Рассоми тоҷик дар фестивали байналмилалии Алҷазоир ширкат мекунад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тайид кард, ки рассоми тоҷик Олим Камолов дар фестивали Байналмилалии "Минетур ва акс", ки қарор аст аз 28 сентябр то 5 октябр дар шаҳри қадимаи Тлемсени Алҷазоир баргузор шавад, бо пешниҳоди чор асари худ иштирок мекунад.
Манбаъ ба "Рӯзгор" гуфт, ки асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавсия шудаанд. Ба ин фестивал нусхаи асли асарҳо пешкаш мешаванд ва шарти муҳими он низ ҳамин аст. Рассоми тоҷик асарҳоеро пешкаши озмун кардааст, ки бо заҳмати зиёд рӯи кор омадаанд ва барои ҳар кадоми онҳо як ё ду сол заҳмат кашидааст.
Олим Каримов аз зумраи рассомони насли нав аст, ки баъди хатми омӯзишгоҳи бадеии ба номи Олимов соли 1979 ба омӯзиши осори рассоми соҳибқалами классики тоҷик Камолиддин Беҳзод машғул шудааст.
Дар соли 2010 Олим Камолов ба дарёфти унвони Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон мушарраф шуд. Вай ҳамчунин бунёдгузори Маркази "Мино" мебошад, ки ин шабу рӯз даҳҳо тан дар он касби рассомӣ дар он меомӯзанд.
"Рӯзгор"