08:26:41 04-уми Сентябри 2026 сол

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд

26 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд.

photo 2026-08-28 10-20-17Файзалӣ Идизода сокинони Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангворро бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, онҳоро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват намуд.

Вакили мардумӣ иброз дошт, ки «Истиқлоли давлатӣ барои мо имкони беназири таърихӣ фароҳам овард, ки таҳти сарварии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба давлати ободу шукуфон табдил диҳем. Ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат дар бахши об ва иқлим имрӯз Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешоҳанги ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ташаббускор муаррифӣ мекунанд. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ду соли охир аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», Даҳсолаи амалиёт барои илмҳои пиряхшиносӣ (2025–2034) ва «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» эълон гардиданд».

Конфронси нахустини сатҳи баланди «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» ва Даҳсолаи амалиёт барои илмҳои пиряхшиносӣ (2025–2034) дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин иқдомҳои глобалӣ на танҳо обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебаранд, балки нишон доданд, ки кишвари мо дар татбиқу ҳифзи сулҳ, иқлим ва рушди ҳуқуқии башарият нақши муҳим дорад.

Дар вохӯрӣ интихобкунандагон ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саволҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла беҳтар кардани ҳолати роҳҳо, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои муҳим муроҷиат намуданд. Вакили халқ ба ҳар савол ва дархости сокинон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, фикру ақида ва роҳҳои ҳалли ҳуқуқию амалии онҳоро баён дошт. Таъкид гардид, ки тамоми пешниҳодҳо зери назорати қатъӣ гирифта ва барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор расонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ