08:19:13 02-уми Сентябри 2026 сол

Мулоқот бо Владимир Путин: баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

55502060911 71a9590c82 bДар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.

Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд.

Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

president.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ