09:20:12 11-уми Сентябри 2026 сол
ТАСДИҚИ РАСМИИ ҲАЛОКАТИ МУЛЛО АБДУЛЛО 16.04.2011 21:56 2031
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як баёния ҳалокати Мулло Абдулло ва 14 мусаллаҳи ӯро тасдиқ кард. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки амалиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шудани маҳалли будубоши он  "дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт ...
ПАРВАНДА АЛАЙҲИ ПАЙРАВОНИ МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ 16.04.2011 16:28 2099
Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки алайҳи ҳафт нафар аз ҷонибдорони сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
5 САРБОЗИ НАТО ВА 4 САРБОЗИ АФҒОН КУШТА ШУДАНД 16.04.2011 16:27 2313
Мақомоти НАТО мегӯянд, ки имрӯз як бамгузори интиҳорӣ дар пойгоҳи низомӣ дар шарқи Афғонистон 5 сарбози нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятиро ба қатл расондааст.
ҲАМЛАИ МУШАКИИ НИРУҲОИ ҚАЗЗОФӢ БА МИСРАТАИ ЛИБИЯ 16.04.2011 16:26 2256
Шӯришиёни Либия мегӯянд, ки имрӯз нируҳои Муаммар Қаззофӣ ба шаҳри соҳилии Мисрата дастикам 100 мушаки Град партоб кардаанд. Талафоти ҷонӣ ба бор наомадааст.
ЛАВРОВ: РУСИЯ ХОСТОРИ ҲАЛЛИ СИЁСИИ ҚАЗИЯИ ЛИБИЯ АСТ 15.04.2011 23:49 2333
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш хостори хатми амалиёти низомӣ ва ҳалли сиёсиву дипломатии қазияи Либия аст.
УЛАМОИ ЯМАН ХОСТОРИ ИСТЕЪФОИ АЛӢ АБДУЛЛО СОЛЕҲ ШУДАНД 15.04.2011 23:46 2198
Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, намоишҳои оммавии ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ шурӯъ шуданд. Баъд аз намози ҷумъа ҳазорон нафар ба хиёбонҳои шаҳр рехтанд.
ВУД: "МУЛЛО АБДУЛЛО КУШТА ШУД" 15.04.2011 19:56 2942
Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва даҳ ҷонибдори ӯ дар як амалиёти вижаи мақомоти қудратӣ кушта шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки ин амалиёт тавассути сохторҳои қудратии Тоҷикистон ...
ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНA ДАР НОҲИЯИ РАШТ 15.04.2011 19:39 2461
Дар даргирии мусаллаҳонa дар ноҳияи Рашт 3 корманди Вазорати умури дохилӣ ва 1 маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Дар ин бора як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст.
РАСМУССЕН: "ҲАР ҚАДАР ЛОЗИМ ШАВАД, НАТО АМАЛИЁТИ ЛИБИЯРО ИДОМА ХОҲАД ДОД" 14.04.2011 21:21 1896
Имрӯз раҳбари НАТО Андерс Фог Расмуссен ӯҳдадор шуд, ки ин эътилофи низомӣ рисолати худро дар Либия «ҳар қадар лозим шуд, идома хоҳад дод».
ШУМОРИ ГУМОНБАРОНИ ТАРКИШИ МИНСК АФЗОИШ МЕЁБАД 14.04.2011 21:19 2318
Беларус дар бораи боздошти боз ду гумонбари дигари таркиши террористӣ дар метрои пойтахт - шаҳри Минск, ки рӯзи 11 апрел рух дод, хабар дод. Ҳоло шумори умумии гумонбарони таркиш панҷ нафар гуфта мешавад.
ИХРОҶИ ДАҲҲО ДОНИШҶӮ АЗ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН 14.04.2011 18:22 1950
Кашфи чандин санади тақаллубӣ мунҷар ба ихроҷи даҳҳо донишҷӯ аз донишгоҳҳои умдаи Тоҷикистон шудааст. Дар ин робита ҳамчунин дар мавриди иддае аз мудирони мактабҳои ҳамагонии мутавассити кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда ва бархе аз онҳо боздошт шудаанд.
САФАРИ РАҲБАРИ ПОКИСТОН БА АФҒОНИСТОН 14.04.2011 18:20 2239
Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе барои дидору гуфтугӯ бо раҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай ба Кобул сафар мекунад. Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Покистон, нахуствазир ба Кобул бо даъвати Карзай парвоз хоҳад кард.
ПОКИСТОН: ДАР АМАЛИЁТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН 18 ҶАНГӢ КУШТА ШУД 14.04.2011 18:17 1942
Мақомоти Покистон гуфтанд, ки артиш ва нирӯҳои ниманизомии онҳо бо пуштибонии чархболҳои низомӣ маконҳои Толибонро дар минтақаи қабиланишини Моҳманд, воқеъ дар наздикии марзи Афғонистон ҳадаф қарор доданд.
ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ТУНИСРО ДАР 18 МАВРИДИ ҶИНОЯТ АЙБДОР МЕКУНАНД 14.04.2011 18:14 2071
Вазири адлияи Тунис гуфт, ки додситонҳо талош доранд раиси ҷумҳурии барканоршуда Зануллобиддин Бен Алиро аз рӯи 18 банди қонун, аз ҷумла кштор ва қочоқи маводи мухаддир дар додгоҳ муҳокима кунанд.
МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ ПИСАРИ СОБИҚ ДОДСИТОНИ КУЛЛ 14.04.2011 15:55 1815
Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисорро шурӯъ кард. Додситонӣ Файзулло Бобохоновро дар асоси 10 модда, ба 22 мавриди нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мекунад.