20:25:06 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Парвози аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Саъудӣ

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик субҳи имрӯз 21-уми сентябр ба Ҳаҷ сафар карданд. Бахтиёр Баҳромов, як масъули ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо тасдиқи ин хабар рӯзи 21-уми сентябр ба мо гуфт, ки дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ - 2013» аз имрӯз 21-уми сентябр интиқоли зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурўъ шуд.

ziyorati-kaaba-458798Манбаъ афзуд парвозҳо аз шаҳри Душанбе самти Арабистони Саудӣ тавассути ширкати ТоҷикЭйр бо ҳавопаймои Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гурўҳи зоирин - 210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Мадина интиқол дода шуд. Ҷаноби Баҳромов афзуд, бегоҳи имрӯз боз як парвози дигар ба ин самт дар назар дошта шудааст.

Имсол зоирони тоҷикро ду ширкати ҳавопаймоӣ - «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» бар ӯҳда доранд. Аз ширкати «Тоҷик Эйр» гуфтанд, ки тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбря то 1-уми октябр, бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зоиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни тоҷикистониро ба ватан бармегардонад.

«Дар маҷмўъ «Тоҷик Эйр» 2730 нафарро барои иҷрои Ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмўи умумии зоирини тоҷикистониро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад.», гуфт як масъули дафтари матбуоти ин ширкат.

Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯянд, ки Арабистони Саъудӣ тақозои ин кишвар барои бештар кардани шумораи зоирони тоҷикро беҷавоб монд. Мавлон Мухторов, муовини раиси ин кумита дар як сӯҳбаташ бо мо гуфт, ки "муаттасифона Арабистони Саъудӣ 20 дар сади боқимондаи ҷойҳо барои зоирони тоҷикро надод ва ба ин тартиб 6 ҳазор зоир ин танҳо 80 дар сади тақозои ҷониби Тоҷикистон аст ба Ҳаҷ мераванд."

Ба гуфти масъулони ин кумита то кунун мақомоти Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон аз рӯи 6 миллион аҳолӣҷой барои сафари ҳаҷҷудо мекарданд, дар ҳоле ки аҳолии кишвар ҳозир ба 8 миллион нафар расида аст. Бинобар ин Тоҷикистон аз Арабистони Саъудӣ имсол ҷойи бештар барои зоирин тақозо кардааст.

Бояд гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қаблан ба шоҳи Арабистони Саъудӣ барои бештар ҷудо кардани ҷой ба зоирини тоҷик ҷиҳати сафари ҳаҷ нома навишта буд. Аммо ба гуфтаи масъулон дар ниҳоят тақозои ҷониби Тоҷикистон барои фароҳам кардани 20 дар сади дигар барои зиёрати сокинони Тоҷикистон аз суи Арабистони Саъудӣ пазируфта нашуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi