22:45:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 26 27 28 29 30

Монеаҳои ҷамъоварии имзо барои номзадии Бобоназароваро КМИР рад кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон даъвои Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназароваро беасос хонд. Дирӯз 18-уми сентябр Ситоди интихоботии номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) зимни як баёния шадидан изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар маъракаи ҷамъоварии имзо барои номзад ба мақоми президентӣ Ойниҳол Бобоназарова монеа эҷод мекунанд. Раисони бархе навоҳӣ аз масъулини ИНИТ талаб карда буданд, ки баробари имзоҳо мактуб низ оранд.

o.bobonazarova-85963Аммо Абдураҳмон Додоев, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) мегӯяд, масъулини ИНИТ қарори КМИР аз 31 августро сарфи назар кардаанд. Вай афзуд, дар ин қарор омадааст, ки вақте намояндагони аҳзоб назди раисони навоҳӣ мераванд, ҳатман мактуби раиси Гурӯҳи ташаббускорро бо худ дошта бошанд.

Вай афзуд, Гурӯҳи ташаббускорро худи ситодҳои номзадҳо дар ҳамаи вилоятҳо муайян мекунанд ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки тариқи мактуб ҳар нафари мавриди назарашонро ба маъракаи интихоботӣ сафарбар кунанд. Аммо раиси дастгоҳи КМИР мегӯяд, намояндагони ИНИТ ҳамон мактубро дар даст надоштаанд ва аз ин хотир, ба мушкил дучор омадаанд.

ИНИТ ҳанӯз 17 сентябр, рӯзе, ки Анҷуман ҲНИТ баргузор шуд ва Ойниҳол Бобоназароваро номзад интихоб кард, аз КМИР варақаи иҷоза барои ҷамъоварии 210 ҳазор имзоро, ки Қонуни интихоботи президентӣ талаб мекунад, ба даст оварда буд. Ситоди ИНИТ хабар дода буд, ки дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Турсунзода ва Хуросон намояндагони онҳо бо чунин мушкил дучор омада буданд.

Ситоди интихоботии номзади ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Душанбе воқеъ буда, раисии онро Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ба зимма дорад. Муовини ахирӣ Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» аст. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои номзадҳои худ бояд то 7-уми октябр 210 ҳазор имзо ҷамъ оранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi