"26 НАФАР ДАР МАРОСИМИ ҶАНОЗА ДАР СУРИЯ КУШТА ШУДААНД"
10.04.2011 21:52
2390
Мудофеъони ҳуқуқи башари сурӣ мегӯянд нерӯҳои амниятӣ 26 нафарро дар шаҳри ҷанубии Диръо куштаанд. Гуфта мешавад ин афрод замоне кушта шуданд, ки дар маросими хоксупории тазоҳуркунандагони кушташуда дар даргириҳои гузашта ширкат мекарданд.
«ИСТИҚЛОЛ» МАРОТИБАИ ДУВВУМ СОҲИБИ СУПЕРКУБОК ШУД
09.04.2011 18:39
2793
Чанд лаҳза пештар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа маркази вилояти Хатлон бозии футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар ТАДАЗ» барои гирифтани Ҷоми Ҷомҳо ё худ Суперкубок ба анҷом расид. Дар тӯли навад дақиқаи бозӣ ба ҳеҷ кадом аз тарафҳо муяссар нашуд ...
ЭЪТИДОЛИ ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ИСФАРАВУ БОДКАНД
09.04.2011 11:39
1819
Дар марзи Исфараву Бодканд нерӯҳои мусаллаҳи тоҷику қирғиз мардуми ба шӯр омадаро пароканда карданд. Бинобар хабарҳои расида аз Исфара, дар мавзеъҳои наздимарзӣ нерӯҳои сарҳадбониву интизомӣ ва амниятии тоҷику қирғиз вазъро таҳти назар гирифтанд.
«МО АЗ ЭНЕРГЕТИКАИ МИРАНДА АНДӮҲГИН ҲАСТЕМ»
08.04.2011 15:37
1728
Як гурӯҳ аз ҷомиаи интернетӣ имрӯз 8-уми апрел дар назди бинои ширкати «Барқи тоҷик» флеш- моб - ҳамоиши сареъ ва сулҳомезеро баргузор карданд.
ГУЛ ШЕРАЛӢ ОВОЗАҲОИ БАРҚФУРӮШИРО РАД КАРД
07.04.2011 21:22
2075
Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон сару садо дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистону Покистонро рад кард. Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи 7-уми апрел бо баргузории нишасти хабарии ғайримунтазира бори дигар вазъияти ба вуҷудомада ...
ШАШ ПУЛИСИ АФҒОН ДАР ҚАНДАҲОР КУШТА ШУДАНД
07.04.2011 21:08
1907
Шӯришиёни марбут ба Толибон дар ҳамла ба як маркази омӯзишии пулис дар Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон шаш тан аз нерӯҳои амниятии ин кишварро куштанд. Мақомҳои маҳаллӣ дар ҷануби Афғонистон гуфтаанд дастикам се тан аз шуришиён низ дар ин ҳамла кушта шудаанд.
МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ
07.04.2011 15:07
2080
Имрўз, 7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат доир ба вазъи таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ машварати корӣ доир намуд. Доир ба ин мавзўъ гузориши Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва Раиси ШСХК ...
ҲАМРОҲХОН ЗАРИФӢ БА ТОШКАНД РАФТ
07.04.2011 11:16
2425
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, барои ширкат дар мулоқоти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканд рафтааст.
ГУЗОРИШҲО: ҚАЗЗОФӢ БА ОБАМА ПАЙҒОМ ФИРИСТОД
06.04.2011 21:54
2606
Хабаргузориҳо мегӯянд, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ рӯзи чоршанбе ба номи президенти Амрико Барак Обама номае фиристод.
МУВОФИҚАТИ ИМА ВА РУСИЯ БО ТАЪМИНИ АФҒОНИСТОН БО ЧАРХБОЛҲОИ НИЗОМӢ
06.04.2011 21:49
2484
ИМА ва Русия, тибқи гузоришҳо, бар сари ҷузъиёти созишномаи марбут ба таъмини Афғонистон бо 21 чархболи русии MI-17 мувофиқат карданд.
ДАР БАДАХШОН НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АЗ ПАНҶ СОМОНӢ ГУЗАШТ
06.04.2011 12:20
2156
Инак чанд рӯз боз соҳибони автомашинаҳое, ки бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон як литр соляркаро бо нархи 5 сомониву 20 дирам мехаранд.
ТАҒЙИРИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ
05.04.2011 21:35
2220
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар бархе аз шаҳру ноҳия ва ҷузвутомҳои Горди миллӣ дигаргуниҳо ба амал омад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов ...
ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ҚУРЪОНСӢЗИРО МАҲКУМ КАРД
05.04.2011 21:32
2169
Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ҳодисаи сӯзондани нусхае аз китоби "Қуръон" дар иёлати Флуридои Омрикоро маҳкум кардааст.
МАҲКУМИЯТИ ЧАҲОР ЗИНДОНБОН БАРОИ ФИРОРИ ЗИНДОНИЁН
05.04.2011 15:29
2271
Чаҳор нафар аз зиндонбонҳои боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ду то ба 8,5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин афрод дар нокомӣ дар иҷрои вазоифи худ, ки боъиси фирори 25 зиндонӣ дар шаби 23-и августи гузашта шудааст, муҷрим шинохта шудаанд.
ТОҶИКОН БО ТАШАННУҶИ АВЗОЪ ЯМАНРО ТАРК МЕКУНАНД
05.04.2011 15:19
2149
Тибқи иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон беш аз 20 хонаводаи тоҷик омодаи интиқол ба кишваре босубот аз Яман ҳастанд. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат, дар Яман дастикам 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксари онҳо пизишкон ҳастанд, кор ва зиндагӣ мекунанд.
















