06:25:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт...

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми ҳамлаварон ба манзили Муродалӣ Алимардонро баъди 8 соли рӯйдод содир кард. Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ҳар кадом 24 солӣ аз озлдӣ маҳрум гардиданд. Иштирокчи дигар ин ҳамла Умед Насриддинов бошад 2 сол ҳукм гирифтааст. Маврид ба ёдоварист, ки афроди ёдшуда шаби 29 ба 30 июни соли 2005 ба манзили Муродалӣ Алимардон воқеъ дар деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор ҳамла карда, 4 ҳазор долларро рабуданд ва посбони хонаро ба қатл расонда буданд.

***

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи коршиносони мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташаббуси АҚТ ба кори худ поён дод. Маҳмаднаим Маризоев-Ҷонишини сардори Ситоди Агентӣдар сӯҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки  мулоқоти  сеҷониба дар доираи амалисозии "Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар солҳои 2011-2014" баргузор шуд ва дар поёни он Протоколи муштарак ба имзо расид. Қарор аст мулоқоти сеюми сарварони идораҳои зиддимухаддиротии се кишвар моҳи октябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор шавад.

***

Дар вилояти Бадахшони Афғонистон миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷанговарони гурӯҳи Толибон, ки мехоҳанд назорати худро дар деҳаи Мунҷон барқарор созанд, идома дорад. Котиби матбуотии ВКД Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ ба хабаргузориҳо гуфт, ки аз бинои идораи пулиси минтақа кормандон оҷилона берун карда шуданд, то ба асорат ва ё муҳосира науфтанд. Баъди ин ҷангиёни Толибон биноро дар ихтиёри худ гирифтанд. Аммо як амалиёти махсус дар назар аст, ки гумон меравад дар кӯтоҳтарин фурсат бино дубора аз Толибон холӣ карда шавад.

***

Президентони Эрон ва ИМА Ҳасани Рӯҳонӣ ва Барак Обама бори аввал дар таърихи 34 соли охир мустақиман телефонӣ гуфтугӯ карданд. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Кохи Сафед ин муколама муддати 15 дақиқа идома доштааст ва ҷонибҳо бештар дар мавриди оғози гуфтушунид сари барномаҳои ҳастаии Эрон ва лағви зина ба зинаи таҳримҳои амрикоӣ нисбат ба Эронро мавриди сӯҳбат қарор додаанд.

***

Бар асари роҳандозии як амалиёти махсус ба пулиси Чин муяссар гардид, ки гурӯҳи ҷинояткореро аз байн барад, ки муддати дурудароз ба тиҷорати инсон машғул буд. Аз чанги ин гурӯҳ 92 тифле озод карда шуд, ки ҳоло қурбонии харидуфурӯш нашуда буданд. пулис аз боздошти ҳудудан 300 гумонбар иттилоъ дод.

***

Дар ноҳияи Шаҳритус падари 38-сола ба қатли тифли ширхораи худ гумонбар мешавад. Кормандони умури дохилии ноҳия мегӯянд шаҳрванд Маҳмадов Фахриддин Эргашевро боздошт кардаанд, ки дар хонаи хобаш ба писараш Фахриддинов Юсуфхон корд задааст ва бар асари ин амали ваҳшиёна тифле, ки ҳанӯз яксола нашудааст, ҷон додааст. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда аз бемории рӯҳӣ низ ранҷ мебурд, вале ҳоло бо далели тиббӣ ин иддио исбот нашудааст. Намояндаи дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон дар сӯҳбат бо "Рӯзгор" рӯйдоди мазкурро дар вилояти Хатлон бесобиқа номид.

***

Бар асари инфиҷори бомб дар шаҳри Пешовари Покистон бештар аз 40 нафар ҷони худро аз даст доданд. Пулиси минтақа аз харобшавии наздик ба 50 мағозаву дукон ва рехтани шишаҳои тирезаҳои хонаҳои истиқоматӣ ва фурушгоҳҳои атроф хабар дод. Ин сеюмин инфиҷори маргбор дар шаҳри Пешовари Покистон буда, рӯзи ҷумъа бар асари таркиш ҳаддиақал 16 нафар кушта шуда буданд. Сарвазири Покистон Навоз Шариф бо маҳкум намудани ин амали террористӣ ҳамзамон эълон кард, ки Толибони Покистон даст доштани худ ба онро рад кард.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi