06:12:35 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Хуни сабз»-и Эмом Алӣ дар рагҳои андешаи шеърдӯстони рус равон шуд

«Зеленая кровь» («Хуни сабз») чунин ном дорад маҷмӯаи нави шеърҳои шоир Эмом Алӣ (Эмомалӣ Мирзоев), ки моҳи гузашта дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия  бо охирсухани Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ Мӯъмин Қаноат ба чоп расид. Шеърҳоро Светлана Чураева, тарҷумони шинохтаи рус тарҷума карда ба китоб сарсухани зебову пурмуҳтавое навиштаву дар он назари хешро ба ашъори ин шоири жарфандеш иброз доштааст.

emom-ali-khubi-sabz-454554Эмом Алӣ маълумоти иқтисодӣ дорад ва соҳибкор аст. Вале ба шеърнависӣ ҳанӯз аз солҳои ҳаштодум шуруъ кардааст. Нахустин китоби Эмом Алӣ таҳти унвони «Парвози дарё» соли 1997 ба чоп расидааст. Баъдан китобҳои дигари ӯ «Рақси дарахт» (1999), «Шаҳгули нур» (2010) дар Тоҷикистон ба чоп расиданд, ки аз сӯи алоқамандони шеъри ноб ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуданд. Китоби навбатии ӯ «Номаи борон» дар дасти чоп аст.

Чанде пештар «Рақси дарахт» ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардид. Як силсила ашъори ӯ ба забонҳои чиноӣ ва фаронсавӣ тарҷума гардида дар садади дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидан мебошанд. Иштирокчии чандин конференсияҳои адабӣ дар хориҷ аз кишвар (Чумҳурии Мардумии Чин ва Македония) аст.

Моҳи марти соли ҷорӣ шуъбаи Санкт Петербургии Иттифоқи Нависандагони Федератсияи Россия шаби эҷодии ӯро дар Хонаи Адибони ин шаҳри қадима бо ҳузури шоирону адибони маъруфи рус баргузор намуд. «Рӯзгор» талош меварзад, ки дар оянда дар бораи ин шоири навҷӯ ба хонандагони хеш маълумоти бештареро пешкаш намояд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi