ОХИРИН МУСОФИРИ БИҲИШТ ЧӢ КАСЕ МЕБОШАД?
Ҳар вақте, ки пурсида шавад: Аввалин касе, ки дарвозаи биҳишт барояш боз хоҳад шуд ва вориди он мешавад, кист? Бе шак ва бе гумон ҳама посух хоҳанд дод: Сарвари аввалин ва охирин ва сайиди Анбиё ва Мурсалин, Муҳаммади Мустафо (с). Аммо суоле, ки пеш меояд инаст, ки охирин мусофири биҳишт кист? Охирин касе, ки бар наъими муқим қадам мениҳад кист? Касе, ки пас аз вай дарҳои биҳишт баста мешаванд ва пас аз он касе вориди биҳиш намешавад, оре охирин мусофири биҳишт чӣ касе мебошад?
Расули Худо (с) достони ин мардро ба ёрони худ баён медорад, ки дар ҳадиси муттафақун алайҳ зикр шудааст. "Охирин мусофири биҳишт мардест, ки солиёни дарозро дар дӯзах зери азоб гузаронда, то ин ки ба сӯйи Худо дасти зорӣ дароз карда мегӯяд: Бори Худоё! Маро азин оташ наҷот деҳ, зеро ки буяш маро озор дода ва шуълаҳояш маро сузондааст. Худованд мегӯяд: Туро раҳо мекунам, аммо ба шарте, ки дигар аз ман чизе нахоҳӣ! Мегӯяд: Парвардигоро! Ба иззати ту қасам, ки пас аз он чизи дигаре аз ту нахоҳам.
Он гоҳ аз ҷаҳаннам наҷот меёбад ва аз пули сирот мегӯзарад, аз хушҳолӣ мегӯяд: баландмартаба аст Худованде, ки маро наҷот дод, бегумон инрӯз ба неъмате даст ёфтам, ки ҳеҷкадом аз гузаштагон ба он наёфта ва ҳеҷ як аз ояндагон бадон нахоҳад расид (ғофил азон, ки вай охирин мусофири биҳишт мебошад, аммо чаро ин суханро мегӯяд, зеро Худованд мефармояд: "Касе, ки аз оташ дур дошта шуд ва бар биҳишт ворид шуд, пас яқинан ба пирӯзӣ расидааст").
Дар ин миён ногаҳон дарахти сабз ва зебое дар муқобилаш мерӯяд ва аз зери он чашмае ҷорӣ мешавад, ва чун ин саҳнаро мебинад, мегӯяд: Бори Худоё! Маро ба ин дарахт наздик намо, то каме дар сояҳояш биёсоям ва аз обаш кафе бигирам. Парвардигораш мегӯяд: Эй фарзанди одам! Чи қадар сустпаймон ҳастӣ, магар аҳд накарда будӣ, ки дигар чизе аз ман нахоҳӣ?
Аммо Худованд ӯро маъзур медорад, чун медонад, ки ӯро дар муқобили неъматҳо сабр нестю. Он мард мегӯяд: Савганд ба иззати ту, ки дигар чизе аз ту нахоҳам, ва Худованд хостаи вайро мепазирад. Вақте, ки азон дарахт мегӯзарад, ногаҳон дарахти сабзтар ва зеботар аз дарахти аввал дар муқобилаш меруяд ва чун ин саҳнаро мебинад, мегӯяд: Бори Худоё! Маро ба ин дарахт наздик бинамо, то даме дар сояаш биёсоям, ва обаш кафе бигирам!
Парвардигораш мегӯяд: Эй фарзанди Одам! Чӣ қадар суст паймон ҳастӣ, магар аҳд набаста будӣ дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзӯр медорад, чун медонад, ки ӯро дар муқобили неъматҳо сабр нест. Он мард мегӯяд: савганд ба иззати тӯ, ки бори дигар чизе нахоҳам, ва Худованд хостаашро мепазирад.
Вақте, ки аз он дарахт мегӯзарад, ногаҳон дарахти сабзтар ва зеботар аз ду дарахти аввал дар муқобилаш мерӯяд ва чун ин саҳнаро мебинад, мегӯяд: Бори Илоҳо! Маро ба ин дарахт наздик кун, то даме дар сояаш бигирам ва аз обаш кафе бигирам! Парвардигораш мегҷӯяд: Эй фарзанди одам! Чӣ қадар суст паймон ҳастӣ, магар аҳд набаста будӣ, ки дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзур бедорад, чун медонад, ки ӯро сабр дар муқобили наъматҳо нест. Он мард мегӯяд: Савганд ба иззати ту!, бори дигар чизе нахоҳам ва Худованд хостаи вайро мепазирад.
Вақте, ки азон дарахт мегӯзарад, содои хушиҳои аҳли биҳиштро мешунавад, пас мегӯяд: Худоё! Маро ба биҳишт дохил намо! Худояш мегӯяд: Эй фарзанди Одам, чӣ қадар суст паймон ҳастӣ, магар аҳд набаста будӣ дигар чизе аз ман нахоҳӣ? Аммо Худо ӯро маъзур медорад, чун медонад, ки ӯро дар муқобили наъматҳо сабр нест, ва ба ӯ мугӯяд: вориди биҳишт шав, ва чун вориди биҳишт мешавад тасаввур мекунад биҳишт пур шуда ва ҳама қасрҳо ва неъматҳоро соҳиб шуданд ва чизе барояш боқӣ намонда, лизо бар мегардад ва мегӯяд:
Бори Илоҳо! Биҳиштро пур ёфтам, Худояш мегӯяд: Вориди биҳишт шав ва чун барои бори дуввум вориди биҳишт мешавад, бори дигар тасаввур мекунад биҳишт пур шуда ва ҳамаи қасрҳо ва неъматҳоро соҳиб шудаанд ва чизе барои ӯ боқӣ намондаанд, лизо бар мегардад ва мегӯяд: Бори Илоҳо, биҳиштро пур ёфтам! Худояш мегӯяд: Вориди биҳишт шав! Ва чун барои бори саввум вориди биҳишт мешавад, бори дигар тасаввур мекунад биҳишт пур шуда ва ҳамаи қасрҳо ва неъматҳоро соҳиб шуданд, ва чизе барояш боқӣ нагузоштанд, лизо бар мегардад ва мегӯяд: Бори Илоҳо! Биҳиштро пур ёфтам!.
Худояш мегӯяд: Он чиро мехоҳӣ, орзу кун ва чун орзу мекунад, Худояш мегуяд: Барои ту дар биҳишт ҳаст он чӣ орзу намудӣ ва даҳ баробари дунё! Он мард аз шиддати хушҳолӣ мегӯяд: Бори Илоҳо! Оё маро масхара мекунӣ! Дар ҳоле, ки ту фармонраво ҳастӣ? Расули Худо пас аз нақли ин достон барои Саҳоба (р), хандиданд".
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3845-2010-12-12-16-46-31.html
-
20.10.2026 15:45
223
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
324
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
833
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
179
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
355
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
287
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
270
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
195
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
307
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
182
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
255
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
427
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
235
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
262
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2454
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
317
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
484
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































