ДАРГУЗАШТИ ҚУРЪОНПАЖӮҲЕ, КИ КОФАР ЭЪЛОМ ШУДА БУД
Дунёи ислом қуръонпажӯҳеро аз даст дод, ки рӯзгоре "муртад" хонда ва ҳамсараш ба ӯ "ҳаром" эълом шуд. Моҷарои ҷанҷолии Наср Ҳомид Абӯзайд дар соли 1992 ва дар ҳангоми тақозои ӯ барои иртиқо аз симати донишёрӣ ба устодии шӯъбаи арабии донишгоҳи Қоҳира оғоз шуд.
Ӯ китобҳо ва мақолоти худро ба кумитаи арзишёбии донишгоҳ ироа кард, аммо чанд тан аз аъзои кумита дар ҷараёни баррасии осораш вайро муттаҳам ба "тавҳин ба ислом" карданд - иттиҳоме, ки на фақат мӯҷиби радди дархости ӯ шуд, балки пойи муддаъиёни дигареро ба миён кашид, ки бо истинод ба қироати худ аз шариъати исломӣ тавонистанд дар додгоҳи Миср ӯро "муртад" эълом кунанд. Кор ба инҷо хотима пайдо накард. Додгоҳ таҳти ин унвон, ки Ҳомид Абӯзайд "кофир" шудааст, издивоҷи ҳамсари мусулмонашро низ ботил эълом кард.
Аммо ин ҳама хашм алайҳи касе буд, ки гуфта мешуд дар ҳаштсолагӣ ҳофизи Қуръон буда ва дар дувоздаҳсолагӣ ба иттиҳоми иртибот бо "Ихвон-ал-муслимин" ба зиндон афтодааст. Ҳомид Абӯзайд таҳти таъсири ин алақаҳои динӣ буд, ки ба мутолеъоти исломӣ ва забоншиносӣ рӯй овард. Аммо ӯ батадриҷ бо фаро гирифтани назарияҳои иртибот ва забоншиносӣ назароти ҷадиде дар бораи фаҳму тафсири Қуръон ироа кард.
"Паёме аз биҳишт ба замин"
Абӯзайд Қуръонро каломе осмонӣ медонист, ки аз ҳамон лаҳзае ки бар забони паёмбар ҷорӣ шуд, ба китобе инсонӣ бадал гашт. Ӯ дар китоби худ "Мафҳум-ун-нас", ки ба форсӣ таҳти унвони "Маънои матн" мунташир шуда, менависад: "Қатъан ин паёме аз биҳишт ба замин аст, аммо паёме, ки ҷудо аз қавоъид ва воқеъиёт, сохтори фарогири ин воқеъиёт ва муҳиммтар аз ҳама, чаҳорчӯбҳои фарҳангӣ (-и ҷомеъа) нест."
Ба эътиқоди ӯ, худованд барои сухан бо бандагонаш бояд худро дар сатҳи онон "таназзул" диҳад ва бо истифода аз низоми фарҳангӣ ва луғавии мавҷуд бо онҳо сухан бигӯяд. Абӯзайд бо таъсир аз Тушиҳику Изутсу, исломшиноси шаҳири жопунӣ, ба баррасии ҳанҷорҳо ва ибороти Қуръон пардохт ва ин назарияро матраҳ кард, ки худованд ба забоне сухан гуфт, ки воҷиди фарҳанг ва воқеъиёти хос ва таърихии аъроб буд.
Ин фарҳангу таърихро набояд бо усораи паёми илоҳӣ иштибоҳ гирифт. Балки бо баҳрагирӣ аз назария ва равишҳои забоншинохтӣ мебоист варои маъонии таърих рафт, то битавон паёми паёмдиҳандаро дарк кард. Ӯ бо таъсирпазирӣ аз таъвил ва ҳерменевтики файласуфоне чун Ҳонс Геург Годомер робитаи хос ва мунҳасир ба фарде бо Қуръон қоил буд, ки дар аъсор ва фазоҳои фарҳангӣ ва иҷтимоъии гуногун мутафовит аст. Ҳеҷ дарк ва тафсири қатъӣ, ниҳоӣ ва ягонае аз китоби муқаддас вуҷуд надорад.
Ба заъми Абӯзайд, касоне, ки бо нисбӣ будани ин қироъатҳо мухолифанд, бо нафйи ақлонияти башарӣ амалан паёми аслии Қуръонро нафй (инкор) мекунанд. Вай дар китоби "Мафҳум-ун-нас" менависад Абдуллоҳ бинни Аббос, яке аз саҳобаи паёмбар ва муфассирини машҳури Қуръон, тундар ва раъдро ба фариштае ташбеҳ кард, ки абрҳоро бо манҷаниқе ба ҳаракат дармеоварад.
Раҳоии Қуръон аз "зиндони ҳалол ва ҳаром"
Ба гуфтаи Абӯзайд, ҳамаи муслимин дар он замон медонистанд, ки мутуни муқаддас табйине аз падидаҳои физикӣ ва башарӣ ироа намедиҳад, балки ин бар уҳдаи ақли башарӣ аст, ки ба мутолеъа ва шинохти табиъат ва инсон бипардозад.
Вай меафзояд: "Чунин дарке (аз нақши ақлоният) аст, ки мушаххасан ҷузъи муҳиммтарин решаҳои дастовардҳои илмӣ ва фаннии донишмандони мусалмон ба ҳисоб меояд." Дастоварде, ки ба гуфтаи ӯ, масеҳиён гирифтанд ва бунёни Ренесонсро гузорданд.
Абӯзайд дар ташреҳи робитааш бо Қуръон гуфт беш аз салафиҳо, ки худро ба "ҳалолу ҳаром" дар матн маҳдуд кардаанд, ба ин китоб ишқ меварзад. Китобе, ки ҳунарҳои самъӣ (шунидорӣ) ва басарии (дидории) беназиреро халқ карда, ба гуфтаи ӯ, имрӯз "абзори" дасти сиёсатбозон шудааст.
Вай меафзояд: "Ҳеҷ кас аз Қуръон лаззат намебарад. Мо бо тиловати Қуръон ё дар ҳаросем ва ё дар орзӯи биҳишт. Мо Қуръонро ба матне табдил мекунем, ки ё ташвиқ мекунад ё иръоб (метарсонад). Ба ҳавиҷу чумоқ бадал мекунем. Ман мехоҳам Қуръонро аз ин зиндон раҳо кунам, то як бори дигар муваллиди фарҳанг ва ҳунаре шавад, ки дар ҷомеъаи мо хафа шудааст."
Абӯзайд бо тамоиз қоил шудан байни таъвил ва тафсир нишон дод чи гуна насли аввали мутакаллимини исломӣ, ҳамчун муътазила, бо баҳрагирӣ аз ақл ба фаҳми Қуръон ҳиммат гумориданд. Аммо дар қуруни баъдӣ, ки нақл ҷойи ақлро гирифт, ва тафсир ҷойи таъвилро, ашоъара (яъне ашъариҳо ё пайравони Абулҳасани Ашъарӣ, ки қарнҳои 9 ва 10 милодӣ зиндагӣ кардааст) нақши истидлоли ақлонӣ дар фаҳми Қуръонро инкор карданд ва таъвилро номуҷоз (нораво) шумурданд.
Онҳо мӯътақид буданд, ки агар бар авсофи Худованд вожаҳое ҳамчун басир, раҳим ва ғайра ба кор меравад, наметавон аз ҳадди маънои лафзии онҳо убур кард. Ашоъара ҳатто дар мавриди биҳишт ва ҷаҳаннам ҳам ба ҳамон суратҳои омада дар Қуръон иктифо карданд ва фаротар рафтан аз онҳоро ҷоиз нашумурданд ва ба ин тартиб роҳро бар як нигариши фалсафӣ ва ақлонӣ ба дин бастанд.
Абӯзайд дар яке аз муҳиммтарин китобҳои худ ба номи "Ал-итҷоҳ-ал-ақли-фи-л-тафсир" ба дифоъ аз ин шеваи мӯътазила пардохт ва ҷиҳатгирии ақлӣ нисбат ба Қуръон, яъне истифода аз донишҳои башарӣ дар фаҳми Қуръонро на фақат ҷоиз, балки зарурӣ шумурд."
Ӯ ки ба суннати мӯътазила дар Эрон алоқаманд буд, дар миёни мутафаккирони эронӣ низ ҷойгоҳ ва нуфузи вижае дошт. Илова бар "Маънои матн" китобҳои дигари ӯ ҳамчун "Нақди гуфтмони динӣ" ва "Чунин гуфт Ибни Арабӣ" ба форсӣ тарҷума шудаанд. Додгоҳи таҷдиди назари Миср саранҷом ҳукми иртидоди ӯро пас гирифт, аммо Абӯзайд аз тарси ифротиюн ба Ҳуланд рафт ва дар донишгоҳи Лейден ба тадрис пардохт.
Ӯ рӯзи душанбе дар синни 67-солагӣ дар бемористоне дар Миср даргузашт. Ҷасади ӯ қарор аст дар зодгоҳаш шаҳри Танто ба хок супурда шавад. Абӯзайд дар соли 2000 дар мусоҳибае гуфт: "Мехоҳам ба уммати мусалмон бигӯям, ки ман мусалмон ба дунё омада, мусалмон бузург шуда ва мусалмон зиндагӣ кардаам ва иншоаллоҳ мусалмон ҳам аз дунё хоҳам рафт."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2623-2010-07-06-18-14-46.html
-
20.10.2026 15:45
223
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
324
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
833
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
179
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
355
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
287
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
271
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
195
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
309
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
182
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
255
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
427
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
235
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
262
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2454
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
317
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
484
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































