65 ПАРВАНДАИ "ЗАМИНФУРӮШӢ" ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
12.04.2011 18:28
2249
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ 65 парвандаи ҷиноӣ дар қиболи афроде, ки дар масоили фурӯши замин ва истифодаи ғайримуассир аз он ба қонуншиканӣ даст задаанд, боз шудааст.
ДАРХОСТИ БОЗДОШТИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО
12.04.2011 14:01
2304
Додситонии кулли Тоҷикистон бори дигар хостори боздошти Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор" шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, мегӯяд, бо ин мақсад дархости расмии наве ба мақомоти Русия ва дигар кишварҳои марбута ...
МУҲОКИМАИ ФАРЗАНДИ БОБОХОНОВ БА ТАЪВИҚ УФТОД
12.04.2011 13:58
1959
Оғози муҳокимаи Файзулло Бобохонов, писари додситони кулли пешини Тоҷикистон, ба таъвиқ уфтод. Қарор буд рӯзи сешанбеи 12 апрел муҳокимаи оқои Бобохонов дар Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шавад.
ЯКЕ АЗ БИНОҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД ОТАШ ГИРИФТ
12.04.2011 13:56
1950
Субҳи рӯзи сешанбеи 12 апрел дар сохтмони факултети санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғаффуров оташсӯзии бузурге ба амал омад. Ин бино, ки дар хиёбони ба номи Фирдавсӣ, дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ҳудуди соъати 8:30 субҳ оташ гирифт.
САЛИМЗОДА: САЙДУЛЛО ПИРОВРО КУШТА БУДАНД
12.04.2011 13:54
2016
Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар қиболи марги раҳбари бахши аманияти дохилии вазорати умури дохила сарҳанг Сайдулло Пиров тибқи банди 104-уми Қонуни ҷиноӣ (куштор) парванда боз шудааст.
НАРХИ БЕНЗИН ДАР ДУШАНБЕ БА 5 СОМОНӢ РАСИД
12.04.2011 13:52
1840
Нархи бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Тоҷистон боло рафта, қимати як литри ин навъи маводи сӯхт дар Душанбе ба 5 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест ки дар поёни ҳафтаи гузашта нархи як литр бензин дар пойтахт 4 сомониву 70 дирам буд.
ХУҶАНД: ҲАМКОРИИ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ ВА ЖУРНАЛИСТОН
11.04.2011 22:00
1871
Намояндагии Институти бритонии инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хӯҷанд семинар-тренинги дурӯзаро дар мавзӯи «Ҳамкории ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва васоити ахбори омма» баргузор менамояд.
ЛАТУ КӮБИ ЯК ДИПЛОМАТИ ҚАЗОҚ ДАР ДУШАНБЕ
11.04.2011 21:52
1857
Дар Душанбе як дипломати қазоқ ва аҳли хонаводааш мавриди ҳамлаи гурӯҳе номаълум қарор гирифтаанд. Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе расмӣ дар ин бора иттилоъ додааст. Дар ин баёния аз ҷумла омадааст ...
ТАРКИШ ДАР МЕТРОИ МИНСК, ПОЙТАХТИ БЕЛАРУС
11.04.2011 21:47
2126
Дар таркише, ки шоми рӯзи сешанбе метрои Минск, пойтахти Беларусро такон дод, чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Хабаргузории русии «Интерфакс» ба нақл аз шоҳидони воқеа теъдоди кушташудагонро 2 нафар номидааст ...
ЗУМО: ДАВЛАТИ МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ ТАРҲИ СУЛҲРО ПАЗИРУФТ
11.04.2011 15:37
1879
Ҷейкуб Зумо, раиси ҷумҳури Офриқои Ҷанубӣ, гуфтааст давлати Либӣ тарҳи сулҳи Иттиҳодияи Офриқоро барои поён додан ба даргириҳои хунини ҳашт ҳафтаи гузашта пазируфтааст. Оқои Зумо ва се раҳбари дигари офриқоӣ рӯзи якшанбе бо сарҳанг Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, дар Таробулус пойтахти ин кишвар, мулоқот карданд.
КУШТА ШУДАНИ ЯК ТОҶИК ДАР МАРЗ БО УЗБАКИСТОН
10.04.2011 21:54
1852
Як сокини бистсолаи ноҳияи Зафаробод мавриди тирпарронии марзбонҳои узбак қарор гирифтааст. Шаби нӯҳуми апрели соли ҷорӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Зафаробод як сокини бистсолаи ин ноҳия бо зарби тир кушта шудааст.
"26 НАФАР ДАР МАРОСИМИ ҶАНОЗА ДАР СУРИЯ КУШТА ШУДААНД"
10.04.2011 21:52
2390
Мудофеъони ҳуқуқи башари сурӣ мегӯянд нерӯҳои амниятӣ 26 нафарро дар шаҳри ҷанубии Диръо куштаанд. Гуфта мешавад ин афрод замоне кушта шуданд, ки дар маросими хоксупории тазоҳуркунандагони кушташуда дар даргириҳои гузашта ширкат мекарданд.
«ИСТИҚЛОЛ» МАРОТИБАИ ДУВВУМ СОҲИБИ СУПЕРКУБОК ШУД
09.04.2011 18:39
2793
Чанд лаҳза пештар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа маркази вилояти Хатлон бозии футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар ТАДАЗ» барои гирифтани Ҷоми Ҷомҳо ё худ Суперкубок ба анҷом расид. Дар тӯли навад дақиқаи бозӣ ба ҳеҷ кадом аз тарафҳо муяссар нашуд ...
ЭЪТИДОЛИ ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ИСФАРАВУ БОДКАНД
09.04.2011 11:39
1819
Дар марзи Исфараву Бодканд нерӯҳои мусаллаҳи тоҷику қирғиз мардуми ба шӯр омадаро пароканда карданд. Бинобар хабарҳои расида аз Исфара, дар мавзеъҳои наздимарзӣ нерӯҳои сарҳадбониву интизомӣ ва амниятии тоҷику қирғиз вазъро таҳти назар гирифтанд.
«МО АЗ ЭНЕРГЕТИКАИ МИРАНДА АНДӮҲГИН ҲАСТЕМ»
08.04.2011 15:37
1728
Як гурӯҳ аз ҷомиаи интернетӣ имрӯз 8-уми апрел дар назди бинои ширкати «Барқи тоҷик» флеш- моб - ҳамоиши сареъ ва сулҳомезеро баргузор карданд.
















