23:37:05 10-уми Сентябри 2026 сол

Аз 11 то 13 сентябр дар Душанбе ва Хатлон ҳавои чангу ғубор дар назар аст

Аз 11 то 13 сентябр дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зиёдшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки ин ҳолат ба сабаби ворид шудани хокбориш (чангу ғубор) аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба амал меояд.

obu hav0 45545

Минтақаҳои зери хавф:

  • Шаҳри Душанбе
  • Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
  • Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Дар ин рӯзҳо дар ҳаво баланд шудани миқдори заррачаҳои муаллақи чанг (Рм-10 ва Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.

Тавсияҳои муҳим барои сокинон:

Аз сайругашти зиёди рӯзона дар кӯчаву хиёбонҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоед.

Бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои селхез сафар накунед.

Кӯдакон, шахсони калонсол, занони ҳомила ва нафарони гирифтори бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас бояд худро аз таъсири чангу ғубор ва гармӣ махсус муҳофизат кунанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ