13:25:06 01-уми Июни 2025 сол

Ҳалокати пиёдагард ва велосипедрон бар асари садама

Ронандаи мошини тамғаи Опел-Астра, сокини 29-солаи ноҳияи Ҳисор рӯзи 27 сентябр ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Шарора ба самти маркази ноҳияи Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Ниёгони ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди 18-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона фавтидааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи трактори тамғаи Т-40, сокини 49-солаи ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди деҳаи Нурбахши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони 13-сола, сокини деҳаи номбурдаро зер намудааст.

Дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти ВКД хабар доданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854