01:19:23 22-уми Октябри 2026 сол

Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард

Прокуратураи вилоят дар самти таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ дар 9 моҳи соли 2026 ҷамъан 78 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он 3482 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 771 амр, 54 эътироз ва 141 пешниҳод оварда шуда, нисбати 305 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1639 моддӣ, 523 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 76,1 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 47 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 12 парвандаи ҷиноятӣ коррупсионӣ ва 15 парвандаҳои ҷиноятии дорои хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ мебошанд.

duzdii barq 5445784545Ҷамъбаст, нишон дод, ки кормандони баъзе аз шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мансабӣ бояд масъалаи пешгирии дуздии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, пешгирии талафот ва напардохтани маблағи истифодаи қувваи барқро гиранд, лекин баръакс дар баъзан мавридҳо худ даст ба қонунвайронкунӣ зада, маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъоварикардашударо азонихуд намуда, бо ин роҳ ба манфиати давлат ва шабакаҳои барқ зарарҳои молумулкӣ мерасонанд.

Барои мисол, зимни баррасии муроҷиати шаҳрванд Тағойбеков Ф.М. истиқмоаткунандаи шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ҷ.Румӣ, муайян карда шудааст, ки моҳи ноябри соли 2025 номбурда барои кушодани утоқи дандонпизишкӣ, воқеъ дар шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ваҳдат ҷиҳати гирифтани шарти техникӣ ва хулосаи барқ ба Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар муроҷиат намуда, корманди шабакаи мазкур бо тахаллуси Ҳоҷӣ дар чанд ҳолат аз номбурда барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ҳаҷми 2450 сомонӣ маблағи пора талаб намуда гирифтааст.

Ғайр аз ин, 27 июли соли 2026 “Ҳоҷӣ” ном шахс аз номбурда боз маблағи 2800 сомонӣ ҳамчун пора талаб намуда, маблағи ба сифати пора талабнамудаашро тавассути ҳамиёни электронии “Душанбе Сити” гирифта ба охирон зарари моддӣ расонидааст.

27 июли соли 2026 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Бохтар нисбати Ҳоҷи ном шахс бо моддаи 32 қисми 3, 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ анҷом дода шудааст.

Ба ҳамин монанд, нисбати 20 нафар назоратчиёни шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, барои азонихудкунии 384601 сомонӣ маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро аз муштариён бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Инчунин, аз беназоратии масъулини шабакаҳои барқ истифода намуда, баъзе соҳибкорон ва шаҳрвандон ба ғайриқонунӣ истифода намудани қувваи барқ даст задаанд, ки ин ҳолат метавонад ба рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ таъсири манфӣ расонад.

Чунончӣ, Наврӯзов Г.И. истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Вобкант, қаблан соли 2025 барои бидуни ҳисобкунаки барқи истифода намудани қувваи барқ дар пойгоҳи обкашӣ (насоси обкашӣ) бо моддаи 382 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда бошад ҳам, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда такроран ба дуздии барқ даст задааст.

Бинобар ин, 22 майи соли 2026 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Қубодиён, нисбати Наврӯзов Г.И. бо моддаи 253 иловаи 1, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин дар давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи қонунии зикршуда вохӯриву сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, аз тарафи кормандони прокуратура ҳамчунин аз васоити ахбори омма (радио, телевизион ва матбуот) мунтазам истифода бурда шудааст.

Мунавварзода С.М., Прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854