13:37:15 01-уми Июни 2025 сол

Сокини ноҳияи Фархор бо ҳашиш дастгир шуд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 25 сентябри соли равон сокини 35-солаи ноҳияи Фархор бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид.

Кормандони фаврӣ дар вақти кофтукови борхалтаи гумонбаршуда аз дохили он маводи қаҳваранги бӯйи ғализдоштаро дарёфт ва мусодира намуданд. Ташхиси ин мавод нишон дод, ки он ба маводи нашъадори навъи ҳашиш мансуб буда, вазни он 498 граммро ташкил дод.

Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ доданд, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

АМИТ «Ховар»

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854