10:51:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

Боздошти 3 тан барои пинҳон кардани аслиҳаи узви гурӯҳи Назарзода


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бо ҷурми пинҳон кардани силоҳҳои як узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт кардаанд.

yaroq-58745.jpgСе сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҷурми пинҳон кардани силоҳҳои як узви гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, боздошт шудаанд.

Тавре аз дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, “бародарон Ҳасан ва МаҳмадсолеҳҲасановҳо аз дасти ҳамсояашон Муҳиддин Ҷамилов ду туфангча бо тирдон ва 20 дона тиррро дар манзили зисташон пас аз ҳодисаи 4-уми сентябр пинҳон кардаанд”.

Муҳиддин Ҷамилов зимни бозпурсӣ иқрор кардааст, ки як узви гурӯҳи Назарзода ҳангоми фирор ин ду туфангчаро бо тирҳо ба ӯ дода, худ фирор кардааст. Аммо ӯ ин тапончаро барои пинҳон кардан ба писарони ҳамсоя додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, ки дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ айбдор дониста мешавад, дар ҷустуҷӯқарор дорад, аммо нисбат ба се сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои пинҳон кардани силоҳи оташфишон парванди ҷиноӣ боз шудааст. Тибқи иттилои расмӣҳоло даҳҳо тан аз аъзоёни гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "ҲоҷӣҲалим" ҷустуҷӯ мешаванд.

Худи ҲоҷӣҲалим дар пайи як амалиёти 12-рӯза, дар таърихи 16-уми сентябр кушта шуд. Дар пайи ин амалиёт беш аз 150 нафар ҷонибдорони ӯ боздошт шуданд ва ба гуфтаи мақомот, беш аз сад тарафдори ӯ, ки бо худ баъзе силоҳ низ доранд, мавриди ҷустуҷӯқарор доранд.

Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ бо шумули Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта шуданд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi