Олимони Ҳиндустон бо мероси таърихии Тоҷикистон шинос шуданд
Олимони Ҳиндустон таҳти роҳбарии профессор Рамакант Двидевӣ (роҳбари Маркази таҳқиқоти кишварҳои ИДМ-и Институти MERI ва директори Бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ) бо сафари омӯзишӣ ба Тоҷикистон омаданд. Меҳмонон дар доираи ин сафар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар рафти сайри осорхона олимони ҳиндӣ бо таърихи бисёрасра ва марҳилаҳои ташаккули давлатдории халқи тоҷик шинос шуданд. Ба онҳо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва намунаҳои арзишманди мероси моддию маънавӣ, аз ҷумла осори ёдгориҳои Саразм, Панҷакенти қадим, Тахти Сангин ва Аҷинатеппа муаррифӣ гардиданд.
Ин боздид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию фарҳангии байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон хидмат мекунад.
















