ихтироъкор, муҳандиси электротехника ва радио, физикдон ва ояндапажӯҳи сербитабори амрикоӣ буд. Ӯро бисёре аз мунаққидон ва биографҳо «марде, ки асри XX-ро ихтироъ кард» меноманд . Дар ҳаёти пурфарозиву нишеби худ, ӯ беш аз 300 патент ба даст овард ва садҳо ихтирооти дигарашро ба қайд нагирифт.

Солҳои аввал — аз Смилян то Ню-Йорк
Никола Тесла 10 июли соли 1856 дар деҳаи Смилян дар қаламрави Хорватияи имрӯза, ки он замон ба Австрияи Утриш дохил буд дар оилаи серб ба дунё омад. Падараш Милутин Тесла рӯҳонии православӣ буд ва модараш Георгина Мандич зани босавод ва ихтироъкор буд. Аз модараш буд, ки Тесла истеъдоди ихтироъкорӣ ва ҳофизаи аҷиби худро ба мерос гирифт.
Тесла бидуни дарёфти мадраки таҳсилӣ дар риштаи муҳандисӣ ва физик таҳсил кард. Вай дар Донишгоҳи технологии Гратс ва Донишгоҳи Прага таҳсил намуд, вале ҳеҷ яке аз онҳоро хатм накард. Бо вуҷуди ин, дониши амиқи ӯ дар соҳаи физика ва муҳандисӣ ӯро ба яке аз бузургтарин ақлҳои аср табдил дод.
Муҳоҷират ба Амрико ва рӯ ба рӯӣ бо Эдисон
Соли 1884, Тесла ба ИМА муҳоҷират кард ва шаҳрванди Амрико шуд. Ӯ муддате дар Ню-Йорк дар ширкати Томас Эдисон кор кард. Эдисон, ки ҷараёни мустақим DC-ро таблиғ мекард, ба Тесла ваъда дод, ки агар муҳаррики генераторҳои ӯро такмил диҳад, 50 ҳазор доллар мукофот медиҳад. Тесла корро анҷом дод, вале Эдисон ба ваъдааш вафо накард ва ин ба оғози «ҷанги ҷараёнҳо» табдил ёфт .
Тесла бовар дошт, ки ҷараёни мутановиб (AC) нисбат ба ҷараёни мустақим (DC) беҳтар аст, зеро онро тавассути трансформаторҳо ба осонӣ ба шиддати баланд ва паст табдил додан мумкин аст ва дар масофаи дур бефоида намешавад. Ин ҷанги шадид дар ниҳоят бо пирӯзии системаи AC ва татбиқи он дар тамоми ҷаҳон ба охир расид.
Ихтироот ва кашфиётҳои бузург
Тесла дар тӯли фаъолияти худ ихтирооти бисёре анҷом дод, ки ҳар кадом дар ҷои худ инқилобӣ буданд:
- Системаи ҷараёни мутановиб (AC) асоси системаи муосири барқрасонӣ дар саросари ҷаҳон.
- Мотори асинхронӣ муҳаррике, ки дар асоси майдони магнитии даврзан кор мекунад ва имрӯз дар саноат ва ҳаёти ҳаррӯза васеъ истифода мешавад.
- Трансформатори Тесла дастгоҳе барои тавлиди шиддати баланди барқӣ, ки дар технологияи бесим ва таҷрибаҳои физикӣ васеъ истифода мешавад.
- Контроли радиоии фосилавӣ соли 1898, Тесла дар намоишгоҳи барқ дар Мадисон-Сквер-Гарден қаиқи хурдеро, ки бо радио идора мешуд, намоиш дод ин аввалин «телеавтомат» ё роботи фосилавӣ буд.
- Системаи бесими интиқоли энергия Тесла дар бораи интиқоли энергияи барқӣ бе симу ноқилҳо орзу дошт ва дар ин роҳ озмоишҳои сершумор анҷом дод.
Орзуи бузург — Бурҷи Ворденклиф
Яке аз бузургтарин орзуҳои Тесла сохтани Бурҷи Ворденклиф дар Лонг-Айленд буд иншооте, ки бояд энергияи барқиро бесим ба тамоми ҷаҳон интиқол медод. Ин лоиҳаи бузург, аммо бинобар мушкилоти молӣ ва ихтилоф бо Ҷон Пирпонт Морган сармоягузори асосӣ, ҳеҷ гоҳ ба анҷом нарасид ва соли 1917 бурҷ хароб карда шуд.
Солҳои охир ва мерос
Тесла дар солҳои охири умр дар ҳолати камбизоатӣ ва танҳоӣ зист. Ӯ 7 январи соли 1943 дар Ню-Йорк, дар синни 86-солагӣ даргузашт. Сарфи назар аз душвориҳои молӣ, ӯ то охири умр ба тадқиқот ва ихтирооти худ идома дод.
Имрӯз, номи Тесла дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст:
- Тесла воҳиди ченаки зичии гардиши магнитӣ (магнитная индукция).
- Ширкати машҳури Tesla Motors ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.
- Фурудгоҳи байналмилалии Белград ба номи Никола Тесла ном дорад.
- Дар саросари ҷаҳон кӯчаҳо, муассисаҳои илмӣ ва ҳатто ситорае дар осмон ба номи ӯ гузошта шудаанд.
Чаро «Чеҳраи мондагор»?
Никола Тесла на танҳо ихтироъкор, балки ояндапажӯҳе буд, ки беш аз як аср пеш технологияҳоеро тасаввур карда буд, ки ҳоло ҳам барои мо нав ва ҷолиб ба назар мерасанд. Ӯ ба ҷаҳон исбот кард, ки ақли инсон метавонад аз маҳдудиятҳои замон ва ҷойгоҳ боло барда, роҳи ояндаро бисозад. «Ҷанги ҷараёнҳо»-и ӯ бо Эдисон на танҳо муборизаи ду ихтироъкор, балки муборизаи ду ҷаҳонбинии мухталиф буд ва Тесла пирӯз шуд. Номи ӯ дар таърихи инсоният ҳамчун рамзи нобиға, ирода ва муборизаи бепоён барои пешрафти инсоният то абад боқӣ хоҳад монд.
“Рӯзгор”
















