Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Аз таъйин шудани худ ба вазифа хабар надорам"
05.09.2013 10:17
707
Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини мухолифиони давлати Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи таъйин шуданаш ба мақоме дар Вазорати дифоъи кишвар иттилоъ надорад. Оқои Аҳмадов, ки рӯзи чоршанбеи 4 сентябр, бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Ба ман хабар надоданд.
Имрӯз Душанбе соҳиби боз як дармонгоҳи замонавӣ мешавад
04.09.2013 10:32
749
Ҳамин лаҳзаҳо дар маҳаллаи Зарафшони пойтахти кишвар қарор аст маросими ифтитоҳи Маркази саломатии шаҳрии рақами 14 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.Аз оғози сохтмони бинои замонавии дармонгоҳ ҳудудан ду сол сипарӣ мешавад ва ҳоло баъди анҷом як сохтмони назаррабо, ки ба ҳусни маҳал ҳусни тоза зам кардааст, пеши назарҳо ....
Ширкати қориёни Қуръон аз 36 кишвар дар озмуни байналмилалии Маскав
03.09.2013 13:34
802
Шӯрои муфтиёти Федератсияи Русия эълон кард, ки шаҳри Маскав мизбон ва пазирои қориёни Қуръони Маҷид аз 36 кишвари олам хоҳад буд. Қарор аст озмуни байналмилалии қориёни Қуръон 15 сентябри соли равон дар пойтахти давлати Русия доир гардад.
Кумитаи ҷавонон исми 16 ғолиби ҷоизаи Исмоили Сомониро эълон кард
03.09.2013 13:31
816
Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон мегӯяд ғолибони дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро муайян кардааст. Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 3-юми августи соли 1998 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис шуда, ҳар сол барои дастовардҳои илмӣ ба олимони ҷавон эъто мешавад.
Чопи очеркҳои илмии Носирҷон Маъсумӣ
03.09.2013 13:29
972
Нашриёти “Ирфон” асари забоншиноси шаҳир ва яке аз машҳуртарин олимони қарни ХХ-и тоҷик Носирҷон Маъсумиро таҳти унвони “Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик” бо сарсухани профессор Абдуғаффор Ҷӯраев ба теъдоди 1000 нусха интишор додааст.
Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат соҳиби Ҷоми ФФТ
03.09.2013 13:27
774
Рӯзи 31-уми август дар Варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ниҳоӣ барои гирифтани Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ва ССКА «Помир»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Навад дақиқаи бозӣ ғолибро натавонист муайян созад.
Дастаҳои ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ маълум шуданд
03.09.2013 13:26
693
Дастаҳои ширкаткунанди даври чорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян шуданд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае,ки гузашт
03.09.2013 13:23
813
Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ тасмим гирифт ба Тоҷикистон барои бунёд ва ободонии 15 мактаби нав бештар аз 24 миллион доллар қарз диҳад.
Қатли раиси кони ангишти "Назарайлоқ"
03.09.2013 10:05
1089
Раиси кони ангишти Назарайлоқ, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон аз сӯи афроди номаълум ба таври бераҳмона кушта шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 3 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки «ин ҳодиса шаби 1 – ум ба 2 – уми сентябр дар худи кони ....
Сартарош бо 54 зарбаи корд марди 50 соларо ба ҳалокат расондааст
02.09.2013 13:46
784
Мақомоти корҳои дохилӣ сокини 29 солаи шаҳри Кӯлобро бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ба иттилои вазорати умури дохилӣ Умед Тешаев дар дохили сартарошхонаи худ воқеъ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба бадани Абдурасул Алиеви 50 сола 54 маротиба бо корд мезанад. Дар натиҷа Абдурасул Алиев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Муҳаммад Мурсӣ муҳокима мешавад
02.09.2013 13:43
766
Оқои Мурсӣ аз моҳи июл, ки аз қудрат канор гузошта шуд, дар маконе номаълум зиндонӣ аст. Додситони давлати Миср гуфтааст парвандаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро барои муҳокима ба иттиҳоми таҳрик ба қатли муътаризон ирҷоъ кардааст.
Писари собиқ додситони кулл ба маҳбаси сукунатӣ гузаронида шуд
02.09.2013 10:33
877
Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати муасисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон 2-уми сентябр ба мо гуфт, Файзулло Бобохонов фарзанди додситони кулли пешин Бобоҷон Бобохонов тибқи таъиноти додгоҳи Синои пойтахт дар таърихи 29-уми август аз муасcисаи ислоҳии 3/7 ба муасисаи ислоҳии сукунатӣ...
Боздошти як муҳоҷири тоҷик аз дохили қатор дар Узбакистон
02.09.2013 10:27
726
Як муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Русия ба ватан бармегашт, аз дохили қатор дар қаламрави Узбакистон боздошт шудааст. Исми ин табаъаи тоҷик Илёсидин Амиров ва ӯ сокини деҳаи Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор аст, ки дар шаҳри Маскав кор мекард ва мусофири қатори Маскав-Душанбе буд.
Эмомалӣ Раҳмон хоҳони таҷдиди барномаҳои таълимӣ шуд
01.09.2013 16:13
773
Раисиҷумҳури Тоҷикистон хост, ҳарчӣ зудтар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ ба "талаботи имрӯза" мутобиқ гардонда шаванд.Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки якшанбеи 1-уми сентябр дар ҷашни Рӯзи дониш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ширкат кард ...
Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи дониш
01.09.2013 11:07
816
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониш дар ҷумҳурӣ иштирок намуд.