16:47:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Даргузашти ду ҳоҷии тоҷик дар рӯзҳои охирини Ҳаҷ

Кумитаи дин ва риояи маросимҳои ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар ҷараёни адои маросими Ҳаҷ ду зоир аз Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ вафот кардаанд. Бино ба гузориши ин ниҳод, ки масъулияти таҳияи сафари зоирони тоҷик ба Маккаву Мадинаро бар ӯҳда дорад,  ин ду зоир дар рӯзҳои охири маросими Ҳаҷ аз олам рафтаанд.

hojiyon-tj-5565665Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 28 сентябр ба мо гуфт, Тоҷиева Гулсараи 66-сола аз Турсунзода ва Соҷида Нороваи 51-сола аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳарду дар рӯзҳои ахири адои маносики Ҳаҷ аз бемории қалб даргузаштаанд.

Маросими Ҳаҷҷи имсола ҳамроҳ бо ду фоҷиаи бузург – ҳалокати 111 зоир бар асари афтодани кран ба рӯи издиҳоми зоирон дар назди масҷиди Ҳарамайни Шарифайн ва ҳалокати 770 зоир бар асари талотуми издиҳом дар водии Мино – гузашт. Вале Кумитаи дин мегӯяд, хушбахтона дар ин ду фоҷиа ягон нафар аз зоирони тоҷик осеб надиданд. Имсол аз Тоҷикистон тақрибан 6300 нафар адои Ҳаҷ карданд. Ҷамъи зоироне, ки аз саросари дунё барои адои Ҳаҷ ба Маккаву Мадина сафар карданд, ҳудуди 2 миллион нафар гуфта мешавад.

Бо ин ҳол, аз 28 сентябр бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ шурӯъ мешавад. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, ки феълан дар Арабистони Саудӣқарор дорад, ба мо гуфт, раванди бозгашти ҳоҷиёни тоҷик то 14 октябр давом хоҳад кард: "Ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, дар навбати аввал аз тариқи фурӯдгоши Ҷидда ба Ватан фиристода мешаванд. Аммо зоироне, ки ба самти Ҷидда парвоз анҷом дода буданд, аз 8 то 10 рӯзи дигар аз Мадинаи мунаввара боздид намуда, баъдан ба Ватан бармегарданд."

Сафари Ҳаҷ ба ҳар мусалмон дар зиндагиаш ҳадди ақал як бор фарз шудааст. Тоҷикистон ба далели афзоиши шумори хоҳишмандони сафари Ҳаҷ чанд сол боз талош дорад, то квотаи ин кишварро ба дастикам 8 000 нафар дар сол бирасонад. Вале мақомоти Арабистони Саудӣ ба далели зарурати анҷоми корҳои бозсозӣ дар Маккаву Мадина, аз ҷумла бозсозии атрофи масҷиди Ҳарамайни Шарифайн, аз боло бурдани квотаи кишварҳо, бо шумули Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Кумитаи дин нархи имсолаи сафар ба Маккаву Мадина ба хотири анҷоми маносики Ҳаҷро барои зоирони тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар карда буд, ки назар ба нархи як сол қабли он 4711 сомонӣ зиёдтар буд. Аммо масъулони Кумитаи дин гуфтанд, ки сабаби чунин болоравии нархи сафар аз як тараф, боло рафтани қурби доллар дар муқобили сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон аст ва аз тарафи дигар, афзоиши хидматрасониҳо ба ҳоҷиёни оянда дар Арабистони Саудӣ.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi