03:00:16 06-уми Июни 2025 сол

ВКД: Идомаи узвият дар ҲНИТ ҷавобгарӣ дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз оқибати идомаи узвият дар ҲНИТ ҳушдор дода, аз аъзои ин ҳизби мухолиф хостааст, кортҳои узвияти ҳизбияшонро ба мақомот бисупоранд.

bozdoshtshudaho-874212.jpgВазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 октябр бо нашри як шарҳ дар сомонаи расмиаш аз ҳамаи аъзои ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки фаъолияташ бо қарори Додгоҳи олӣ аз 29 сентябр манъ шудааст, даъват кард, то ҳуҷҷатҳои узвияти худро ба мақомот бисупоранд.

Дар ин шарҳ, ки бо номи "Посух ба саволи шаҳрвандон" нашр шудааст, гуфта мешавад, мақомоти корҳои дохилӣ ба ин мазмун ки оё баъди (ташкилоти ифротгарою (экстремистӣ)-террористӣ" эътироф шудани ҲНИТ аъзоёни ин ҳизб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?, суоли зиёд мегирад. Дар посух ба ин суол дар ин шарҳ гуфта мешавад, ки "шахсоне ки ихтиёран аз аъзогии ин ҳизб баромадаанд ва баъди манъ доштани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд."

Аммо онҳое, ки бо вуҷуди ҳукми Додгоҳи олӣ дар сафи ҲНИТ мемонанд ваё тоза ба он мепайванданд, бино бар ин шарҳ, "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешаванд."

Дар поёни шарҳ  ба аъзои ҲНИТ як машварат ҳам дода шудааст: "Шахсоне, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ин  ҳизбро доранд, метавонанд ин ҳуҷҷатҳоро ба сохторҳои  вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ оварда бо пешниҳоди ариза супоранд."

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854