07:57:32 25-уми Августи 2025 сол
Ҳамоиши муколамаи забон ва фарҳанг дар Душанбе 01.10.2013 15:19 857
3-4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳомоиши "Муколамаи забон ва фарҳанги ИДМ ва СҲШ дар асри XXI" баргузор мешавад. Ҳамчуноне намояндаи хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ ба "Рӯзгор" гуфт, ҳамоиши мазкур аз ҷониби Донишгоҳи давлатии лингвистӣ гузаронида мешавад ва макони баргузории он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт... 01.10.2013 15:18 802
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми ҳамлаварон ба манзили Муродалӣ Алимардонро баъди 8 соли рӯйдод содир кард. Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ҳар кадом 24 солӣ аз озлдӣ маҳрум гардиданд. Иштирокчи дигар ин ҳамла Умед Насриддинов бошад 2 сол ҳукм гирифтааст.
Омилони ҳамла ба манзили Алимардонов маҳкум мешаванд 25.09.2013 11:14 925
Додгоҳи олии Тоҷикистон фардо, 26 сентябр, ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон, ҳоло муовини сарвазир ва собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005-ро эълон хоҳад кард. Як манбаъ дар ин ниҳод ба мо гуфт, мақомоти тафтишотӣ афроди ғоратгарро танҳо шурӯъи соли равон боздошт ...
«Хуни сабз»-и Эмом Алӣ дар рагҳои андешаи шеърдӯстони рус равон шуд 25.09.2013 09:13 938
«Зеленая кровь» («Хуни сабз») чунин ном дорад маҷмӯаи нави шеърҳои шоир Эмом Алӣ (Эмомалӣ Мирзоев), ки моҳи гузашта дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия бо охирсухани Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ Мӯъмин Қаноат ба чоп расид. Шеърҳоро Светлана Чураева, тарҷумони ....
Даъвати Бобоназарова аз президент Раҳмон 23.09.2013 17:22 923
Номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди интихобот таъмин кунад. Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди ...
Коммунистҳо Исмоил Талбаковро номзад интихоб карданд 23.09.2013 17:19 836
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо баргузории анҷмуман, Исмоил Талбаков, муовини раиси ин ҳизбро номзад ба интихоботи прездентии 6 ноябр муаррифӣ кард. Хабарнигори мо, ки дар ин анҷуман иштирок дошт, гуфт, ки Исмоил Талбаков, аз ҷониби Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб пешниҳод шуд ва аз ҷониби кулли аъзоёни ҳизб пазируфта шуд.
Дар ҳамлаи "Ал-Шубоб" ба Найробӣ хориҷиҳо кушта шуданд 22.09.2013 16:05 817
Дар маркази тиҷоратии шаҳри Найробӣ то ҳанӯз садои тирандозӣ ба гӯш мерасад. Хабаргузории АП аз пойтахти кишвари африқоии Кения иттилоъ дод, ки гурӯҳи “Ал-Шубоб”-и Сомалӣ дар бинои марказии тиҷоратии "Уэстгейт" чандин нафарро гаравгон гирифтааст. Амалиёти вижа алайҳи ҳамлагарон аз рӯзи шанбе...
Парвози аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Саъудӣ 21.09.2013 11:24 884
Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик субҳи имрӯз 21-уми сентябр ба Ҳаҷ сафар карданд. Бахтиёр Баҳромов, як масъули ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо тасдиқи ин хабар рӯзи 21-уми сентябр ба мо гуфт, ки дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ - 2013» аз имрӯз 21-уми сентябр интиқоли зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурўъ шуд.
Бадахшон Раҳмонро ба анҷумани ҲХДТ вакил интихоб кард 21.09.2013 11:17 855
Бахши вилоятии ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Бадахшон Эмомалӣ Раҳмонро вакил ба анҷумани навбатии ин ҳизб пешбарӣ кард.Қарор аст, анҷумани ҳизб дар авоили моҳи октябр дар Душанбе баргузор шавад. Мудири шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи иҷроияи ҲХДТ ...
Олим Бобоев вориди феҳристи номзадони президентӣ шуд 21.09.2013 11:14 963
Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро номзад ба мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Дар ин анҷуман, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, оқои Бобоев бидуни рақиб ва бо аксари орои вукалои анҷуман ба унвони...
Монеаҳои ҷамъоварии имзо барои номзадии Бобоназароваро КМИР рад кард 19.09.2013 12:16 850
Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон даъвои Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназароваро беасос хонд. Дирӯз 18-уми сентябр Ситоди интихоботии номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) зимни як баёния шадидан изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар маъракаи ҷамъоварии имзо ...
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ширкати "Газпром"-и Русия 18.09.2013 11:56 862
Ин лаҳзаҳо дар Кохи Миллат дидору гуфтугӯи Алексей Миллер, раиси ширкати "Газпром" бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷиукистон оғоз шудааст. Ҷаноби Миллер, ки субҳи рӯзи 18-уми сентябр вориди Тоҷикистон шуд, муддати ду рӯз дар инҷо хоҳад монд ва масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон...
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 17.09.2013 11:54 811
Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои чорошёнае мавриди истифода қарор дода шудааст, ки қарор аст дар он омӯзгорон зиндагонӣ кунанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат бинои мазкур аз хонаҳои се, ду ва якҳуҷраӣ иборат буда, бо 6 миллион сомонӣ дар заминаи як бинои нимасохт ....
Пайкараи Спитамен дар ноҳияи ҳамномаш пардакушоӣ шуд 17.09.2013 11:51 888
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик ва яке аз абармардони майдони пайкор Спитаменро пардакушоӣ кард.Сарвари давлати Тоҷикистон зимни як суханронӣ, ки чанд лаҳза баъди пардабардорӣ аз пайкара эрод намуд, Спитаменро "намунаи диловариву қаҳрамонӣ ва мардонагиву ватандӯстӣ" номид.
Рассоми тоҷик дар фестивали байналмилалии Алҷазоир ширкат мекунад 17.09.2013 11:48 901
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тайид кард, ки рассоми тоҷик Олим Камолов дар фестивали Байналмилалии "Минетур ва акс", ки қарор аст аз 28 сентябр то 5 октябр дар шаҳри қадимаи Тлемсени Алҷазоир баргузор шавад, бо пешниҳоди чор асари худ иштирок мекунад.Манбаъ ба "Рӯзгор" гуфт, ки асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавсия ....