МАОНИИ НОМҲО ВА СИФАТҲОИ ХУДОВАНД
Диққат: тарҷумаи тоҷикии номҳои Худованди бузург танҳо барои ошноии бештари хонандагон оварда шудааст, вагарна маонии бештари ин номҳо фақат бо забони арабӣ қобили фаҳми дурусту дақиқ буда, тарҷумаи онҳо бо як калима бисёр мушкилу номафҳум аст.
1. Аллоҳ: Аллоҳ. (Маъбуд)
2.Раҳмон: Бахшоишгар (ҳастибахш), бахшандаи неъмат, бидуни чашмдошти ҳамаи мавҷудот;
3. Раҳим: Меҳрубон-подошу неъматдиҳанда дар муқобили аъмоли некуи бандагон.
4. Малик: Соҳиб ва молики мутлақ ва вобаста ба худ (ҳама чиз ва ҳамаи мавҷудот дар ихтиёру тасарруфи ӯ ва ба ӯ вобастаанд).
5. Қуддус: Аз ҳар айбу нуқс (камбудӣ) пок.
6. Салом: Пок ва саломатибахши олам.
7. Мӯъмин: Ягона амонатдор ва амондиҳандаи махлуқот аз азоб.
8. Муҳаймин: Нигаҳбонӣ ва тасаллут бар олам.
9. Азиз: Соҳиби иззату бузургворӣ.
10. Ҷаббор: Худраъю ҷубронкунанда ва ислоҳгари ҳоли бандагон.
11. Мутакаббир: Ягона вуҷуде, ки ҳама бузургиҳо аз они ӯст.
12. Холиқ: Ба вуҷуд оварандаи олам аз нобудӣ ва офаринандаи махлуқот.
13. Борӣ: Ба вуҷуд оварандаи ҳамаи махлуқоте, ки дорои рӯҳ ҳастанд. Офаринандаи мавҷудот аз ҳамдигар.
14. Мусаввир: Суратдиҳанда ва тарроҳи оламу ҳама мавҷудот.
15. Ғаффор: Бисёр омурзанда (бахшандаи гуноҳ).
16. Қаҳҳор: Ғолибу чира ва бозгирандаи ҳама чиз.
17. Ваҳҳоб: Бисёр бахшанда ва неъматдиҳанда
18. Раззоқ: Ба вуҷуд оварандаи рӯзӣ ва тӯшаи ҳаёт ва холиқи сабабҳои ба даст омадани рӯзӣ.
19. Фаттоҳ: Бозкунандаи дарҳои хазинаҳои раҳматаш барои бандагон.
20. Алим: Огоҳу доно бар ҳама чиз ва дар ҳама аҳволу дар ҳама ҷо.
21. Қобиз: Гирандаи рӯҳу неъмат аз ҳар кӣ бихоҳад.
22. Босит: Вусъатдиҳандаи тӯшаи ҳаёт барои ҳар касе, ки бихоҳад.
23. Хофиз: Фурӯнишонанда ва хоркунандаи ҳар касе, ки сазовори зиллату хорӣ бошад.
24. Рофиъ: Бартаридиҳанда ба ҳар касе, ки сазовори бартарӣ (мартабаи баланд) бошад.
25. Муъиз(з): Бузургворибахш ва ёридиҳандаи касе, ки ба дин чанг зада аст.
26. Музил(л): Хоркунандаи душманони худ .
27. Самиъ: Шунавои ҳама садоҳо.
28. Басир: Бинои чизи пайдо ва нопайдо.
29. Ҳакам: Ягона довар ва ҳокиме, ки ҳеҷ радде дар қазовату доварии ӯ нест.
30. Адл: Додгари комил дар додгарӣ
31. Латиф: Огоҳ- бисёр дақиқ дар ҳама умур ва ашёи пайдову нопайдо
32. Хабир: Хабарҳои ботину пинҳон бар ӯ пӯшида нест.
33. Ҳалим: Сабуру шикебо - касе, ки хашм бар ӯ ғалаба намекунад.
34. Азим: Соҳиби азамат ва бузургӣ, ки дар азамат беҳамтост.
35. Ғафур: Бисёр омурзанда.
36. Шакур: Касе, ки подоши бисёр дар муқобили некии кам медиҳад.
37. Алӣ: Вуҷуде, ки мартабаҳои бузургии ӯ завқи тасаввур аст.
38. Кабир: Вуҷуде, ки ақлу эҳсос аз дарки комили ӯ нотавон аст.
39. Ҳафиз: Нигаҳдори аъмоли бандагон ва ҳар чизе, ки бихоҳад.
40. Муқит: Холиқи қуввату нерӯи ҳаёти моддӣ ва маънавӣ.
41. Ҳасиб: Вуҷуде, ки барои бандагонаш кофӣ аст. Ҳисобгари аъмоли бандагон дар рӯзи қиёмат.
42. Ҷалил: Вуҷуде, ки бартарин камолот аз они ӯст.
43. Карим: Бахшандае, ки бидуни суолу дархост мебахшад.
44. Рақиб: Вуҷуде, ки муроқибу нозири ҳамаи ашё ва ҳаракот аст.
45. Муҷиб: Ҷавобдиҳанда ба касоне, ки ӯро фарёд кунанд.
46. Восиъ: Вуҷуде, ки илму қудрат ва раҳмати ӯ ҳама ҷоро фаро гирифтааст.
47. -Ҳаким: Кордон-огоҳ ба чигунагӣ ва аҳдофи умуру ашёи олам.
48. Вадуд: Хостдори некӣ барои ҳамаи бандагонаш дар ҳама аҳвол.
49. Маҷид: Бузургворе, ки бузургвории ӯ бениҳоят аст.
50. Боис: Барангезонандаи паёмбарон-барангезонандаи мурдагон аз қабрҳо.
51. Шаҳид: Огоҳу назоратгар ва бинандаи ҳама ашё ва ҳаракоту сукуноти олам.
52. Ҳақ: Вуҷуди собит ва якнавохте, ки ҳаргиз тағйир ва дигаргуние дар роҳ надорад.
53. Вакил: ӯҳдадори ҳама умури бандагон ва мавҷудот.
54. Қавӣ: Соҳиби қудрату қуввати бениҳоят.
55. Матин: Нерӯманде, ки маҳкамкории ӯ бениҳоят аст.
56. Валӣ: Сарпараст ва мудири олами ҳастӣ ва ҳама мавҷудот.
57. Ҳамид: Касе, ки сазовори ҳама гуна ҳамду сано мебошад.
58. Муҳсӣ: Касе, ки ҳеҷ чиз дар муқобили илмаш пинҳон намешавад.
59. Мӯбдӣ: Оғоздиҳанда ба ҳама кас ва ҳама чиз.
60. Муъид: Касе, ки қудрати баргардондани ҳар чизро баъд аз адамаш дорад.
61. Муҳйӣ: Ҳаётдиҳанда-зиндагибахш.
62. Мумит: Салбкунанда ва гирандаи ҳаёт аз бандагон.
63. Ҳай: Ҳамеша зинда.
64. Қайюм: Вобаста ба худ, дар ҳоле ки ҳама мавҷудот ба ӯ вобастаанд.
65. Воҷид: Ба вуҷуд оварандаи ҳар чизе, ки ирода кунад.
66. Моҷид: Бузургиофарин.
67. Воҳид: Якто-ягона.
68. Самад: Бениёз аз ҳар чиз.
69. Қодир: Тавоно - тавоноибахш.
70. Муқтадир: Қудратмадор ва тавонои ҳақиқӣ.
71. Муқаддим: Пешдиҳанда ва бартаридиҳандаи баъзе аз умуру ашёе нисбат ба ҳамдигар.
72. Муаххир: Ақибандози ҳар чиз ва ҳар амре, ки бихоҳад.
73. Аввал: Вуҷуде, ки бар ҳар чиз пешӣ дорад.
74. Охир: Боқӣ-вуҷуде, ки болотар аз ҳама мавҷудот боқист.
75. Зоҳир: Вуҷуде, ки осори қудрату ҳастии ӯ пайдост.
76. Ботин: Вуҷуде, ки иҳота бар зоти ӯ ғайри мумкин аст.
77. Волӣ: Ягона сарпарасте, ки ҳамаи вилоятҳо аз ӯст.
78. Мутаолӣ: Дур аз айбу нуқс .
79. Бир(р): Вуҷуде, ки сарчашмаи ҳамаи некиҳост.
80. Таввоб: Тавбапазири туғёнгарону саркашон.
81. Мунтақим: Интиқомгир - азобдиҳандаи касоне, ки сазовори азобанд.
82. Афув(в): Бахшандаи гуноҳон ва омурзандаи тавбакунандагон.
83. Рауф: Вуҷуде, ки сарчашмаи раҳмату меҳрубонист.
84. Моликулмулк: Вуҷуде, ки ҳастӣ, ҳаракот ва сукуноти олам тобеи хости ӯст.
85. Зулҷалоли ва-л-икром: Соҳиби бузургворӣ ва камол.
86. Муқсит: Додрас ва додситони мазлумон аз ситамгарон.
87. Ҷомеъ: Дарбаргирандаи ҳама олами ҳастӣ ва ҷамъкунанда дар рӯзи қиёмат.
88. Ғанӣ: Зоте, ки бар ягон чиз мӯҳтоҷ нест ва ҳама ба ӯ мӯҳтоҷанд.
89. Муғнӣ: Бениёзкунанда.
90. Монеъ:Ҷилавгиркунанда аз мусибату мушкилот.
91. Зор(р): Зараррасон ба аҳли исён.
92. Нофеъ: Манфиатдиҳанда ба аҳли имон.
93. Нур: Рӯшноии мутлақ, ва рӯшноибахш.
94. Ҳодӣ: Роҳнамо ва дастгир.
95. Бадеъ: Беназир ва бешарик.
96. Боқӣ: Монданӣ.
97. Ворис: Молики ниҳоии тамоми махлуқот.
98. Рашид: Комили мутлақ ва бартаридиҳанда.
99. Сабур: Шикебо ва шикебоибахш.
Таҳияи Мунира ҲАБИБОВА
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/3768-2010-12-05-08-08-05.html
-
20.10.2026 15:45
221
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
209
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
324
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
833
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
177
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
354
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
284
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
248
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
191
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
275
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
181
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
255
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
316
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
427
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
235
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
220
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
261
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2454
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
224
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
317
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
482
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
394
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
385
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































