Песков аз меҳварҳои суҳбати Путин ва Пизишкиён дар Бишкек гуфт
Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, киПрезидентҳои Русия ва Эрон Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён дар ҷараёни музокироти пешорӯ дар Бишкек вазъи кунунии минтақаи Халиҷи Форс ва инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи душанбе барои иштирок дар нишасти сарони СҲШ ба Бишкек омад. Рӯзи сешанбе музокироти дуҷонибаи раҳбари Русия бо президенти Эрон дар назар аст.
Песков дар идомаи суҳбат гуфт: “Вазъияти атрофи Эрон ва Халиҷи Форс фардо мавриди таҳлил қарор мегирад. Яқинан, президент Пизишкиён Путинро аз он чизе, ки рух дода истодааст, бохабар хоҳад кард”.
Ғайр аз ин, дар мулоқоти пешорӯ президентҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Сарвари дафтари матбуоти Кремл ҳамчунин зикр кард, ки дар ин дидор масоили равобити дуҷониба низ сарфи назар намешаванд: «Муносибатҳои мо рӯ ба рушданд ва мо ба мақсаду вазифаҳои худ барои таҳкими шарикӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои гуногун устувор мемонем. Аз ин рӯ, раҳбарон гуфтушуниди хеле ҷиддӣ ва доманадор хоҳанд дошт».
“Рӯзгор”
















