13:20:00 01-уми Июни 2025 сол

Кӯкнор-2015 зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли бангро нобуд кард

Дар доираи амалиёти Кӯкнор-2015 дар вилояти Суғд зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй нобуд карда шуд.

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи марҳилаи дуюми амалиёти Кӯкнор-2015 дар канори роҳи ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б. Ғафуров 11 ҳазору 543 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.

Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854