21:42:46 22-уми Августи 2025 сол

Назарбоев ва Порошенко иҷрои созишҳои Минскро баҳс мекунанд

Дар дидори раиси ҷумҳурии Украина Петр Порошенко бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мавзуи густариши боркашонӣ аз Осиё ба Аврупо ба воситаи қаламравҳои Қазоқистон ва Украина дар чаҳорчӯбаи тарҳи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» аз Чин то Аврупои Ғарбӣ баррасӣ шуданд.

nazarbaev-poroshenko-985445.jpgИнтизор меравад, ки имрӯз дар Остона гуфтушуниди Порошенко бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев баргузор шавад. Масоили равобити дуҷониба ва иҷрои созишҳои Минск аз мавзӯъи меҳварии ин дидор шумурда шудаанд.

Порошенко бо сафари дурӯза вориди Қазоқистон шуда, гуфта мешавад, ки ҳавопаймои вай ба хатсайре парвоз кард, ки аз ҳарими ҳавоии Русия нагузарад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ