22:08:26 14-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Олим Бобоев вориди феҳристи номзадони президентӣ шуд

Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро номзад ба мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Дар ин анҷуман, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, оқои Бобоев бидуни рақиб ва бо аксари орои вукалои анҷуман ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуд.

olim-boboev 25845Доктор Олим Бобоеви 61 -сола аз донишмандони саршиноси Тоҷикистон маҳсуб шуда ва дар солҳои 2010-2011 вазири нақлиёти ин кишвар буд. Дар авохири соли 2005 ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ, ки бархе аз соҳибназарони тоҷик онро "ҳизби кисагии ҳукумат" хондаанд, таъсис шуда ва Олим Бобоев раиси ин ҳизб интихоб гардид.

Зимнан, оқои Бобоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон (79,3 дарсад) бештари ороро (6,2 дасад) ба даст оварда буд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва ҳудуди 20 ҳазор нафар узв дорад.

Олим Бобоев чорумин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби аҳзоби сиёсии кишвар пешниҳод шуданд. Қаблан Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон - Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, Ҳизби сусиёлист - Адбуҳалим Ғаффоров, раҳбари ин ҳизб ва Ҳизби кишоварзӣ - Толиб Бухориев, муъовини раиси Фарҳангистони улуми кишоварзиро ба ҳайи номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буданд.

Интизор меравад, фардо 21 сентябр, дар Анҷумани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор шуда ва дар он раиси ҷумҳурии ҷадид ба муддати 7 соли оянда интихоб хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi