23:27:44 07-уми Сентябри 2026 сол

Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

Имрӯз дар шаҳри Тошканд мулоқоти ҳайатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳаракати тадбиркорон ва коршиносон — Ҳизби Либералӣ-Демократии Узбекистон баргузор гардид.

2026-09-06 17-32-52Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байниҳизбӣ, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои созанда байни ду ҳизби сиёсиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина, бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Раиси Ҳаракати тадбиркорон ва коршиносон — Ҳизби Либералӣ-Демократии Узбекистон Актам Ҳаитов Меморандуми ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳаракати тадбиркорон ва коршиносон — Ҳизби Либералӣ-Демократии Узбекистон ба имзо расид.

Санади мазкур қадами муҳим дар самти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд, тақвияти робитаҳои байниҳизбӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои табодули таҷриба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳисоб меравад.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди муносибатҳои байниҳизбӣ метавонад ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои ду кишвари ҳамсоя, ки бар пояи дӯстии дерина, ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, саҳми арзанда гузорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, кор бо ҷавонон ва занон, инчунин мубодилаи таҷрибаи кории сохторҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки робитаҳои наздик ва ҳамкории созандаи ҳизбҳои сиёсии ду кишвар яке аз воситаҳои муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Тоҷикистону Узбекистон ба шумор рафта, барои татбиқи ташаббусҳои муштарак ва таҳкими фазои эътимоду ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

“Ба имзо расидани Меморандуми ҳамкорӣ оғози марҳилаи нави ҳамкории байниҳизбӣ буда, барои густариши муносибатҳои судманд ва татбиқи иқдомҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад”, — шарҳ доданд аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ