Пайкараи Спитамен дар ноҳияи ҳамномаш пардакушоӣ шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик ва яке аз абармардони майдони пайкор Спитаменро пардакушоӣ кард. Сарвари давлати Тоҷикистон зимни як суханронӣ, ки чанд лаҳза баъди пардабардорӣ аз пайкара эрод намуд, Спитаменро "намунаи диловариву қаҳрамонӣ ва мардонагиву ватандӯстӣ" номид.
Вай аз корномаҳои Спитамен ёд кард ва афзуд: "Мақоми ӯ ба унвони лашкаркаши беҳамто миёни ҳамзамонон ба ҳадде нуфуз пайдо карда буд, ки ҳатто Искандари Мақдунӣ бо ҳамаи бузургӣ ва манзалати сиёсиву ҳарбии хеш дар симои ин қаҳрамони миллии мо рақиби тавоно ва лашкаркаши зираку қавиро эътироф намуда, афзалияти усули ҷангии ӯро дар миёни сарлашкарони юнонӣ борҳо ситоиш кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори умед кард, ки "майдони муҷассамаи ӯҷойгоҳи ҳамоиши дӯстон, макони таблиғи корномаҳои диловариву оини ватандорӣ ва садоқат ба Ватан хоҳад буд".
Бино ба гузориши дафдари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар Сардори давлат ҳамчунин дар ноҳияи Спитамен аз мактаб - интернатбарои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат, якчанд корхонаи истеҳсолӣ, аз дармонгоҳи хусусии ташхису табобат дар деҳаи Саидқӯрғони Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бо харҷи беш аз се миллион сомонӣ бунёд гардидааст, дидан кард ва як муассисаи нави тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
"Рӯзгор"